Оид ба дастгирии хоҷагиҳои гармхона чораҳо муайян шуданд

  • Оид ба дастгирии хоҷагиҳои гармхона чораҳо муайян шуданд
  • Оид ба дастгирии хоҷагиҳои гармхона чораҳо муайян шуданд
  • Оид ба дастгирии хоҷагиҳои гармхона чораҳо муайян шуданд

Президент Шавкат Мирзиёев бо тақдимоти чораҳои иловагӣ оид ба дастгирии хоҷагиҳои гармхона шинос шуд.

Дар ин бора дар ҷамъомади видеоселекторӣ оид ба бехатарии озуқаворӣ, ки 5 сентябр баргузор гардид, супоришоти дахлдор дода шуд.  

Ҳоло дар мамлакати мо зиёда аз 3 ҳазор гармхона мавчуд аст. Майдони умумии онҳо зиёда аз 6,3 ҳазор гектарро ташкил медиҳад, ки аз онҳо 4,3 ҳазор гектар гармхонаҳо дар тӯли панҷ соли охир  ташкил карда шудааст. Маҳсулоте, ки дар онҳо парвариш карда мешавад, дар пур кардани бозори дохилӣ ва афзоиши содироти маводи ғизоӣ саҳми муҳим дорад.

Аммо вақтҳои охир маҳдудиятҳо дар бозорҳои хориҷӣ ва халалдор шудани иртиботи нақлиётиву логистикӣ ба ин соҳа таъсири манфӣ мерасонад. Аз ҷумла, агар дар бизнес-нақшаи аксари гармхонаҳо арзиши маҳсулот аз ҳисоби 600 доллар барои 1 тонна гузошта шуда бошад, пас дар соли 2020 ин рақам ба 900 доллар ва дар соли 2021 то 1200 доллар афзоиш ёфтааст. Дар баъзе хоҷагиҳои гармхона бинобар вом,  андоз, гази табиӣ ва барқ ​​қарздорӣ пайдо шудааст.

Ба ин муносибат бо супориши Президент мушкилоти соҳа ва пешниҳодҳои соҳибкорон омӯхта шуд. Дар асоси онҳо механизми нави парвариши маҳсулот дар гармхонаҳо ва фурӯши он таҳия шуд.

Ҳамин тариқ, Агентии рушди боғдорӣ ва хоҷагиҳои гармхонаҳо ба гармхонаҳо тухмӣ, ниҳолҳо, нуриҳои минералӣ ва дигар захираҳои моддӣ расонда дода, маҳсулотро харидорӣ ва содир менамояд. Агентии муҳофизати растаниҳо дар бобати нигоҳубини киштзор хизмат мерасонад.

Дар баробари ҳамин хоҷагиҳо аз ҷиҳати моддӣ ҳавасманд гардонда мешаванд. Аз ҷумла, муҳлати қарзҳои аз ҷониби ташкилотҳои молиявии байналмилалӣ ва фондҳои мақсадноки давлатӣ барои бунёди гармхонаҳо ва анборҳои яхдондор ҷудошаванда аз 7 то 14 сол ва давраи имтиёзнок аз 3 то 5 сол дароз карда мешавад. Шартҳои пардохти қарз бо назардошти муҳлати ҷамъоварӣ ва фурухтани ҳосил тасдиқ карда мешаванд.

Бо мақсади ҳавасмандгардонии истеҳсоли маҳсулоти содиротӣ ҷудо намудани қарзи бонкӣ бо асъори хориҷӣ ба андозаи 4 фоизи солона пешбинӣ шудааст. Қарор дар бораи ба савдои музоядаи кушод гузоштани қитъаҳои яклухт барои бунёди гармхонаҳои намунаи замонавии саноатӣ ва марказҳои логистикӣ қабул шуд.

Сарвари давлат ин тадбирҳоро маъқул донист. Дар бораи бунёди маҷмӯъҳои савдо бо шароити нигоҳдорӣ, ба навъҳо ҷудо ва бастабандии меваю сабзавот, кашидани шабакаҳои обу барқ ​​ба гармхонаҳои нав супоришҳо дода шуд.

 

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: