Оид ба баланд бардоштани қулайӣ ва бехатарии ҳаракат дар роҳҳо дастурҳо дода шуданд

Сарвари давлат бо нақбе, ки дар чорроҳаи кӯчаҳои Бӯстонсарой ва Рудакии шаҳри Самарқанд сохта шудааст, шинос шуд.

Ин кӯчаҳо калонтарин ва серҳаракаттарин кӯчаҳои шаҳр ба ҳисоб мераванд. Дар натиҷаи сохтмони нақб қулайии ҳаракати нақлиёт афзуд, тирбандиҳо  барҳам дода шуданд. Дарозии нақб 120 метр ва бараш кариб 27 метр мебошад.

Дар қад-қади кӯчаи Рудакӣ барои мошину трамвай, пиёдагардон ва велосипедронҳо роҳҳо сохта шуданд. Гирду атроф обод карда шудааст.

Дар ин ҷо дар бораи нақшаҳои минбаъдаи беҳтар намудани инфрасохтори роҳи Самарқанд маълумот дода шуд.

– Солҳои охир Самарқанд ҳаматарафа ривоҷ меёбад. Вале барои фароҳам овардани қулайӣ ва бехатарии ҳаракати нақлиёт ҳанӯз корҳои зиёдро бояд ба анҷом расонд. Ва дар ин ҷо шумораи мошинҳо сол то сол меафзояд. Аммо роҳҳо, светофор қариб тағйир наёфтааст. Аз ин рӯ, ташкил кардани маркази махсуси илмию амалӣ ба мақсад мувофиқ аст, ки он бояд таҷрибаи хориҷиро омӯхта, татбиқ кунад, дар бораи куҷоро бояд  васеъ кард ва дар куҷо бояд роҳҳо сохт, светофори куҷоро аз байн бардошт ё онро ба куҷо насб кард пешниҳодҳо таҳия намояд, – гуфт Президент.

Шавкат Мирзиёев инчунин пули бо услуби галерея  қад-қади кӯчаи Бӯстонсаро дар наздикии нақб сохташударо аз назар гузаронд.

Қабл аз ин қитъаи кӯчае, ки аз болои канали Сиёб мегузарад, паст ҷойгир буд, ки ҳангоми боридани борон боиси нороҳатии ронандагону мусофирон мешуд. Аз ин ру, қитъаи мазкур ба 23 метр бардошта, то 31 метр васеъ карда шуд. Дар ду тарафи роҳ саддҳои муҳофизатӣ ва экранҳои акустикӣ насб карда шудаанд. Роҳҳои пиёдагард ва велосипедронӣ бунёд карда шуданд.

 

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: