Президент Шавкат Мирзиёев 27 феврал оид ба чораҳои васеъ гардондани истифодаи манбаъҳои барқароршавандаи энергия ҷамъомад баргузор намуд.
Солҳои охир мушкилоти энергетикӣ дар тамоми ҷаҳон аҳамияти муҳим пайдо мекунад. Аз ин рӯ, кишварҳо роҳҳои алтернативии қонеъ кардани ниёзҳои энергетикии худро ҷустуҷӯ ва татбиқ мекунанд. Имрӯз ҳиссаи манбаъҳои “сабз” дар энергетикаи ҷаҳонӣ тақрибан ба 30 дарсад расид ва дар бархе аз кишварҳои аврупоӣ аз 80-90 дарсад гузаштааст.
Ўзбекистон ҳам дар ин самт фаъол кор пеш мебарад. Дар се соли охир ба соҳаи энергетика ба маблағи 8 миллиард доллар сармояи мустақим ҷалб карда шудааст. Аз ҷумла, дар вилоятҳои Навоӣ ва Самарқанд неругоҳҳои барқии офтобӣ ба кор дароварда шуданд. Имсол боз 18 чунин неругоҳ сохта мешавад, ки дар натиҷа истеҳсоли қувваи электр барои эҳтиёҷоти маишӣ 50 фоиз афзуд.
Умуман, масъалаҳои энергетика таҳти таваҷҷуҳ ва назорати доимии Сарвари давлатамон қарор дорад. Дар рафти сафарҳо ба минтақаҳо бисёр лоиҳаҳои нав оғоз гардида, вазифаҳои мушаххас муайян карда мешаванд. Бо қарори Сарвари давлат аз 16 феврали соли равон барномаи васеъмиқёси ҷорӣ намудани манбаъҳои барқароршавандаи энергия дар мамлакатамон қабул гардид. Аз ҷумла, ширкати «Энергияи сабз» ташкил шуда, ба он маблағгузории ибтидоӣ дар ҳаҷми 10 миллион доллар фиристода шуд.
Тибқи барнома, имсол дар корхонаҳо, иншооти иҷтимоӣ ва хонаводаҳо панелҳои офтобӣ бо иқтидори умумии 1700 МВт насб карда мешаванд.
Дар ҷамъомад масъулин оид ба ҷанбаҳои ташкилӣ ва молиявии кор дар ин самт ҳисобот доданд.
Аз ҷумла зикр гардид, ки дар иншооти иҷтимоӣ ва идораҳои давлатӣ бо иқтидори 220 МВт, дар корхонаҳо 1300 МВт, дар биноҳои истиқоматии навбунёд 15 МВт панелҳои офтобӣ насб карда мешаванд. Дар Андиҷон, Қашқадарё, Сурхондарё, Фарғона, Навоӣ ва Самарқанд корҳои дахлдор фаъол оғоз ёфтанд.
Сарвари давлатамон оид ба дуруст ба роҳ мондани ин кор дар маҳалҳо дастуру супоришҳо дод.