ОИД БА РУШДИ НИЗОМИ НАҚЛИЁТ ДАР ШАҲРИ САМАРҚАНД СУПОРИШОТ ДОДА ШУД

Президент Шавкат Мирзиёев 29 апрел бо тақдимот дар бораи нақшаҳои рушди системаи нақлиёти шаҳри Самарқанд шинос шуд.

Дар Стратегияи рушди мамлакатамон мақсади дар оянда ба «шаҳри миллионӣ» табдил додани Самарқанд гузошта шудааст. Ба ин мақсад соли ҷорӣ майдони шаҳр то 28 ҳазор гектар васеъ гардонда хоҳад шуд. Дар панҷ соли наздик дар мавзеи Қорасув, маҳаллаи Ширин ва дар ҳудуди паси вокзал манзилҳои нави барои истиқомати 300 ҳазор нафар пешбинишуда, сохта мешаванд. Инчунин дар назар аст, ки шумораи сайёҳон ба 5 миллион нафар мерасад.
Ҳамаи ин аз нав дида баромадани низоми нақлиёт, шабакаи роҳ ва инфрасохтори шаҳрро тақозо мекунад.
Дар айни ҳол дар шаҳри Самарқанд бо назардошти аҳолии доимӣ ва аз ноҳияҳо меомада ҳар рӯз 925 ҳазор нафар ҳаракат мекунанд. Аксарияти онҳо – 592 ҳазор нафарашон мошини шахсии худро доранд. Аз нақлиёти ҷамъиятӣ беш аз  330 ҳазор нафар одамон истифода мебаранд.
Ин номутавозунӣ аз набудани нақлиёти ҷамъиятии қулай ва устувор аст. Нақлиётчиён ба аҳолӣ на бо назардошти эҳтиёҷоти аҳолӣ, балки дар вақти «фоидаоварӣ»-и рӯз хидмат мерасонанд. Дар тӯли ду сол 38 хатсайр аз сабаби зараровар буданаш баста шуда, 300 автобус намерасад.
Ба ин муносибат сарвари давлат қаблан доир ба рушди нақлиёти ҷамъиятӣ дар Самарқанд супоришот дода буд. Дар тақдимот пешниҳодҳое баррасӣ шуданд, ки бо иштироки коршиносони хориҷӣ таҳия шудаанд.
Онҳо тақсим намудани низоми нақлиёти ҷамъиятиро ба хатҳои магистралӣ, таъминотӣ ва дохилӣ пешбинӣ менамоянд. Иловагӣ ба хатсайрҳои аллакай мавҷуд боз 40 хатсайри нав, аз он ҷумла 5 экспресс-хатсайр, ки байни худ аэропорт, вокзали роҳи оҳан ва маркази таърихии шаҳрро мепайвандад, кушода мешаванд. Дар назар аст, ки автобусҳои гунҷоишашон зиёд бо ба онҳо ҷудо намудани хати алоҳида дар кӯчаҳои марказӣ гузошта шаванд. Дар соли 2022 – 80, дар соли 2023 – 100 электробусҳо харид карда мешаванд. Шумораи истгоҳҳо зиёд мешавад. Дар ҳайати ҳокимияти шаҳр шуъбаи нақлиёт таъсис дода мешавад. Аз 1 июли соли равон ба нақлиёти ҷамъиятии шаҳр аз ҳисоби буҷети вилояти Самарқанд субсид дода мешавад.
Сарвари давлат ба ҷорӣ намудани технологияҳои пешқадам ва рақамикунонии идоракунии ҳаракати нақлиёт таваҷҷуҳи махсус дод.
– Ҳаёт шиддат гирифт, ҳаракати одамон афзуд. Аммо нақлиёти ҷамъиятӣ чун пештара боқӣ мемонад. Бо васеъ кардани роҳҳо ҳалли мушкилоти тирбандӣ ғайриимкон аст. Бояд ба нақлиёти ҷамъиятӣ афзалият дод. Ба таҷрибаи ҷаҳонӣ нигоҳ кунед. Аз ҳисоби гузоштани светофорҳои «ақлӣ» ва назорати онлайнии ҳаракати роҳ, қобилияти гузарониши кӯчаҳоро бояд зиёд кард. Мо дар оянда ин корро дар ҳамаи шаҳрҳоямон анҷом медиҳем. Дар ин бобат Самарқанд бояд намуна бошад, – гуфт Президент.
Бобати такмил додани лоиҳа, дуруст ташкил кардани хатсайрҳо дастур дода шуд. Таъкид гардид, ки лоиҳа бояд зина ба зина аз кӯчаҳое, ки бо нақлиёти ҷамъиятӣ суст таъмин карда шудаанд, сар карда, татбиқ карда шавад.
– Одамон бояд худро бароҳат ҳис кунанд. Агар нақлиёти ҷамъиятӣ арзон, хушсифат ва тез бошад, пас мусофирон онро афзал медонанд. Ва барои ин зарур аст, ки инфрасохтор ва хатсайрҳо дуруст ташкил карда шаванд, – гуфт сарвари давлат.
Пешниҳод карда шуд, ки поезди барқие, ки ноҳияҳои Пастдарғом ва Булунғурро бо Самарқанд мепайвандад, ба роҳ монда шавад.
Инчунин дар бораи нақшаҳо оид ба беҳтар гардондани инфрасохтори роҳу нақлиёт маълумот дода шуд. Соли равон дар Самарқанд 160 километр роҳ таъмир шуда, сохтмони панҷ гузаргоҳ оғоз мегардад. 102 истгоҳи нав ташкил карда, истгоҳҳои мавҷуда ба тартиб андохта мешаванд.
Сарвари давлат дар баробари сохтмону таъмири роҳҳо зарурати хушсифат нигоҳ доштани онҳоро таъкид кард.
Мо роҳҳои зиёд сохтем, вале ба истифодабарии онҳо эътибори зарурӣ дода намешавад. Роҳҳо баланс, таҳлили муддати истифодабарӣ надоранд. Маблағҳо бемаврид сарф карда мешаванд. Баъзан ба болои роҳ роҳ сохта мешавад. Аз ин рӯ, Хидмати бехатарии ҳаракати роҳ бояд бигӯяд, ки дар куҷо бояд роҳ сохт ва дар куҷо роҳро таъмир кард. Зеро сарбории роҳҳо ва бехатарӣ аз ин вобаста аст, – гуфт Шавкат Мирзиёев.
Чи хеле ки маълум аст, мувофиқи қарори Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон аз 4 апрели соли ҷорӣ «Дар бораи чораҳо оид ба таъмини боэътимоди бехатарии инсон ва якбора коҳиш додани ҳолатҳои фавт дар роҳҳои автомобилӣ» зершуъбаҳои махсуси истифодабарӣ ва монтажи Шӯрои Вазирони Ҷумҳурии Қароқалпоқистон ва ҳокимиятҳои вилоятӣ ба раёсати бехатарии ҳаракати роҳи мақомоти ҳудудии корҳои дохилӣ дода шуданд.
Дар рафти муаррифӣ корҳое, ки аз ҷониби зершуъбаи махсуси истифодабарию монтажкунии вилояти Самарқанд анҷом дода шудаанд, баррасӣ гардид. Таъкид шуд, ки дар 49 чорроҳаи Самарқанд низоми идоракунии рақамии ҳаракати роҳ ҷорӣ карда, дар 140 чорроҳа светофорҳои замонавӣ, дар кӯчаҳои марказӣ – аломатҳои замонавии роҳ насб карда мешаванд. Дар натиҷа вақти интизорӣ дар светофор 31 фоиз, вақти ҳаракат 36 фоиз коҳиш ёфта, суръати ҳаракат 17 фоиз зиёд мешавад.
Аҳамияти тайёр кардан, такмили ихтисос ва васеъ намудани ҷаҳонбинии кормандони ташкилотҳои роҳсозӣ ва кормандони ХБҲР, дар асоси озмун қабул кардани кадрҳо зикр гарид.

ӮзА.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: