Оид ба кор бо ҷавонон ва беҳбуди инфрасохтори варзишӣ дастурҳо дода шуданд

  • Оид ба кор бо ҷавонон ва беҳбуди инфрасохтори варзишӣ дастурҳо дода шуданд
  • Оид ба кор бо ҷавонон ва беҳбуди инфрасохтори варзишӣ дастурҳо дода шуданд
  • Оид ба кор бо ҷавонон ва беҳбуди инфрасохтори варзишӣ дастурҳо дода шуданд
  • Оид ба кор бо ҷавонон ва беҳбуди инфрасохтори варзишӣ дастурҳо дода шуданд
  • Оид ба кор бо ҷавонон ва беҳбуди инфрасохтори варзишӣ дастурҳо дода шуданд

Президент Шавкат Мирзиёев бо пешниҳодҳо оид ба сиёсати ҷавонон ва рушд варзиш шинос шуд.

Мувофиқи ислоҳоти маъмурӣ дар мамлакати мо Вазорати сиёсати ҷавонон ва варзиш созмон дода шуда буд. Дар рафти тақдимот барои ташкили самараноки идоракунии давлатӣ дар ин самтҳо ва рушди онҳо тадбирҳо муайян карда шуданд.

Тибқи низоми нав 4 вазифаи вазорат ва 2 вазифаи Агентии ҷавонон ба бахши хусусӣ мегузарад. Бо мақсади истифодаи самараноки маблағҳои буҷети давлатӣ низоми ягонаи электронии идоракунии «ERP Sport» ба кор андохта мешавад, ки 24 самти соҳаро дар бар мегирад.

Тибқи низоми нав, фестивалҳо, форумҳо, озмунҳо ва дигар чорабиниҳои фарҳангию маърифатӣ миёни ҷавонон дар асоси нақшаи ягонаи солонаи тақвимӣ гузаронида шуда, маълумот дар ин бора дар платформаи ягонаи электронии yoshlarportali.uz ҷойгир карда мешавад. Феҳристи хидмати иҷтимоиву иқтисодӣ, ки тавассути “дафтари ҷавонон” расонда мешавад, дар солҳои 2023-2024 васеъ гардонда хоҳанд шуд.

Фаъолияти 3 корхонаи воҳиди давлатии таркиби Вазорати сиёсати ҷавонон ва варзиш оптимизатсия шуда, вазифаҳои онҳо ба бахши хусусӣ вогузор карда мешаванд.

Бо мақсади истифодаи самараноки маблағҳои буҷети давлатӣ ба роҳ мондани системаи ягонаи электронии идоракунии «ERP Sport» пешбинӣ шудааст, ки 24 самти соҳаро фаро мегирад.

Инчунин, ба рақамисозии соҳа ва рушди сайёҳии варзишӣ эътибори калон дода мешавад. Аз ҷумла, аз соли оянда тартиби тасдиқи шахсият ва тахассуси варзишгароне, ки дар мусобиқаҳо бо истифода аз корти идентификатсионӣ ширкат мекунанд, ҷорӣ карда мешавад. Ба шахсоне, ки ба варзиш ҳомигӣ мекунанд, имкони ширкат дар мусобиқоти хориҷа дода мешавад. Барои ин дар байни онҳо лотерея гузаронда мешавад.

Бо мақсади ҳавасмандии минбаъдаи намояндагони соҳа стипендияи Вазорати сиёсати ҷавонон ва варзиш ҷорӣ карда мешавад. Он инчунин дастгирии ҳуқуқӣ ва тиббии варзишгаронро пешбинӣ мекунад.

Футбол дар мамлакати мо намуди маъмултарини варзиш аст. Бинобар ин дар маҷлис масъалаи инкишофи ин самт махсусан ба миён гузошта шуд. Пешниҳод шуд, ки дар асоси барномаи махсуси ФИФА лигаи "Футболи оммавӣ" дар боғчаву маҳаллаҳо, "Футбол дар мактабҳо" дар муассисаҳои таълими мактабӣ ва "Лигаи донишҷӯён" дар муассисаҳои таҳсилоти олӣ ҷорӣ карда шавад.

Бо мақсади таъмини муттасилӣ ва давомнокӣ дар интихоби футболбозони боистеъдод дар назди Ассотсиатсияи футболи Ӯзбекистон 14 мактаби футбол ва дар заминаи варзишгоҳи «Дӯстлик» Маркази дастаҳои мунтахаби ҷавонони тамоми синну сол ташкил карда мешавад. Фаъолияти Маркази тайёркунии мутахассисони футбол такмил дода, ба он мутахассисони Хорватия, Ҷопон ва дигар кишварҳо ҷалб карда мешаванд.

Барои рушди инфрасохтори соҳа Фонди дастгири футболи  Ўзбекистон ташкил карда мешавад. Роҳбарони ассотсиатсияҳои минтақавии футбол аз ҷониби Раиси Шӯрои Вазирони Ҷумҳурии Қароқалпоқистон, ҳокимони вилоятҳо ва шаҳри Тошканд таъин карда мешаванд.

Сарвари давлат ин пешниҳодҳоро дастгирӣ намуда, барои татбиқи босамари онҳо супоришҳо дод.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: