ОИЛА АРЗИШИ АСОСИИ ҲАЁТ БОҚӢ МЕМОНАД

Аз ҷониби Маркази омӯзиши афкори умум «Ижтимоий фикр» дар мавзӯи: «Оила ва ҷамъият: олами маънавӣ ва ахлоқӣ» пурсиши иҷтимоӣ гузаронида шуд, ки дар ҷараёни он афзалиятҳое, ки дар афкори умум бино бар масъалаҳои оила ва никоҳ, таваллуд ва тарбияи фарзандон, ташаккул додани рушди комили шаҳрвандони Ӯзбекистон ҷой доранд, ошкор гардиданд.

Дар доираи Стратегияи амалиёт доир ба панҷ самти бартариноки рушди Ҷумҳурии Ӯзбекистон дар солҳои 2017-2021 дар соҳаи мустаҳкам кардани идораи оила, ҷиҳатҳои маънавию ахлоқӣ ва анъанавии арзишҳои оилавӣ, тайёр намудани ҷавонон ба никоҳ ва ҳаёти оилавӣ, пешгирӣ ва бартараф сохтани вазъиятҳои зиддиятноки оилаҳо ва талоқҳо сиёсати ягонаи давлатӣ татбиқ мешавад.
Пурсиши афкори умум нишон дод, оила барои шаҳрвандон арзиши асосии ҳаётӣ ва омили муҳимест, ки арзишҳои асосии ҷамъияти кунуниро муайян мекунад.
Мониторинги пурсишҳо эътидоли фоизи шаҳрвандонеро ошкор сохт, ки синну соли мувофиқро баҳри барпо кардани оила барои мардон 24-25 ва барои занон 21-23 мешуморанд.
Дар ҷараёни баргузории пурсиш ошкор шуд, ки шаҳрвандон зарурияти тайёр кардани ҷавононро ба ҳаёти оилавӣ эътироф менамоянд.
Аксарият пурсидашудагон (93,8 фоиз) бар онанд, ки санҷиши тиббии шахсоне, ки ақди никоҳ мекунанд, ҳатмӣ ба шумор меравад, зеро вай ба фароҳам овардани шароит барои ташаккул додани оилаи солим мусоидат карда, таваллуди кӯдакони носолим ва дорои касалиҳои модарзодро пешгирӣ менамояд.
Натиҷаҳои тадқиқот собит карданд, ки аксарияти мутлақи шаҳрвандон – 98,8 фоиз тартиботи дар мақомоти ЗАГС аз қайд гузаштанро ҳангоми ақди никоҳ ҳатмӣ меҳисобанд. Аксарияти пурсидашудагон дар мавриди ақди никоҳ анҷом додани расми динии «никоҳ» ё худ расми дар серков қайд шудани онро зарур медонанд.
Ӯзбекистониён ягонагии нуқтаи назари худро бино бар моҳият ва зарурияти гирифтани ризоияти падару модарон ҳангоми ақди никоҳ намоиш доданд. Аксари мутлақи аҳолӣ – 99,5 фоиз, новобаста аз синну сол, мансубияти миллӣ, дараҷаи аҳволи моддӣ эътироф менамоянд, ки барои оилаи ҷавон дуои хайри волидайн шарти муҳим ва гарави бахту саодати оилавӣ мебошад.
Пурсиши афкори умум нишон дод, ки барои аксарияти шаҳрвандон мавҷудияти фарзандон мазмун ва моҳияти асосии оила ба шумор  меравад. Бино бар фикру ақидаи 68,3 фоизи шаҳрвандон оилаеро, ки соҳиби ду ё худ се фарзанд мебошад, метавон хонаводаи хушу хуррам ва дорои бахту саодат ҳисобид. Шаҳрвандон синну соли аз 22 то 25-ро барои таваллуди кӯдаки аввалин мувофиқ меҳисобанд. Миқдори пурсидашудагоне, ки синну соли 23-25-ро барои таваллуди аввали занон мувофиқу муносиб мешуморанд, афзудааст. Миқдори пурсидашудагоне, ки синну соли 18-20-ро барои таваллуди кӯдаки аввал мувофиқ медонистанд, кам гардид.
Дар Ӯзбекистон меъёри анъанавӣ ва хеле ривоҷёфтаи муносибатҳои оилавиву никоҳӣ ин зисту зиндагии якҷояи зану шавҳарест, ки расман аз ақди никоҳ гузаштаанд: 87,7 фоизи иштирокдорони пурсиш таъкид намуданд, ки дар ақди никоҳ мебошанд. Тақрибан нисфи оилаҳо (44,7 фоиз) – нуклеарӣ, яъне аз зану шавҳар ва фарзандони онҳо иборатанд. Оилаҳои синну солашон гуногун зиёд аст, беш аз сеяки пурсидашудагон посух доданд, ки оилаашон аз зану шавҳар, кӯдаконашон ва насли калонсол таркиб ёфтааст.
Пурсиш собит сохт, ки дар оилаи 42 фоизи иштирокдорони пурсиш зиддият ва талошҳо ба миён меоянд. Маълум шуд, ки аксарияти зиддиятҳои дохилиоилавӣ дар байни зану шавҳар рух медиҳанд, талошҳои байни хушдоман ва арӯс дар мавқеи дуввум қарор доранд.
Афкори умум нишон медиҳад, ки 64,4 фоизи шаҳрвандон кору амал ва кирдори худро бо қоида ва меъёрҳое, ки дар маҳалла қабул шудаанд, мувофиқ мекунанд. 38,7 фоизи шаҳрвандон дар мавриди ба миён омадани вазъиятҳои мураккаби оилавӣ ба кӯмакҳои маънавиву ахлоқии маҳалла умед мебанданд. Хеле муҳим аст, ки аксарияти аҳолии мамлакат (70 фоиз) нисбат ба талоқҳо муносибати бағоят манфӣ доранд. Тадқиқот собит намуд, ки дар Ӯзбекистон оила моҳияти иҷтимоӣ ва ахлоқии худро дар ҷомеа ҳифз мекунад.
Сокинони Ӯзбекистон ҳуҷҷатҳои меъёриву ҳуқуқӣ ва чораҳои амалиеро, ки бо ташаббуси Президент Шавкат Мирзиёев қабул шуда, ба таҳкими идораи оила, танзими муносибатҳои тарафайни байни зану шавҳар, падару модарон ва фарзандон, зану шавҳар ва волидайни онҳо нигаронда шудаанд, дастгирӣ менамоянд.

Аблай КАМОЛОВ,
хабарнигори ӮзА 
бино бар маводи Маркази омӯзиши афкори умум «Ижтимоий фикр».

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: