Президент Шавкат Мирзиёев бо сафари корӣ дар вилояти Самарқанд қарор дорад.
Сарвари давлат 24 август мақбараи Имом Бухориро зиёрат кард. Аз Қуръон сураҳо хонда шуданд.
Маҷмӯъ дар ҳоли ҳозир ба тарзе таҷдид мешавад, ки сазовори эҳтироми баланди бобои бузурги мо дар ҷаҳони мусулмонон аст. Макбара, масҷиди азим, манораҳо, айвонҳо сохта мешаванд.
Сарвари давлат бо ин корҳои созандагӣ шинос шуд.
— Мо ин лоиҳаро бисёр муҳокима кардем, гаштаю баргашта дида баромадем. Акнун бояд бе шитоб сохта шавад. Дар ин ҷо тамоми шароит, ҳам аз нуқтаи назари зиёрат, ҳам анҷом додани маросимҳои динӣ бояд фароҳам оварда шаванд, — гуфт Шавкат Мирзиёев.
Сарвари давлатамон пешниҳод намуд, ки дар назди маҷмӯъ музейи Имом Бухорӣ ташкил карда шавад.
— Ба қарибӣ, вақте дар Мадина будем, аз Осорхонаи ҳаёти пайёмбар ва тамаддуни исломӣ дидан кардем. Хуб мешуд, ки дар ин ҷо ҳам ҳамин гуна музей пайдо шавад. Дар он ҳаёти бобои мо Имом Бухорӣ, фаъолияти ӯ, таърихи он замон тавассути технологияҳои иттилоотӣ нишон дода мешавад.
Ҷавонон, сайёҳони хориҷӣ метавонанд дар ин бора тасаввуроти васеъ пайдо кунанд. Ба ғайр аз ин, музей ба боз як сарвати маънавии халқи мо табдил хоҳад ёфт, — гуфт раҳбари давлат.
Ба Вазорати рушди технологияҳои иттилоотӣ ва коммуникатсия ва Вазорати сохтмон супориш дода шуд, ки лоиҳаи дахлдорро омода созанд.
Сипас, Шавкат Мирзиёев маҷмӯи Ҳазрати Хизрро зиёрат намуда, хотираи Президенти Нахустин Ислом Каримовро ба ёд овард.