Оид ба мустаҳкам намудани саломатии модару кӯдак вазифаҳои иловагӣ муайян карда шудаанд

  • Оид ба мустаҳкам намудани саломатии модару кӯдак вазифаҳои иловагӣ муайян карда шудаанд
  • Оид ба мустаҳкам намудани саломатии модару кӯдак вазифаҳои иловагӣ муайян карда шудаанд
  • Оид ба мустаҳкам намудани саломатии модару кӯдак вазифаҳои иловагӣ муайян карда шудаанд
  • Оид ба мустаҳкам намудани саломатии модару кӯдак вазифаҳои иловагӣ муайян карда шудаанд
  • Оид ба мустаҳкам намудани саломатии модару кӯдак вазифаҳои иловагӣ муайян карда шудаанд
  • Оид ба мустаҳкам намудани саломатии модару кӯдак вазифаҳои иловагӣ муайян карда шудаанд

Зимни боздиди Президент аз Маркази бачагонаи гематология, онкология ва иммунологияи клиникӣ ҷамъомади видеоселекторӣ оид ба масъалаҳои муҳофизати модар ва кӯдак баргузор гардид.

Дар мамлакатамон қариб 20 миллион бачагон ва занони синни таваллуд мавҷуд. Бо мақсади пурзӯр намудани ғамхорӣ барои саломатии онҳо соли ҷорӣ дар поликлиникаҳои фарогири тамоми ноҳия ва шаҳрҳо шуъбаҳои бачагона ташкил гаштааст. Ҳамаи постгоҳҳои кумаки таъҷилӣ ва реаниматсияи  бачагон барқарор гаштаанд, ки шабонарӯз кор мекунанд.

Маҷмӯъҳои таваллудхонаҳо ва марказҳои перинатал, хонаҳои машваратии занон соле барои 850 ҳазор нафар занони ҳомила мадади тиббии баландмалака мерасонад. Дар тамоми поликлиникаҳои марказӣ хонаҳои мушоҳидаи онкологӣ ба вуҷуд оварда шуда, ҳар сол занони аз синни 35 боло муоина карда мешаванд. Ин имконоти бармаҳал ифшо намудани саратони занонро то 10 маротиба афзун кард.

Дар натиҷаи ин кор нишондоди шадиди фавти модар аз 21 то 15, дараҷаи фавти кӯдак дар шаш соли охир аз 11 то 8 кам гардид. Аммо ҳатто чунин вазъият низ барои ҷамъиятамон фоҷиаи калон ба шумор меравад.

Бинобар ин дар ҷамъомад масъалаҳои пурзӯр намудани саломатии модар ва кӯдак, профилактикаи беморӣ муҳокима гардиданд.

Ҳоло фақат 16 беморхонаи мамлакат зимни ҳомилаи мураккаб кумаки махсус мерасонад. Аз ин рӯ, таъкид гардид, ки 46 маҷмӯи таваллудгоҳии ноҳия ва шаҳрҳо ба марказҳои перинатали байниноҳиявӣ табдил дода мешавад.

Барои ҳар яке аз 17 ҳазор гурӯҳи тиббӣ, ки дар поликлиникаҳо ташкил гаштаанд, дояҳои баландмалака таълим ва дастур дода шуданд.

Имсол 15 таваллудхонаи Тошканд ба муоинаи шунавоии навзодҳо шурӯъ намуданд. Вазифаи тарбияи мутахассисон, хариди таҷҳизоти махсус ва аз соли оянда ба амал татбиқ намудани ин таҷриба дар тамоми таваллудхонаҳо гузошта шуд.

Ҳоло бо масъалаи тандурустии занони синни таваллуд Маркази саломатии репродуктив, маълум намудани иллатҳои ҳомила – Скрининг-марказ, мушкилоти таваллуд – Маркази акушерӣ ва гинекологӣ машғуланд.

Бинобар вуҷуд надоштани ҳамкории зич байни шуъбаҳои минтақавии ин марказҳо сифат ва суръати мадади тиббӣ ба занон коҳиш меёбанд.

Бинобар ин ба ногузирии муттаҳид намудани ин се муассиса ишора гардид. Маркази нав ба чунин вазифаҳои муҳим, мисли ҳалли мушкилоти тиббиву биологии саломатии репродуктив дар асоси технологияи инноватсионӣ, ба амал овардани тадқиқоти генетикӣ доир ба профилактикаи рушди иллатҳои модарзодӣ, таъмини бехатарии модар ихтисос хоҳад ёфт.

Дар ҷамъомад масъулони соҳа, духтурон, ҳокимон баромад намуданд, ҳисобот, фикр ва пешниҳодот шунида шуд. Муайян карда шуд, ки ҳокимони вилоятҳо аҳолиро дар бораи чорабиниҳои оянда доир ба рушди хидмати онкологӣ ва гематологӣ, муҳофизати модар ва кӯдак дар минтақаи худ хабардор менамоянд.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: