ОИЛА МУҚАДДАС АСТ

Ҷудоиро Худованд намеписандад.

 Ин маънои онро дорад, ки аз ҷуфти ҳалоли худ ҷудо шудан риштаи ҳаёт ва умедро аз зиндагӣ баркандан мебошад. Вале ҳар оилае, ки барпо мешавад, нури ҳаёт аст. Бо ин нур қалби мардум равшан, инсонҳо хушбахту хушрӯз мегарданд.
Бинобар ин, вақте оила барпо кардӣ, бояд онро барқарор нигаҳ дорӣ ва дар каму бешаш босабру таҳаммул бошӣ. Ҳар марди оиладор масъул аст оилаи солим барпо созад. Зеро ҷомеа ҳам аз оилаи солим манфиатдор мебошад.
Марде аз шайхе бо чунин мазмун пурсид:
– Вақте ҳамсарамро интихоб кардам, дар назарам тавре намуд, ки гӯё Худованд мислашро наофаридааст. Вақте фотиҳа кардем, дидам, ки монанди ӯ бисёранд. Чун издивоҷ кардем, ба чашмам аз ӯ зеботарҳо падидор шуданд. Ҳангоме чанд муддат ҳамболин будем, дарёфтам, ки тамоми занҳо аз ҳамсари  ман зеботаранд.
Шайх ин суханҳоро шунид ва чунин посух дод:
– Агар бо тамоми занҳои дунё издивоҷ кунӣ, дарк хоҳӣ кард, ки сагҳои кӯчаи шумо аз онҳо зеботаранд.
Мард хандиду пурсид:
— Чаро чунин мегӯӣ?
Шайх бо табассуми малеҳе чунин посух дод:
— Мушкил дар ҳамсари ту нест, мушкил дар он аст, ки агар инсон қалбу чашмони тамаъгар дошта аз Худованд шарм надорад, муҳол аст, ки чашмонашро ба ҷуз хоки гӯр чизи дигаре сер кунад. Оё мехоҳӣ, ҳамсарат дубора зеботарин зани дунё гардад?
Мард гуфт:
– Оре.
Пас шайх гуфт:
– Чашмонатро ҳифз намо. Модар барои шифо ёфтани фарзандаш доруи талх медиҳад. Худованд чун имтиҳон барои бандаҳои дӯстдоштааш низ талхии дунёро мебахшад...
Ҳамин тавр, инсон бо умеди рӯзи нек умр ба сар мебарад. Оила такягоҳи ҳар марди соҳибақлу бохирад аст. Дунё ва кори дунё гузарон аст. Аз ҳама асосиаш меҳру оқибат, одамию одамгарӣ бояд аз миён бардошта нашавад. Бар замми ин, агар инсон бо оилаи худ дар рафоқату дурандешӣ ба сар барад, нур болои нур хоҳад шуд. Аз ҳамин сабаб набояд фаромӯш сохт, ки оила муқаддас аст. Эъзоз ва эҳтиром кардани он бояд вазифаи аввалиндараҷаи ҳар шаҳрванд бошад. Модоме чунин аст, биёед, оила, фарзандон ва ворисони насли худро дар рӯҳияи дуруст тарбия намоем. Зеро тарбияи дурусти ҳар насли наврас вазифаи мо – калонсолон ва умуман аъзои ҷомеа мебошад. Инро набояд фаромӯш кард.

Ҳ. РӮЗИҚУЛОВ, 
сокини
маҳаллаи Себзори ноҳияи Сариосиё.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: