31 январ дар назди Президент Шавкат Мирзиёев тақдимоти лоиҳаҳое, ки дар шаҳри Тошканд татбиқ карда хоҳанд шуд, баргузор гардид.
Нахуст дар бораи натиҷаи омӯзиши сатҳи зиндагӣ дар маҳаллаҳо маълумот дода шуд.
Дар ҷаҳон Индекси рушди инсон ба таври васеъ истифода мешавад, ки дар он чунин нишондиҳандаҳо, аз қабили сифати зиндагӣ, дараҷаи саводнокӣ ва давомнокии умри аҳолӣ арзёбӣ мешавад. Индекс аз он ҷиҳат ҷолиб аст, ки бо ғояи “Ба хотири шаъну шарафи инсон”, ки сарвари давлатамон ба миён гузоштааст, ҳамоҳанг аст.
Аз ин рӯ пешниҳод дар бораи дар шаҳри Тошканд ҷорӣ кардани Индекси шаъну шарафи инсон тайёр шуда буд. Барои ин яктогӣ маҳаллаи ноҳияҳои Чилонзор, Учтеппа, Сергелӣ ва Юнусобод интихоб шуда, дар онҳо аз рӯи 56 масъала пурсиши аҳолӣ гузаронида шуд. Ҳамин тавр, муайян карда шуд, ки кадом соҳаҳо бештар таваҷҷуҳро тақозо мекунанд ва эҳтиёҷи сокинон дар чӣ эҳсос мегардад.
Зимни муаррифӣ пешниҳод шуд, ки тамоми маҳаллаҳои пойтахт бо чунин таҳқиқот фаро гирифта шуда, аз рӯи натиҷааш кор дар ин ё он самт пурзӯр карда шавад.
– Меъёрҳои ин кор чӣ гуна хоҳанд буд? Пас аз шаш моҳ ва ё охири сол ба чӣ ноил хоҳад шуд? Аз ин рӯ, низоми аз ҷиҳати илмӣ асоснокшуда зарур аст. Бояд дар ҳокимияти шаҳр маркази таҳлилии ба Маркази вазъиятӣ монанд созмон дода, маҳсулоти барномавӣ офарид. Дар қисмати маҳаллаҳо кор кардан осон нест, мо ба зиммаи худ масъулияти калон мегирем. Ин низом бояд нишон диҳад, ки дар навбати аввал кадом маҳалла ва кадом кӯча эътиборро тақозо мекунад. Тамоми чораҳо бояд бо гирифтани фикри ҷомеа асоснок карда шуда, пас аз тасдиқ шудан аз ҷониби шӯроҳои маҳаллӣ муташаккилона амалӣ карда шаванд, – гуфт Шавкат Мирзиёев.
Тавсия дода шуд, ки лоиҳаи индекс бо мутахассисон муҳокима карда, ҳамаҷониба такмил дода шавад, роҳбарони соҳаҳо барои кор кардан бо он омӯзонда шаванд. Таъкид гардид, ки ин онҳоро водор мекунад, ки тарзи корашонро дигар кунанд.
Дар муаррифӣ ҳамчунин масъалаҳои сармоягузорӣ ва содирот баррасӣ шуданд. Аз ҷумла, дар соли ҷорӣ дар Тошканд дар доираи 738 лоиҳа азхудкунии сармоя ба маблағи 3,8 миллиард доллар, аз ҷумла 2 миллиард доллар сармояи мустақими хориҷӣ пешбинӣ шудааст. Дар соли ҷорӣ 500 лоиҳа оғоз гардида, 27 ҳазор ҷойҳои нави корӣ таъсис дода мешаванд.
Ба Президент дар бораи чораҳое, ки оид ба ташаккули лоиҳаҳои сармоягузорӣ дар маҳаллаҳо андешида мешаванд, нишондиҳандаҳои мақсаднок дар соҳаи мазкур дар солҳои 2022-2026 маълумот дода шуд.
Сарвари давлат қайд кард, ки шаҳри Тошканд имкониятҳои васеи молиявию иқтисодӣ дорад, аз ин рӯ, аз ҳисоби зиёд кардани миқдори лоиҳаҳои минтақавӣ ба ҳар як минтақа ба таври иловагӣ 100 миллион доллар ҷалб кардан мумкин аст.
Нуқтаҳои афзоиш дар соҳаи савдои хориҷӣ низ нишон дода шудаанд. Аз ҷумла, дар соли ҷорӣ ҳаҷми содироти Тошканд дар сатҳи 1,4 миллиард доллар пешбинӣ шуда бошад, то соли 2026 нишондиҳанда бояд ба 2,5 миллиард доллар расонда шавад, таъкид гардид дар муаррифӣ.
Супориш дода шуд, ки аз ҳисоби ҷалби брендҳои бузурги байналмилалӣ талаботи бозори дохилӣ қонеъ гардонда, содирот афзоиш дода шавад.
Тавассути алоқаи видео бо ҳокимони ноҳияҳо ва роҳбарони секторҳо оид ба масъалаҳои кор дар қисмати маҳаллаҳо мулоқот сурат гирифт.