ОИЛА — ДАВЛАТИ КӮЧАК

Дар овони наврасӣ ба фарқи сиёҳу сафед ва неку бад он қадар сарфаҳм намерафтем.

Дар овони наврасӣ ба фарқи сиёҳу сафед ва неку бад он қадар сарфаҳм намерафтем. Бо вуҷуди он ки чанд даҳсоларо пушти сар гузоштаем, ҳанӯз дар шинохти инсон ба мушкилиҳо мувоҷеҳ мешавем. Нафаре дуруст гуфтааст: «Дар олами муносибат бо инсонҳо гоҳо лозим меояд, ки аз болои пуле бориктар аз мӯй бигзарӣ...»
Дар овони ҷавонӣ ба мушоҳида гирифтаем, ки дар оилаҳои арӯсишуда, баъди чанд соли ҳамзистӣ, барои пирон — падаршӯю модаршӯ рӯзгори тоқатнопазире оғоз меёбад. Чаро «баъди чанд соли ҳамзистӣ». Зеро арӯс, то ду-се фарзанддор шудан ва донистани дасти чапу рост, ба бардоштани нозу нузи хушдоману падаршӯ вақт меёбад. Баъди фарзанддор шудан бояд ба тарбияву парастории кӯдакони худ низ машғул шавад. Хоссатан, дар деҳот арӯс, ба қавле, бояд чил ҷон дошта бошад. Мисолан, дар як вақт бояд ҳам ба кӯдакаш нигоҳубин кунад, ҳам ба танӯр нон часпонад, ҳам субҳона ё хӯроки нисфирӯзӣ омода созад... Гоҳо дар айни «ҷӯшидани кор» ба хона меҳмони нохонда меояд. Арӯс ин ҳангом, бояд бино ба дархости падаршӯю модаршӯ ё шавҳар, ҳамаи корҳояшро ғундошта меҳмондорӣ кунад... Табиист, ки ин вулқони кӯчак рӯзе метаркад. Ин аст, ки байни арӯсу хушдоман ва падаршӯ низоъ бармехезад. Баъди муноқашаҳои тӯлонӣ модару падар дар назди фарзанд ва арӯс дар назди шавҳар бо далелҳо ба худсафедкунӣ шурӯъ мекунанд...                                                                                                                   Дар баъзе оилаҳо ба кӯзаи муносибатҳо барвақт дарз меравад. Яке аз сабабҳои вайрон шудани бинои оилаҳои ҷавон оштинопазирии дарунии арӯсу хушдоман аст. «Сар кафад – зери тоқӣ», баъзе хушдоману келинони ҳушманд, ҳарчанд дар назди бегонагон адовати ботиниро ошкор намесозанд, мисли обе, ки дар зери ях ҷорист, «ҳарбу зарб»-и онҳо идома пайдо мекунад. Хушдоман аз корҳои  келин айб меёбад, ё келин розӣ нест, ки хоҳаршӯяш аз хонаи падарӣ сӯзанеро бо худ бибарад. Аммо илтифоти модар ба духтар кам нест. Дар додани чизе ба ӯ далел дорад: охир «дузди хона» — духтар ҳам фарзанди ӯст. Аҷоиботро бинед, ки келин дар ин маврид барои талх кардани айши хушдоман баҳона меёбад, вале вақте духтаронаш ба шавҳар мебароянду ҳар меҳмонӣ омаданашон аз хонаи падарӣ чизеро бо худ бурданӣ мешаванд, ба онҳо «бо ду дасти адаб» месупорад...
Шикваи модарони зиёдеро шунидаем, ки дар чашм об гирифта, ба фарзанди худ мегӯянд: — Ту як пора гӯшт будӣ, шабҳоро сари гаҳвораат рӯз кардам, то ту серӣ хӯриву пӯшӣ, нахӯрдаву напӯшидам, дар сафарҳои дуру наздикат чашмам ба роҳат буд... Имрӯз маро ранҷ медиҳӣ, ҳамсаратро ҷонибдорӣ мекунӣ. Зан дар ҳар қадам ёфт мешавад, вале модар ёфт намешавад...
Дар чунин лаҳзаҳо баъзе ҷавонони кӯтоҳандеш, мисле ки зани дуюм ба қадри модарашон мерасида бошад, аз баҳри ҳамсар мебароянд ё ӯро лату кӯби зиёд медиҳанд.
Ҳамчунин, гуфтаҳои келинони зиёдеро шунидаем, ки назди шавҳар нарму сӯздор забони шиква мекушоянд.
Бояд гуфт, ки дар чунин вазъиятҳо фарзанд (писар), бехабар аз он ки байни келину хушдоман ва хоҳаршӯ ихтилофе табиии азаливу абадӣ вуҷуд дорад, дар байни ду оташ мемонад, намедонад кадомашонро ҷонибдорӣ намояд. Модар инсонест, ки ӯро ба дунё овардааст, хоҳар — ҷигар, зан — модари фарзандонаш. Ёддошти ҳамсояам — акаи Салим:
— Дар қисми куҳнаи шаҳри Тошканд ҳамсояе доштем. Ӯ зан, се-чор фарзанд ва модари пиру хирачашме дошт. Дар оила на мард, балки зан – келин ҷилави идораро ба даст гирифта буд. Онҳо аз модар пинҳонӣ хонаро ба фурӯш монданд, баъди чанд моҳ харидор пайдо шуд. Аз хирагии чашми модар истифода бурда, ба ҳуҷҷатҳои хона имзо мононда гирифтанд. Ва шабе колои хонаро ба мошин бор карда, калидро ба соҳиби нави хона супурда, тез ғайб заданд. Вале модар дар хона танҳо монда буд. Рӯзи дигар соҳиби нави хона намедонист бо модари ӯ чӣ кунад. Инсони раҳмдил ва бечорапарвар будааст, кампирро дар кӯча нагузошт, парасторӣ кард. Бовар мекунед, баъди чанд сол вақте кампир қазо кард, фарзанди ноқобил ба намози ҷанозааш наомад. 
Мушкили танҳо мондани падару модарони пир ба касе пӯшида нест. Ин мушкилот то зиндагӣ ҳаст боқӣ мемонад. Агар тамошо карда бошед, ба ёд оред филми ҳиндии «Боғбон»-ро. Пас, ин мушкил — ҳамзистии ноҳамвори оилаҳои ҷавон бо падару модари пир, мушкили ҳама маданиятҳо. 
Нависанда Ӯткур Ҳошимов дар китоби «Қайдҳо дар ҳошияи дафтар» лавҳаи ҳаётиеро овардааст: «Арӯс соли аввали ҳамзистӣ, вақте дар бораи хушдоманаш гап меравад, ё ҳангоми муроҷиат ба ӯ калимаи «модарҷон»-ро ба кор мебарад, соли дуюм «модарҷон»  ба «модар» табдил меёбад. Соли сеюм калимаҳои «модарҷон» ва «модар» аз байн мераванд, ҷойи онҳоро калимаҳои «вай», «ӯ», ва «он зан» мегиранд...» 
Хушбахтона, ҳастанд ҷавононе, ки дили модару ҳамсарро дар як вақт меёбанд, магарам онҳо аз ин байти Саъдӣ огоҳанд, ки фармудааст:
Сари чашма шояд 
гирифтан ба бел,
Чу пур шуд, нашояд 
гирифтан ба пил.
Ҳикояи «Девор»-и Маликаи Бахтиёр низ ин мавзӯи доғи рӯзро дар бар мегирад, ки ба қарибӣ дар «Овози тоҷик» чоп шуд. Ин девор чӣ девор аст? Ин девор девори байни бародарон ва келину хушдоманон аст, ки дар бардоштани он ҳар кадом саҳмгузоранд.
Мавлуда келини хонадон аст, хушдоман — Шафоатхола. Шафоатхола барои пешгирии муноқаша корҳои зиёди хонаро худ анҷом медиҳад. Аз духтараш низ хоҳиш мекунад:
— ...То ба мактаб рафтан, рӯйи ҳавлиро рӯфта об зан. Янгаат ҳоло арӯси нав...
Мавлуда бо мурури вақт ягон корро намекардагӣ мешавад. Хушдоман аз ин рафтори келин чашм мепӯшад. Ҳатто аз писараш, ки омӯзгори мактаб буд, хоҳиш мекунад, ки келинашро хононад.  Дар байни дугонаҳояш ҳар боре, ки аз келинаш сухан ба миён меомад, ӯ ба мақоли «сар кафад — зери тоқӣ» амал мекард.  
Шафоатхола духтарашро ба шавҳар дода, келини дуюмро фуровард. Аз рӯзҳои аввал байни ду келин «қошуқпартоӣ» сар шуд. Баъзе шомҳо бе хӯроки гарм ҳам мемонд...
Кор то ба ҷое мерасад, ки Шафоатхола худро пинҳонӣ овехтанӣ мешавад. Вале аз Худо метарсад.
Рӯзе домодаш омада ӯро ба хонааш мебарад. Баъди яку ним сол мурдаи  Шафоаткампирро аз хонаи домодаш мебароранд...
Дар боло ишора шуд, ки ин мушкил мушкили имрӯз нест, дар аҳде пайдо шудааст, ки оилаҳо арзи ҳастӣ кардаанд. Роҳи ҳаллашро бисёриҳо дар гузашт ва таҳаммулу бурдбории тарафайн дидаанд.
– Дар оилаи мусалмон, албатта, ин тарзи зиндагии ғайрианъанавист, – мегӯяд сокини маҳаллаи «Маърифат»-и ноҳияи Яшнобод Мирзобобои 80-сола. — Фикр мекунам, агар падару модари солим, баъди хонадор кардани фарзандон, ба мақсади пешгирии харобшавии асабҳо, сактаи дил, фишорбаландӣ, пош хӯрдани оилаҳои ҷавон... дар алоҳидагӣ умр ба сар мебурданд, суди зиёде дар пай дошт. Нафақае, ки давлат медиҳад, барои зиндагӣ мерасад. Бигузор, падару модар сари чанд вақт ба хонаи фарзандон ба меҳмонӣ раванд, ё фарзандон аз ҳоли падару модар хабаргирӣ оянд.  
Дуруст мегӯяд Мирзобобо, дар пиронсолӣ ҷисми кас заиф мешавад, онро бояд эҳтиёт кард. Зиндагии мустақилона бошад, инсонро ба ҳаракат кардан низ водор месозад, табибон бар онанд, ки ҳаракат сабаби тандурустӣ ва дарозумрии инсон бошад...   
Дар уфият мегӯянд, «Сар кафад — зери тоқӣ». Магар сари кафидаро ба табиб нишон додан ва муолиҷа кардан хуб нест. Ин нашавад, ки сари кафида фасод пайдо кунад.
Фикр мекунам, ҳар инсони солдида ва таҷрибаандӯхта то ҷое роҳи ҳалли ин масъаларо медонад. Роҳбари давлатамон ва ҳар инсони солимфикр низ ҷонибдори он аст, ки давлати кӯчак — оилаҳо зиндагии осуда дошта бошанд, оилаҳои ҷавон бо сабабу баҳонаҳои гуногун, ки яке аз онҳо носозгории келину хушдоман аст, пош нахӯранд. Ба ин мавзуъ дигарон аз кадом равзана менигариста бошанд? 

А. СУБҲОНОВ.
 

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: