Лоиҳаҳое, ки дар "Бюҷети ташаббуснок" ғолиб омада натавонистанд, маблағгузорӣ хоҳанд шуд. Президент Шавкат Мирзиёев дар ҷамъомаде, ки имрӯз баргузор гардид, ба шахсони масъул супоришоти дахлдор дод.
Дар мамлакати мо дар асоси дархосту таклифҳои бевоситаи худи аҳолӣ дар бобати беҳтар намудани инфрасохтори иҷтимоӣ кори мақсаднок бурда мешавад.
Дар доираи буҷаи ташаббускор дар се соли охир ба 9,5 ҳазор маҳалла 57 триллион сӯм ҷудо карда шуд. Аз ҳисоби ин маблағ дар 3,5 ҳазор маҳалла роҳҳои дохилӣ, боғчаҳои бачагона, мактабу беморхонаҳо таъмир карда шуда, дар 1,19 ҳазор маҳалла шабакаҳои оби нӯшокӣ ва канализатсия беҳтар карда, дар 452 маҳалла ободонии замонавӣ анҷом дода шуд.
Бо назардошти тамоюли «Баҳри шаъну шарафи инсон» соли ҷорӣ ҳаҷми маблағе, ба маҳаллаҳо ҷудо шудаанд, ба 25 триллион сӯм расид. Аз ҷумла, дар доираи «Бюҷети ташаббускор» 8 триллион сум пешбинӣ шудааст.
Мавсими якуми ин барнома навакак ба охир расид. Дар ҷамъомад аз натиҷаҳои он ва кори оянда ҳисобот дода шуд.
Дар мавсими аввал шаҳрвандон ба тарафдории 34 ҳазор пешниҳоди лоиҳавӣ оид ба беҳбуди роҳҳо, шабакаҳои обу барқ, мактабҳо, боғчаҳо ва беморхонаҳо овоз доданд. Тибқи натиҷаҳои овоздиҳӣ 1 666 лоиҳа ғолиб дониста шуданд.
Ҷолиби диққат аст, ки фаъолнокии аҳолӣ хеле афзуд. Масалан, агар дар соли 2021 дар овоздиҳӣ 1,2 миллион нафар ширкат карда бошанд, имсол шумораи ширкаткунандагон танҳо дар мавсими аввал аз 16 миллион нафар гузашт. Инчунин, бори нахуст тамоми маҳаллаҳои ҷумҳурӣ бо лоиҳаҳои худ дар барномаи «Буҷети ташаббус» ширкат варзиданд.
Сарвари давлатамон таъкид кард, ки дар баробари татбиқи босифати лоиҳаҳои ғолиб, бояд ба лоиҳаҳои мағлубшуда низ таваҷҷуҳ зоҳир кард.
— Масалан, ба тарафдории 1300 лоиҳа зиёда аз 2 ҳазор нафар овоз доданд, вале онҳо ғалаба карда натавонистанд. Маълум мешавад, ки масъалаҳои ба миёнгузоштаи бештар аз 4 миллион нафар ҳалношуда мемонанд. Бинобар ин мо бояд ин ташаббусҳои неки аҳолиро дастгирӣ кунем, — гуфт Президент.
Қарор дода шуд, ки барои лоиҳаҳое, ки камаш 2 ҳазор овоз гирифта, вале дар овоздиҳӣ ғолиб наомадаанд, ба таври иловагӣ 1 триллиону 300 миллиард сӯм ҷудо карда шавад.
Инчунин боз як ҷиҳати муҳимаш он аст, ки 34 000 лоиҳае, ки дар барномаи “Буҷети ташаббуснок” иштирок доштанд, барои ташаккули буҷети соли оянда заминаи тайёр мебошанд. Ҳамин тариқ, барои таъмири муассисаҳои тиббии маҳаллаҳо зиёда аз ҳазор пешниҳод, зиёда аз 5 ҳазор пешниҳод оид ба таъмини мактабҳо бо партаву компютерҳо расид.
Президент таъкид кард, ки ҳангоми таҳияи буҷети соли 2024 маблағгузории он лоиҳаҳое, ки дар Буҷети ташаббускор зиёда аз 1,5 ҳазор овоз гирифтаанд, ба назар гирифта шавад.