ОИД БА ТАЪМИНИ ШУҒЛИ ҶАВОНОН ВА ЗАНОН ЧОРАҲОИ ИЛОВАГӢ МУАЙЯН ШУДАНД

Таҳти раёсати Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев 14 июл бинобар масъалаҳои баланд бардоштани шуғли ҷавонон ва занон, бо манбаи даромад таъмин кардани онҳо ҷамъомади видеоселекторӣ баргузор гардид.

Таҳти раёсати Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев 14 июл бинобар масъалаҳои баланд бардоштани шуғли ҷавонон ва занон, бо манбаи  даромад таъмин кардани онҳо ҷамъомади видеоселекторӣ баргузор гардид.
Ним сол аст, ки тамоми ҷаҳон дар шароити карантини қатъӣ зиндагӣ мекунад. Дар ин давраи душвор мушкилоти асосӣ дастгирии табақаи эҳтиёҷманди аҳолӣ, бо манбаи даромад таъмин намудани онҳо боқӣ мемонад.
Аз шумораи умумии бекорон дар Ӯзбекистон 732 ҳазор нафарро ҷавонон, 834 ҳазор нафарро занон ташкил медиҳанд.
Бо мақсади самарабахш ҳаллу фасл намудани мушкилоти ҷавонон 30 июни соли равон Фармони Президент «Дар бораи чораҳои ислоҳсозии куллӣ ва ба сатҳи нав баровардани сиёсати давлатии ҷавонон дар Ҷумҳурии Ӯзбекистон» қабул гардид. Мувофиқи ин ҳуҷҷат Агентии кор бо ҷавонон таъсис дода шуд, ки барои татбиқи сиёсати давлатии ҷавонон дорои ваколатҳои зарурӣ ва захираҳои молиявӣ мебошад.
Дар Вазорати дастгирии маҳалла ва оила низоми амудии кор бо занон таъсис дода шуд.
Дар ҷамъомад сарвари давлат аҳамияти ҳалли мушкилоти ҷавонон ва занонро таъкид карда, инчунин самтҳоеро номбар кард, ки таваҷҷӯҳи махсусро талаб мекунанд.
Пеш аз ҳама масъалаҳои таълим ва бо кор таъмин кардани хатмкунандагони мактабҳо баррасӣ шуданд. Имсол 452 ҳазор писарону духтарон мактабҳои таҳсилоти умумиро хатм мекунанд. Аз онҳо 70 ҳазор нафар маълумоти олӣ, 85 ҳазор нафар маълумоти касбӣ гирифта метавонанд. Таъкид гардид, ки ҳатто агар зиёда аз 95 ҳазор нафар бо кори доимӣ таъмин шаванд, пас 200 ҳазор нафар ҷавонони дигарро бо кор бояд таъмин кард.
Аз ин рӯ, ҷорӣ намудани системаи таълими касбӣ дар мактаб ба нақша гирифта шудааст. Аз соли нави хониш сар карда, директорони мактаб ва муаллимон вобаста ба дохилшавии шогирдон ба донишгоҳ, азхудкунии касб ва дарёфти кор маоши баландтар мегиранд. Барои ин, аз синфи 7 сар карда рағбати хонандагон ба ин ё он касб зоҳир карда мешавад. Хонандагони синфҳои 8-9 дониш ва малакаҳоеро азбар мекунанд, ки барои азхудкунии чунин касбҳои ояндадор ба монанди барномасоз, дизайнер, тарҷумон асос хоҳанд шуд. Аз синфи 10-ум таълими чунин касбҳои серталаб, мисли робототехника ва барномасозӣ оғоз меёбад.
Супурда шуд, ки то охири сол дар маҳаллаҳо фаъолияти 136 маркази омӯзиши касбӣ таъсис дода шуда, дар онҳо курсҳои кӯтоҳмуддат ташкил карда, инчунин 31 маркази таълимии касбӣ муҷаҳҳаз гардонда шаванд. Зарурати ҷудо намудани 200 миллиард сӯм  аз Фонди зиддибӯҳронӣ ба Фонди мусоидат ба шуғл, ташкил кардани курсҳои омӯзишӣ пеш аз ҳама дар маҳаллаҳои нишондиҳандаҳои камбизоатӣ баланд зикр гардид.
Дар ҷамъомад инчунин талаботи мавҷуда дар бозори меҳнат ва омодагии ҷавонон барои қонеъсозии он таҳлил карда шуд.
Дар соли нави хониш дар 339 мактаби касбу ҳунар, 212 коллеҷ ва 175 техникум таҳсили 215 ҳазор нафар ҷавонон ба нақша гирифта шудааст. Аммо самтҳои таҳсил дар ин муассисаҳои таълимӣ ҳам ба миқдор ва ҳам сифат ба талабот ҷавобгӯ нестанд.
Масалан, дар шароити кори сохтмони калонҳаҷм, ки дар мамлакати мо идома дорад, соле камаш 50 ҳазор бинокорони касбӣ талаб карда мешавад. Аммо дар 170 коллеҷи самти сохтмон тайёр кардани 13 ҳазор мутахассис ба нақша гирифта шудааст.
Ё худ, сарфи назар аз роҳандозии лоиҳаи «Як миллион барномасоз», танҳо 12 000 довталаб ба мактабҳои касбӣ, коллеҷ ва техникумҳо бинобар самти  ТИК қабул карда мешавад.
Роҳбари давлат чунин камбудиҳоро танқид карда, супориш дод, ки эҳтиёҷоти воқеӣ ба  касбҳои коргар дар  бозори меҳнат дар қисмати ҳар як соҳа муайян карда, барномаи омӯзиши касбҳои серталаб бо ҷалби мутахассисони хориҷӣ таҳия карда шавад.
Таъкид ёфт, ки корхонаҳои калон ва кластерҳо дар соҳаҳои маъдани кӯҳ, металлургия, нафту газ, кимиё, автомобилсозӣ, сохтмон, электротехника, дорусозӣ, хӯрокворӣ, нақлиёт ва логистика, ки имтиёз ва преференсияҳои давлатиро дастрас мекунанд, худашон бояд барои тарбияи коргарон инфрасохтор ба вуҷуд оваранд. Ба шахсони масъул  аз рӯйи масъалаи мазкур супоришҳо дода шуд. 
Ба Вазорати шуғли аҳолӣ ва муносибати меҳнат якҷоя бо бонкҳои тиҷоратӣ ташкил намудани таҳсили ҷавонон ва агротехнологияи замонавӣ супурда шуд. 
Тавре ки маълум аст, ҳангоми сафарҳои худ ба минтақаҳои мамлакат Президент Шавкат Мирзиёев аз IT-паркҳо боздид менамояд, ба лоиҳаҳо дар соҳаи технологияи иттилоотӣ эътибори алоҳида медиҳад. Чунки дар ин соҳа барои таъмини ҷавонон бо кори муздаш зиёд имконоти калон вуҷуд дорад. 
Ин масъала дар ҷамъомади видеоселекторӣ низ баррасӣ гардида буд. Дар ҳар як ноҳия ва шаҳр ба вуҷуд овардани марказҳои таълимӣ оид ба технологияи иттилоотӣ дар назди шуъбаи ҷавонон ва муассисаҳои олии таълимӣ супурда шуд. 
Имсол аз ҷониби шӯроҳои маҳаллӣ «нақшаҳои мақсаднок» доир ба бо шуғл фаро гирифтани 380 ҳазор намояндагони ҷавонони бекор таҳия ва тасдиқ гаштааст. Дар натиҷа дар шаш моҳи охир 270 ҳазор нафар ҷавонон бо кор таъмин гардиданд. 
Дар ҷамъомад таъкид шуд, ки татбиқи барнома на дар ҳама ҷо баробар иҷро мегардад, шахсони масъул огоҳонида шуданд.
Таъкид шуд, ки то охири сол ба вуҷуд овардани на камтар аз 10 ҳазор ҷойи нави кор аз ҳисоби татбиқи 2,2 ҳазор лоиҳаи ҷавонон ба миқдори 360 миллиард сӯм имконпазир аст. 
Ба вуҷуд овардани фонди венчур дар назди Фонди давлатии дастгирии фаъолияти соҳибкорӣ барои ҷавонон боз як навгонии муҳим мегардад. Дар қадами аввал ба венчур 1 миллион доллар таҳвил мегардад. 
Ғайр аз ин, бо роҳи ташкил намудани озмуни стартап-лоиҳаҳо ақаллан 10 беҳтарин лоиҳа дар ҳар як вилоят, аз соли оянда бошад на камтар аз 20 лоиҳаи беҳтарин дар ҳаҷми аз 50 то 200 миллион сӯм соҳиби грант мегарданд. Ғайр аз ин, ба ҷавонон субсид барои чоҳсозӣ, хариди таҷҳизоти обёрӣ, устувор намудани гармхона, хариди тухмӣ ва ниҳол пешниҳод карда мешавад. 
Барои соҳибкорони ҷавон харҷи хидмати консалтинги ҳуқуқӣ, ҳисобу китоб, маркетинг, бонк ва масъалаҳои дигар пардохта мешавад. Президент ба шахсони масъул доир ба чораҳои муайянгардида супоришот дод.
Дар ҷамъомади видеоселекторӣ инчунин ба масъалаҳои шуғли аҳолӣ ва беҳсозии шароити иҷтимоии занон эътибор нигаронда шуд. 
Бо таассуф таъкид гардид, ки қариб 20 ҳазор нафар занон дар минтақаҳо дар шароити мураккаб зиндагӣ мекунанд, бисёри  онҳо дар рӯйхати профилактика номнавис шудаанд. 
Ба Вазорати дастгирии маҳалла ва оила ташкил намудани курсҳои кутоҳмуддати таълимӣ доир ба роғиб намудан ва таълими касбии 33 ҳазору 380 нафар занон супориш дода шуд. 
Доир ба ҳар як ноҳия ва шаҳр ташаккул додани рӯйхати лоиҳаҳои тиҷоратии занон, таъмини молиявии ҳармоҳаи онҳо, ҷудо намудани кредит ва грантҳои осон дар доираи барномаи соҳибкории зан супориш дода шуд.
Ҷавонон ва занон, ки қарзҳои хурд гирифтан мехоҳанд, ба соҳибкорӣ бепул хононда шуда, соле 5 ҳазор нафар ҷавонон ва занон бо кор таъмин мегарданд. Барои ин мақсадҳо аз Фонди таҷдид ва тараққиёт дар ҳаҷми 2 миллион доллар ҷудо мегардад, ки инро қарори Президент доир ба таъмини молиявии рушди соҳибкорӣ ва минтақаҳои хурди иқтисодӣ, ки 14 июл имзо гаштааст, пешбинӣ менамояд. Ин маблағ ба ташкилотҳои микрофинанс ва ғайридавлатӣ барои ҷудо намудани қарзҳои хурди имтиёзнок барои деҳоте, ки аз ҷумлаи ҷавонон ва занон бекори зиёд дорад, пешниҳод мегардад. Азбаски ташкилотҳои ғайридавлатӣ 2-3 баробар зиёд таълим медиҳад ва ҷойҳои корӣ ба вуҷуд меорад, ҳамзамон  нисбат ба бонкҳои тиҷоратӣ  захираи кам ба кор мебарад. Боздеҳи кредитҳо инчунин нисбат ба бонкҳо бештар аст. Аз ин рӯ қарор гардида буд, ки дар байни ташкилотҳои ғайридавлатӣ озмун баргузор намуда, низоми грант ба марказҳои беҳтарини таълимӣ татбиқ карда шавад. 
Аҳамияти тезондани лоиҳаҳо дар бобати бо кор таъмин намудани 15 ҳазор нафар занон дар чаҳорчӯбаи маблағи Бонки ҷаҳонӣ ба миқдори 2 миллион доллар таъкид ёфт. 
Аз рӯйи масъалаҳои баррасигардида ҳисоботи роҳбарони масъул, ҳокимони вилоятҳои Андиҷон, Намангон ва Фарғона дар бораи таҷрибаи онҳо шунида шуд. 
Бо шуғл фаро гирифтани ҷавонон ва занон, аз ҳисоби ин ба вуҷуд овардани манбаи даромади устувор барои оилаҳо – мақсади асосӣ мебошад, ки ба асоси чорабиниҳои роҳбари давлат муқаррарнамуда гузошта шудааст. 
ӮзА.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: