Дар шаҳри Тошканд Конфронси умумиҷаҳонӣ оид ба тарбия ва таълими кӯдакони хурдсол баргузор шуд.
15 ноябр дар ифтитоҳи конфронс Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев иштирок кард.
Конфронс ба густариши ҳамкориҳои байналмилалӣ дар муайян кардани сиёсат дар соҳаи таълими томактабӣ то соли 2030 нигаронда шудааст. Дар кори он директори генералии ЮНЕСКО Одри Азуле, вазирону намояндагони қариб 150 кишвар, шахсони расмии созмонҳои байналмилалӣ иштирок карданд.
Сарвари давлатамон дар оғози суханронии худ ба вазъи таълиму тарбияи хурдсолон дар ҷаҳон дахл намуда, қайд кард, ки миллионҳо кӯдакон ба таълими ибтидоӣ дастрасии маҳдуд доранд, мутахассисони соҳаро зарур аст, ки барои фарогирии он саъю кӯшишро муттаҳид намоянд. Таъкид гардид, ки самти афзалиятноки сиёсат дар Ӯзбекистон фароҳам овардани шароити мусоиди зиндагӣ барои аҳолии кишварамон дар асоси тамоюли «Шаъну шараф, ҳуқуқ ва манфиатҳои инсон арзиши олитарин» муайян шудааст.
– Ба ин муносибат мо, пеш аз ҳама, ба зоҳир намудани таваҷҷуҳу ғамхорӣ нисбати ҷавонону кӯдакон, тарбияи ҷисмонӣ ва маънавии онҳо аҳамияти хосса медиҳем.
Кӯдаконро аз хурдсолӣ ба воя расонда, барои таълими онҳо шароити мусоид фароҳам оварда, мо барои худтатбиқкунии ҳамаҷонибаи ҷавонон дар оянда заминаи мустаҳкам фароҳам меорем. Зеро, сармояҳои ба мақсадҳои мазкури наҷиб харҷ шуда, бешубҳа, фардо чанд баробар зиёд шуда бармегардад, – гуфт Шавкат Мирзиёев.
Ҳатто дар гузаштаи наздик дар мамлакати мо дараҷаи ба муассисаҳои таълими томактабӣ фаро гирифтани бачагон ҳамагӣ 27 фоизро ташкил медод. Амалан дар ҳамаи муассисаҳои таълими томактабӣ технологияҳои замонавӣ ва аёниятҳои таълимӣ мавҷуд набуданд, биноҳои онҳо ба таъмир эҳтиёҷ доштанд.
Аз ин рӯ, сарвари давлатамон ба ин зинаи низоми таълим таваҷҷуҳи хосса зоҳир намуда, сиёсати тарбияи авлоди баркамолро айнан аз хурдӣ муайян намуд. Мувофиқи фармони Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон аз 30 сентябри соли 2017 Вазорати таълими томактабӣ таъсис дода шуд. Дар бобати сохтмон ва таъмири боғчаҳои бачагона, ҷорӣ кардани шаклу усулҳои пешқадами таълим корҳои васеъмиқёс оғоз ёфтанд.
Барои иштироки фаъолонаи сектори хусусӣ дар ин раванд шароити мусоид фароҳам оварда шудааст. Ба ҳар як тарбиягирандаи кӯдакистонҳо аз ҳисоби буҷаи давлатӣ субсид дода мешавад. Дар нуқтаҳои аҳолинишини дурдаст ва душворгузар ҳазорҳо боғчаҳои бачагонаи оилавӣ ташкил карда шуданд.
Дар натиҷа дар тӯли солҳои охир миқдори боғчаҳои бачагона дар кишварамон 6 баробар афзуд. Шумораи мураббиён ва муаллимон 3 баробар афзуда, ба 160 ҳазор нафар расид. Ҳамин тариқ, аз 2 миллиону 800 ҳазор бачаҳо 2 миллионаш бо таълими томактабӣ фаро гирифта шудаанд.
Сарвари давлатамон инчунин ба масъалаи пай дар пайии наслҳо дар низоми таълим дахл кард. Қайд гардид, ки олимону мутафаккирони бузурге, ки дар мамлакати мо умр ба сар бурдаанд, дар рушди Эҳёи якум ва дуюми Шарқ ҳиссаи калон гузоштаанд.
– Мо масъалаи дар мамлакатамон бунёд намудани таҳкурсии Эҳёи сеюмро ҳамчун вазифаи стратегӣ ба миён гузошта, онро ба дараҷаи ғояи миллӣ мебардорем.
Низоми таълими томактабӣ, мактабӣ, олӣ ва миёнаи махсус, муассисаҳои илмӣ ва фарҳангӣ – чор зинаи ба ҳам алоқаманди Эҳёи оянда мебошанд. Мураббиёни кӯдакистон, муаллимони мактабҳо, профессорон ва омӯзгорон, зиёиёни илмию эҷодиро чор рукни муҳимтарини ташаккули давраи нави Эҳё мешуморем, – гуфт Президент.
Дар ин раванд Ӯзбекистон аз роҳи ҳамоҳангсозии таҷрибаи миллӣ ва дастовардҳои беҳтарини ҷаҳонӣ пеш меравад. Ин кор бо андешидани тамоми чораҳои зарурӣ идома дода мешавад, то ки дар соли 2025 80 фоизи кӯдакон бо таълими томактабӣ фаро гирифта шаванд.
Президенти Ӯзбекистон оид ба густариши ҳамкории байналмилалӣ дар соҳа ташаббусҳои муҳимро пеш гузошт. Аз ҷумла, пешниҳод карда шуд, ки конфронси мазкури байналмилалӣ мунтазам бо мақсади самарабахш ҳаллу фасл намудани мушкилоти таълими хушсифати кӯдакони хурдсол дар сатҳи ҷаҳонӣ, таҳияи роҳҳои ҳалли муштараки оперативӣ ва равишҳои системавӣ мунтазам баргузор карда шавад.
Ташаббус оиди дар Тошканд созмон додани Маркази минтақавии ЮНЕСКО ба мақсади ҳамоҳангсозии низомноки саъю кӯшиш дар соҳаи таълим мувофиқи Мақсадҳои СММ дар соҳаи рушди устувор пеш гузошта шуд.
Зарурати тартиб додани барномаи маҷмӯӣ барои татбиқи лоиҳаҳо ва тадқиқотҳо якҷоя бо Созмони байналмилалӣ оид ба таълими кӯдакони хурдсол барои омода намудани усулҳои нави таълим ва дастурҳои таълимӣ нишон дода шуд.
Пешниҳод шуд, ки Ҷамъияти байналмилалии мураббиён ба мақсади табодули таҷрибаи пешқадам, усулҳои замонавии интерактивии таълим, донишу малакаҳои амалӣ дар ин самт таъсис дода шавад.
Аҳамияти шомил кардани масъалаи тарбия ва таълими кӯдакони хурдсол ба сифати яке аз мавзӯъҳои асосии рӯзномаи умумии Нишасти ояндаи СММ дар соли 2024 таъкид шуд.
Конфронс дар шакли сессияҳои панелӣ идома ёфт. Бинобар ҷамъбасти конфронс декларатсияи Тошканд қабул карда хоҳад шуд.