Оид ба рушди таълими мактабӣ вазифаҳои аввалиндараҷа муайян шуданд

  • Оид ба рушди таълими мактабӣ вазифаҳои аввалиндараҷа муайян шуданд
  • Оид ба рушди таълими мактабӣ вазифаҳои аввалиндараҷа муайян шуданд
  • Оид ба рушди таълими мактабӣ вазифаҳои аввалиндараҷа муайян шуданд
  • Оид ба рушди таълими мактабӣ вазифаҳои аввалиндараҷа муайян шуданд
  • Оид ба рушди таълими мактабӣ вазифаҳои аввалиндараҷа муайян шуданд
  • Оид ба рушди таълими мактабӣ вазифаҳои аввалиндараҷа муайян шуданд
  • Оид ба рушди таълими мактабӣ вазифаҳои аввалиндараҷа муайян шуданд

Таҳти раёсати Президент Шавкат Мирзиёев 28 январ оид ба масъалаҳои рушди таълими мактабӣ ҷамъомади видеоселекторӣ баргузор гардид.

Ояндаи кишвар, муваффақияти тамоми ислоҳоту лоиҳаҳо аз вуҷуд доштани низоми босифати таълим вобаста аст. Аз ин рӯ, дар давоми чор соли охир дар бобати беҳтар гардондани сифати таълиму тарбия ва баланд бардоштани ​​мақоми муаллимон корҳои зиёде ба ҷо оварда шуданд. Ҳоло кишвари мо ба давраи нав қадам мегузорад ва маҳз масъалаҳои рушди таълим ва сармояи инсонӣ дар Стратегияи рушди Ҷумҳурии Ӯзбекистон барои солҳои 2022-2026 афзалияти чорум муайян шудаанд.

Сарвари давлатамон таъкид кард, ки рушди мактаб "масъалаи ҳаёту мамот" аст.

–  Мо ба кашол додани ислоҳот дар ин соҳа ҳақ надорем. Ҳар қадар душвор бошад ҳам, мо бояд аз имрӯз барои таълими мактаб таҳкурсии мустаҳкам гузорем. Тамоми диққату захираҳоро ба он равона мекунем. Ин роҳ душвор хоҳад буд, аммо танҳо он метавонад ҳама мушкилотро ҳал кунад, –  гуфт Шавкат Мирзиёев.

Таъкид шуд, ки беҳтар намудани фаъолияти мактабҳо бояд вазифаи на танҳо Вазорати таълими халқ, балки вазифаи ҳамаи вазорату идораҳо, ҳокимиятҳо, ташкилотҳои илмӣ, зиёиён, тамоми аҳли ҷамъият бошад.

Аз ҷумла, дар тамоми кишвар бояд  10 130 мактаб такмил дода шаванд. Ояндаи зиёда аз 6 миллион нафар хонандагон ва беш аз 500 ҳазор нафар муаллимон, намояндагони ҳамаи табақаҳои ҷамъияти мо, ҳар як оила ба ҳамин вобаста аст.

Дар ҷамъомад мушкилот ва масъалаҳои мубрами соҳа зикр гардид. Имрӯз 1 695 мактаб ба таъмири асосӣ ниёз доранд. Мутаассифона, 179 мактаби аз гил сохташуда ҳоло ҳам фаъолият доранд. Зиёда аз 3 000 мактаб ба синфхонаҳои иловагӣ эхтиёҷ дорад. Зиёда аз 2 000 мактаб толорҳои варзишӣ надоранд.

Ғайр аз ин, ба муносибати сохтмони мавзеъҳои нави истиқоматӣ, васеъ шудани инфрасохтори деҳот ва афзоиши шумораи аҳолӣ бунёди боз 270 мактаб тақозо мегардад.

Стандартҳои ҷории таълим ва барномаҳои таҳсил танҳо ба гирифтани дониши назариявии хонандагон нигаронида шуда, ба бачагон тафаккури мантиқӣ, истифодаи амалии донишро намеомӯзонанд, ба хаёт омода намекунанд.

Аз 504 ҳазор нафар муаллимоне, ки дар мактабҳо кор мекунанд, 60 ҳазор нафарашон маълумоти миёнаи махсус доранд, 190 ҳазор нафарашон тоифаи ихтисос надоранд. Бисёр муаллимон ба дараҷаи кофӣ донишу маҳорат надоранд. Омӯзгорон на барои сабақ додан, балки барои «соатҳои бештар гирифтан» саъй мекунанд.

Дар низоми таълими мактабӣ чун пештара беш аз 200 намуди ҳисобот тартиб дода, дарсҳо ва машғулиятҳо аз рӯи усулҳои ягона гузаронда мешаванд. Фонди китоби китобхонаҳои мактабҳо солҳо боз нав карда намешавад. Танҳо 615 мактаб асбобҳои мусиқии миллӣ доранд.

Баҳодиҳии мактабҳо, сертификатсионӣ ва аккредитатсияи онҳо «барои намоиш» сурат гирифта, ба беҳтар шудани муҳити таълим мусоидат намекунад.

Чунин камбудиҳо қатъиян аз нав дида баромадани тамоми муносибатҳои низоми таълими халқ, ба куллӣ такмил додани онҳоро талаб мекунанд. Аз ин рӯ, дар ҷаласа таъкид шуд, ки ҷиҳати навсозии ҳам симои мактабҳо ва ҳам муҳтавои дохилии мактабҳо, ба сатҳи нав баровардани сифати таълим ислоҳоти куллӣ оғоз мегардад.

– Мо усулҳои таълим, китобҳои дарсӣ, ҳама чиз – аз парта cap карда, то бинои мактабро пурра аз нав дида мебароем. То барои таълим, омӯзгорон шароит фароҳам оварда нашавад, чомеа дигар намешавад. Дар сатҳи ноҳияҳо, вилоятҳо ва ҷумҳурӣ шӯроҳо оид ба  ислоҳсозии таълими мактабӣ ташкил карда мешаванд. Ба Шӯрои ҷумҳуриявӣ  шахсан худам раисӣ мекунам. Ба шӯроҳои ноҳиявӣ ва вилоятӣ ҳокимон роҳбарӣ мекунанд, – гуфт Президент.

Шӯроҳои мазкур кори худро бо маслиҳати халқ, бо назардошти фикру мулоҳизаҳои муаллимон, падару модарон ва мутахассисон ташкил мекунанд.

Дар ҷамъомад вазифаҳои аввалиндараҷа дар соҳаи  рушди таълими мактабӣ муайян карда шуданд.

Дар панҷсолаи наздик бояд 1 миллиону 200 ҳазор ҷойи донишандӯзон ташкил карда шавад. Сарвари давлат супориш дод, ки ғунҷоиши низоми мактабҳо аз ҳисоби бунёди мактабҳои нав ва биноҳои иловагии таълимӣ дар мактабҳои мавҷуда афзун гардонда шавад.

Таъкид гардид, ки минбаъд ҳокимони вилоятҳо, шаҳру ноҳияҳо бо ин масъалаҳо машғул хоҳанд шуд. Ба ғайр аз маблағе, ки давлат ҷудо мекунад, як қисми маблағи ба буҷети маҳаллӣ воридшаванда низ ба мактабҳо фиристода мешавад. Аз ҳама муҳимаш, таҳти назорати фаъолони ҷамъиятӣ, падару модарон ва аҳли ҷамъият мактабҳои нав сохта, ба истифода дода мешаванд.

Ба Вазорати сохтмон супориш дода шуд, ки лоиҳаҳои мактабҳои намунавиро бо назардошти талаботи нав тартиб диҳад.

Масъалаи муҳими навбатӣ пас аз шароит муҳит дар мактабҳост. Сарвари давлат бо таъкид бар зарурати ислоҳсозии идоракунии соҳа тавсияҳо дод, ки сардорони раёсатҳои таълими халқ ва директорони мактабҳо аз сафи менеҷерони соҳибихтисос, ҷалби мутахассисони хориҷӣ таъин карда шаванд.

Ба Вазорати таълими халқ супориш дода шуд, ки нисбат ба ин мутахассисон талабу меъёрҳои ба натиҷаҳои дақиқ нигарондашударо таҳия кунанд.

Оид ба ҳавасмандгардонии муаллимони синфҳои болоӣ, ки таҷрибаи беназири педагогии худро ташаккул додаанд, тадбирҳои иловагӣ муайян карда шуданд. Ҳамин тавр, Фонди вазири таълими халқ ташкил карда мешавад, ки вай дар зинаи аввал аз бюҷет 300 миллиард сӯм мегирад. Маблағи фонд барои ҳавасмандгардонии муаллимоне, ки технологияи пешқадами педагогиро ҷорӣ мекунанд ва шогирдонашон ба натиҷаҳои баланд ноил мегарданд, харҷ карда мешавад.

Инчунин, ташаббусҳо оиди дар ҳар як вилоят иборат аз муаллимони донишкадаҳои омӯзгорӣ, мактабҳои олӣ, литсейҳои академикӣ ва мактабҳои махсус ташкил кардани “гурӯҳҳои мутодии сайёр” баён гардиданд.  Онҳо ба мактабхои сифати таълимашон паст рафта, ба муаллимон барои омӯхтани усулҳои нав тавзеҳ медиҳанд ва ёрӣ мерасонанд. Барои ин ба музди меҳнати онҳо иловапулӣ дода мешавад.

Низоми тайёркунии омӯзгорон  низ ба куллӣ беҳтар гардонда мешавад. Ба ин мақсад дар шаҳри Тошканд 5 муассисаи таълми олӣ ва дар минтақаҳо 17 муассисаи таълми олӣ ба мактабҳо вобаста карда мешаванд. Донишҷӯён аз курси якум сар карда  бевосита дар мактабҳо таҳсил мекунанд. Ин боиси баланд шудани маҳорати касбии ҳам донишҷӯён ва ҳам муаллимони мактабу донишкадаҳо мегардад.

Инчунин супориш дода шуд, ки сарбории таълим ва теъдоди дарсҳо дар мактабҳо бознигарӣ карда, усулҳои ба фикрронӣ ташвиқкунандаи кӯдакон ҷорӣ карда шуда, китобҳои дарсӣ дар асоси таҷрибаи пешқадам комилан нав карда шаванд.

Ба ташкили истироҳати пурмазмуни хонандагон, фаъол гардондани маҳфилҳои варзишӣ ва бадеӣ диққати махсус дода мешавад.

Сарвари давлат аҳамияти фавқулоддаи ислоҳот дар соҳаи таълими мактабиро қайд намуда, ба масъулин дастур дод, ки дар ҳамкорӣ бо созмонҳои байналмилалӣ стратегияи дахлдор таҳия намоянд. Муайян карда шуд, ки дар ин асос Барномаи рушди таълими мактабӣ  қабул карда мешавад.

Дар ҷамъомад пешниҳодҳои вазирону ҳокимҳо, омӯзгорону директорони мактабҳои тамоми минтақаҳои кишвар шунида шуд.      

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: