ОИД БА МИНБАЪД ТАКМИЛ ДОДАН ВА РУШДИ АРМИЯИ МИЛЛӢ ВАЗИФАҲОИ УСТУВОР МУАЙЯН ШУДАНД

Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон, Сарфармондеҳи Олии Қувваҳои Мусаллаҳ Шавкат Мирзиёев 10 январ, дар арафаи Рӯзи муҳофизони Ватан ба Академияи Қувваҳои Мусаллаҳ ташриф овард.

Роҳбари давлатамон ба ин ҷо моҳи январи соли 2017 омада, оид ба дар пойгоҳи Омӯзишгоҳи олии қумондонии умумқӯшунии Тошканд ташкил кардани муассисаи комилан нави таълимӣ супориш дода буд. Вақти зиёд нагузашта қарори дахлдори Президент қабул гардид ва омӯзишгоҳ ба Академияи Қувваҳои Мусаллаҳ, ки дар худ технологияҳои пешқадамтарин ва воситаҳои замонавии таълимро муҷассам гардондааст, табдил дода шуда буд. Моҳи январи соли 2018 Сарфармондеҳи Олӣ бо фаъолияти академияи нав шинос шуда буд.
Имрӯ дар академия шароит ва мазмуни ҷараёни таҳсил куллан тағйир ёфтааст. Дарсхонаҳо бо техникаи замонавии компутерӣ, таҷҳизоти таълимиву лабораторӣ муҷаҳҳаз гардонда шудааст. Маркази замонавии ситуатсионӣ, тренажерҳо ташкил карда шудааст.
Соли гузашта бинобар навсозии академия корҳо идома ёфта, объектҳои нав қад афрохтанд. Барои тайёрии таълимиву ҳарбии курсантҳо, бо варзиш шуғл варзидани онҳо имкониятҳои иловагӣ фароҳам оварда шуданд.
Дар назди академия Шӯрои илмиву методӣ таъсис дода шуд, ки ҷараёни таълиму илмро дар тамоми муассисаҳои таълими олӣ ва миёнаи махсуси ҳарбии мамлакатамон мутобиқ мегардонад.
Сарвари давлатамон бо натиҷаҳои кор оид ба такмил додани фаъолияти муассисаи таълимӣ ва объектҳои нави замонавии ба истифода супурдашудаи инфрасохтори таълимӣ шинос гардид.
Имкониятҳои маҷмӯи тренажерҳои динамикию компутерии намунаҳои асосии техникаи ҳарбӣ намоиш дода шуда, дар бораи ихтироъ ва коркардҳои инноватсионии курсантҳои академия маълумот дода шуд.
– Дар таълими ҳарбӣ чун дар тамоми дигар соҳаҳо мо бояд ҳамқадами замон ва ҳатто аз он як қадам пеш бошем. Курсанту шунавандагони мо бояд донишу малакаҳои пешқадами аз инноватсияҳо асосёфтаро азхуд намуда, оид ба соҳа аз навгониҳои ҷаҳон хабардор бошанд, ҳамеша дар болои худ кор кунанд, – таъкид намуд Шавкат Мирзиёев.
Президент курсантҳоро бо воқеаи муҳими ҳаёти мамлакат – 28-умин солгарди таъсиси Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Ӯзбекистон ва Рӯзи муҳофизони Ватан муборакбод намуд. Шавкат Мирзиёев бо шароитҳои биноҳои таълимӣ ва истиқоматӣ, инчунин иншоотҳои замонавии варзишӣ шинос шуд.
Худи ҳамон рӯз дар Академияи Қувваҳои Мусаллаҳ таҳти раёсати Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон, Сарфармондеҳи Олии Қувваҳои Мусаллаҳ ҷамъомади васеи Шӯрои бехатарӣ бахшида ба масъалаҳои рушди минбаъда ва ислоҳсозии армияи миллӣ ба амал омад.
Дар чорабинӣ аъзои Шӯрои бехатарӣ, таркиби роҳбарикунандаи Қувваҳои Мусаллаҳ, вазорату идораҳо, инчунин ба воситаи алоқаи видеоконфронс – сарони минтақаҳо, қумондонҳои округҳои ҳарбӣ ва қисмҳои ҳарбӣ, намояндагони созмонҳои ҷамъиятӣ иштирок карданд. Дар бораи кор оиди мустаҳкам намудани қобилияти мудофиавии мамлакатамон маълумот дода шуд.
Дар ҷамъомад натиҷаҳои корҳои васеъмиқёс оид ба рушди Қувваҳои Мусаллаҳ ҷамъбаст гардида, ба фаъолияти вазорату идораҳо, инчунин мақомоти ҳокимияти давлатӣ дар маҳалҳо бобати татбиқи вазифаҳои рушд ва ислоҳсозии армияи миллӣ баҳои танқидӣ дода шуд.
Президент таъкид намуд, ки дар асоси Стратегияи амалиёти рушди Ҷумҳурии Ӯзбекистон дар солҳои 2017-2021 баробари дигар соҳаҳои фаъолияти ҳаётии мамлакат дар соҳаи сохтмони давлатӣ дигаргунсозиҳои васеъмиқёс гузаронда шуданд, бо ин дар давраи ниҳоят кӯтоҳ ба натиҷаҳои дақиқ ва коркарди мушоҳидаи стратегии қиёфаи Қувваҳои Мусаллаҳамон муваффақ шуданд.
Алоҳида қайд гардид, ки дар шароити имрӯзаи зиддиятҳои фазои иттилоотӣ, пурзӯр гардидани мубориза барои шууру қалби хусусан авлоди ҷавон нақш ва ҷойгоҳи тарбияи ҳарбиву ватанпарварӣ торафт баланд мегардад.
Бинобар такмил додани низоми тарбияи ҳарбиву ватанпарварии аҳолӣ, дар навбати аввал ҷавонон, ба ҷараёни ислоҳоти дар мамлакат татбиқшаванда ҷалб намудан, ба рӯи об баровардани иқтидори зеҳнӣ ва эҷодии онҳо супоришоти иловагӣ дода шуданд.
– Армия аз ҷиҳати моддӣ метавонад бо тамоми воситаҳои замонавӣ ва зарурӣ таъмин бошад, аммо аз ҷиҳати ахлоқӣ заиф будан, набудани рӯҳи ҷанговарӣ, садоқат ва муҳаббат ба Ватан,  ҳисси масъулият барои тақдири он ё ки лоқайдӣ ба оқибатҳои ислоҳнопазир метавонад оварад, таъкид намуд роҳбари давлатамон. 
Ба ғайр аз ин, самтҳои муҳими дигари ислоҳсозӣ ва рушди Қувваҳои Мусаллаҳ баррасӣ гардиданд.
Бинобар натиҷаи ҷамъомад аз ҷониби Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон, Сарфармондеҳи Олии Қувваҳои Мусаллаҳ ба шахсони мансабдор бинобар ташкил кардани кор дар соҳаи таҳкими қобилияти мудофиавии мамлакат тавсияҳо дода, вазифаҳои дақиқ гузошта шуданд.

ӮзА.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: