ОИЛА – МАКТАБИ ҲАЁТ

Доир ба нақши оила дар ташаккули маънавияти инсон аз асарҳои шоиру нависанда ва мутафаккирони бузурги классикиву муосир бисёр хондаву фаҳмидаем.

Солҳои охир таҳти роҳбарии Президенти мамлакат Шавкат Мирзиёев барои боз ҳам баланд бардоштани маънавияти оила дар ҷамъият корҳои зиёд ба сомон мерасанд.
Омӯзондану маънидод кардани масъалаҳои муҳити маънавӣ дар оила, муносибати байниякдигарии аъзои оила, ҳарчанд ба назар хеле оддӣ менамоянд, барои ҷавонон аз манфиат холӣ нестанд.
Пайдост, ки пешрафти ҷомеа аз ҷавонони соҳибмаънавият вобаста аст. Ҷавонони  соҳибмаънавият, албатта дар оғӯши оила, мактаб ва ҷамъият ба камол мерасанд. Беҳуда оиларо мактаби ҳаёт намегӯянд, он  инсонро ҳаматарафа шакл медиҳад. 
Аъзои оила бояд дар асоси эҳтироми якдигар, хушмуомилагӣ, муносибати хуб зиндагӣ кунанд.
Пеш аз ҳама, бояд волидайн худ дорои муомилаи хубу ахлоқи нек бошанд, фарзандонро дар асоси панду андарзҳои ниёгон, дар рӯҳи инсондӯстдорӣ, меҳнатдӯстӣ, ватанпарварӣ тарбия намоянд. Шубҳае нест, ки ба бачаҳо гуфтор, рафтору кирдори волидайни худ як навъ сабақ аст. Аз ин лиҳоз падару модар бояд ба масъалаҳои оила, ҷамъият, муҳити атроф муносибати дуруст дошта бошанд. Корҳои рӯзгорро дар байни аъзои оила дуруст ва оқилона тақсим кунанд. Бисёр падару модаронро  медонем, ки фарзандашонро ба кор ҷалб накарда, тамоми корҳоро худашон иҷро мекунанд. Ин ба танбалу коргурез шудани бачаҳо сабаб шуда метавонад. Беш аз ин боиси аз байн рафтани эҳсоси эҳтирому гиромидошти падару модар мегардад.
Агар дар оила ба бадбиниву бадгӯии  ҳамсоягон, ғайбату иғво роҳ дода шавад, ин, албатта, дар дилу хотираи бачаҳо таъсири ислоҳнопазир мегузорад. Бисёр мушоҳида шудааст, ки дар натиҷаи ин гуна муҳити иғвоангез фарзандон нисбат ба хешовандон, амаку амакбача, тағову тағобача, аммаву аммабачаҳо ва ҳоказо ҷойи меҳру шафқат эҳсоси бадбинӣ зоҳир мекунанд.
Мо – волидайн бояд ҳамнафаси замон бошем. Барои тарбияи фарзандон вақт ҷудо кунем, дар хона ҷевони китоб ташкил дода, фарзандонро ба китобхонӣ ҷалб намоем.
Хонандагони мактаби мо дар якҷоягӣ ба рӯзномаи «Булбулча доно», маҷаллаҳои «Ғунча», «Гулхан» обуна ҳастанд. Хуб мешуд ба рӯзномаву маҷаллаҳои бачагона фарзандонамонро дар алоҳидагӣ обуна кунем, то онҳоро ҳамаи аъзои оила якҷо мутолиа карда тавонанд. Дар атрофи мақолаву ҳикоя ва шеърҳои шавқовари ин нашрияҳо баҳсу мунозира ташкил кунем. 
Бовар дорем, ки бачаҳо дар он сурат ҳар як шумораи онҳоро бесаброна интизор мешаванд.
Бидуни шак, агар ҳар як оила нисбат ба вазифа ва ӯҳдадориҳои конститутсионии худ бо масъулият муносибат намоянд, оила мустаҳкам ва ҷамъият ободу фаровон мегардад.

Дилдор ИБОДОВ,
омӯзгори мактаби рақами 21-уми ноҳияи Нуратои вилояти Навоӣ.

 

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: