Алҳол оила чӣ мақом дорад?
Оё муносибати тарафайни аъзои оила тағйир меёбад? Оё арзишҳои оилавӣ аз нав барқарор мегарданд?
Дар тадқиқоте, ки Маркази омӯзиши «Ижтимоий фикр» гузаронд, ба чунин саволҳо ҷавоб пурсида шуд.
Дар доираи Стратегияи амалиёт доир ба панҷ самти устувори рушди Ҷумҳурии Ӯзбекистон дар солҳои 2017-2021 ва Консепсияи мустаҳкамсозии идораи оила дар Ҷумҳурии Ӯзбекистон чораҳое, ки ба такмил додани асосҳои ҳуқуқӣ ва институтсионалии мустаҳкамсозии оила, салоҳияти тарбиявию маърифатии он, дастгирии рушди демографӣ, баланд бардоштани дараҷаи фаровонӣ, ҳифзи арзишҳои анъанавии оилавӣ дар ҷамъият, беҳдошти муҳити маънавию ахлоқии оилаҳо ва офаридани низоми самараноки услубӣ, маслиҳат ва ёрирасонии амалӣ нигаронда шудаанд, андешида мешаванд.
Натиҷаҳои пурсиш, ки бинобар омӯзиши афкори умум гузаронда шуд, самаранокии ин чорабиниҳоро тасдиқ намуданд.
Ӯзбекистониҳо оиларо асоси ҷамъият ва давлат медонанд. Бинобар ақидаи 66,3 фоиз шаҳрвандон фароҳам овардани таҳкурсии мустаҳкам барои ваҳдати ҷамъият ва давлат, таъмини осудагиву фаровонӣ дар мамлакат мақсади асосӣ ва вазифаи иҷтимоии оила ба ҳисоб меравад. Дар натиҷаи пурсиш маълум шуд, ки шумори шаҳрвандоне меафзояд, ки ба воя расондани авлоди муносибро вазифаи асосии оила медонанд ва андеша доранд, ки инсон айнан дар оила ба сифати шаҳрванд ва узви комили ҷамъият ташаккул меёбад.
Ӯзбекистониҳо бобати синни мақбултарини оиладоршавӣ чӣ фикр доранд? 49,8 фоизи иштирокдорони пурсиш бар ин ақидаанд, ки дар синни 24-25 оиладор шудани мардон мувофиқи мақсад аст. Ҳар як иштирокчии сеюм бошад, дар синни 26-27 оиладоршавии ҷавононро таъкид мекунад. 58,8 фоизи иштирокдорон дар синни 21-23 оиладоршавии духтаронро маъқул медонанд.
Фикри дар синни 26-27 беҳтар будани оиладоршавии ҷавонписарон алалхусус, дар байни онҳое, ки даромади калон доранд, маълумоташон олист, дар созмонҳои ғайридавлативу ғайриҳукуматӣ ё дар фирмаҳои хориҷӣ хизмат мекунанд, бисёр зикр шудааст.
Онҳое, ки бинобар ҳаёти оилавӣ таҷриба доранд, аз ҷумла, ҷудошудагон, асосан, намояндагони гурӯҳҳои гуногуни иҷтимоӣ чунин меҳисобанд, ки дар синни камолоти ақлӣ оиладор шудани мардон маъқул аст. Фикри қатъии ҳамватанони мо аз ин иборат аст, ки ҷавонон пеш аз оиладоршавӣ бояд соҳиби таҷрибаи ҳаётӣ бошанд, дониш ва касбу ҳунар омӯзанд.
79,9 фоизи иштирокдорони пурсиш зарурати ба никоҳ, падарӣ ва модарӣ омодасозии ҷавононро таъкид мекунанд. Бинобар фикри иштирокдорон ба ҳаёти оилавӣ тайёр кардани писарону духтарон бояд на фақат дар оила, балки дар муассисаҳои таълимӣ низ амалӣ шавад. Ба воситаи чунин машғулиятҳо дар фикри авлоди наврас бояд тасаввурот дар бораи институти никоҳ, шартномаи никоҳ, ҳуқуқ ва ӯҳдадориҳои зану мард, ба нақшагирии оила, роҳандозии хоҷагӣ ва буҷа, усулҳои бартарафсозии низоъҳо дар асоси арзишҳои милливу умумиинсонӣ, маданияти мулоқот дар оила ташаккул дода шавад.
Аксарияти иштироккунандагони пурсиш (97,1) пеш аз оиладоршавӣ аз муоинаи тиббӣ гузаштанро зарур медонанд, зеро саломатии писарону духтарони оиладоршаванда кафили саломатии авлоди оянда мебошад.
Дар давоми пурсиш муносибати шаҳрвандон ба шартномаи никоҳ низ омӯхта шуд. 42,4 фоизи ҳамватаноне, ки дар он иштирок кардаанд, ақида доранд, ки бояд шартномаи никоҳ ба тартиби иҷборӣ роҳандозӣ шавад, зеро он ба муносибати оилавӣ дахолат кардани шахси сеюм, баъд аз ҷудошавӣ аз таъмин бо ҷой ва маблағ маҳрум гардидани яке аз зану шавҳар, фарзандро бартараф мекунад. 29,1 фоиз иштирокдорон қайд кардаанд, ки шартномаи никоҳ мумкин аст бо хоҳиши тарафҳо дар ин бобат ба тасвиб расонда шавад.
Аксари шаҳрвандон (98,4 фоиз) барои оиладоршавӣ аз рӯйихати шуъбаҳои САҲШ гузаштанро ҳатмӣ медонанд. Ба фикри онҳо аз рӯйихати расмӣ гузаштани никоҳ ҳуқуқҳои зану шавҳар ва фарзандонро ҳимоя мекунад.
Пурсиш нишон дод, ки 95,5 фоизи ӯзбекистониҳо ақида доранд, ки бояд никоҳи шаръӣ низ маҷбурӣ бошад. Ҳам шаҳрвандоне, ки ҳаёти дунявӣ мегузаронанд, ҳам тарафдорони ақоиди динӣ фикри маҷбурӣ будани хондани хутбаи никоҳро дастгирӣ кардаанд. Онҳо бовар доранд, ки дар чунин ҳол оила боз ҳам мустаҳкам, хушбахт ва фаровон мешавад.
Бинобар фикри иштирокдорони пурсиш фарзанд асоси оилаи хушбахт мебошад, зеро онҳо ҳаёти оилавиро сермазмун мекунанд, муносибати тарафайни зану шавҳарро мустаҳкам месозанд. Ҳамватанони мо бар онанд, ки фаровонии молиявӣ ва беҳбудии моддӣ қисми муҳими таркибии ҳаёти мустаҳками оилавӣ мебошад.
Тадқиқот собит намуд, ки дар Ӯзбекистон оила барои ҷамъият аҳамияти иҷтимоиву ахлоқии худро ҳифз намудааст. 78,8 фоизи иштирокдорони пурсиш қайд кардаанд, ки дар никоҳ мебошанд. Ҳар як оилаи дувуми ӯзбекистонӣ аз зану шавҳар ва фарзандони онҳо иборатанд. 29,1 фоизи иштирокдорон таъкид намуданд, ки оилаи онҳо аз зану шавҳар, фарзандон ва намояндагони куҳансол таркиб ёфтааст.
Натиҷаи пурсиш ҳаминро нишон дод, ки дар аксари оилаҳои мамлакат мард сутуни хонавода мебошад. Ӯ ба буҷаи оила саҳми бештар мегузорад, захираҳои моддиро идора мекунад ва низоъҳои байни аъзои оиларо бартараф месозад.
Тақсимоти вазифа ва маҷбуриятҳои оилавӣ низ ба намуди оилаи анъанавӣ мувофиқ меояд: мард оиларо аз ҷиҳати моддӣ таъмин менамояд, зан бо тарбияи фарзандон, барои ҳамаи аъзои оила бо офаридани шароити созгори зист машғул аст.
Айни замон аз натиҷаҳои пурсиш аён шуд, ки дар мамлакати мо ҷараёни демократиконии муносибатҳои оилавӣ низ зуҳур мекунанд. Мониторинг нишон дод, ки миқдори оилаҳое, ки ба баробарии зану шавҳар асос доранд, меафзояд. Дар ин ҳолат зану шавҳар барои оила масъулияти ягона доранд, қарорҳои муҳими ба ҳаёти оила ва аъзои он тааллуқнокро қабул мекунанд, ба буҷаи оила ҳарду саҳм мегузоранд, бо тақсимоти он низ дар якҷоягӣ машғул мешаванд. Аммо айни замон барои ҳифзи оила тобоварӣ ба зӯровариҳои ҳаёт ҳанӯз ҳам мушоҳида мешавад. Ин барои пайдоиши зӯроварии маишӣ низ замина фароҳам меорад.
Пурсиш нишон дод, ки фикри қатъии дар шуури ҷамоатӣ зарурати роҳандозӣ кардани оиладоршавӣ ва дар байни аъзои он муносибатҳои дарозмуддат ва ба ҳурмату боварӣ асоснок мавҷуд аст. Қисми аксари аҳолӣ ба талоқ муносибати манфӣ доранд. Айни замон миқдори иштирокчиёне, ки дар солҳои охир он қадар мустаҳкам ва барқарор набудани оилаҳоро қайд мекунанд, афзудааст.
Шаҳрвандон ақида доранд, ки ба ҳаёти оилавӣ тайёр набудани ҷавонон, норасоии таҷрибаи ҳаётӣ ва масъулияти онҳо, муросоро надонистан ё онро нахостан, ҷонибдори низоъҳо шудан, душвориҳои муваққатии моддӣ, ба ҳамдигар рӯҳан мутобиқ набудани зану шавҳар аз омилҳои барбодшавии оила мебошанд.
Умуман, афкори умум нишон дод, ки оила сармояи муҳимтарини шаҳрвандони Ӯзбекистон, асоси ахлоқии ҷамъият, сарчашмаи маънавият ва анъанаҳои миллӣ, ҳамчунин, институти муҳими иҷтимоии тарбиягари авлоди муносиб ва расонандаи таҷрибаи иҷтимоӣ ба ҳисоб меравад. Иштирокдорони пурсиш ба самаранокии корҳое, ки дар доираи Стратегияи амалиёт доир ба панҷ самти устувори рушди Ҷумҳурии Ӯзбекистон дар солҳои 2017-2021 амалӣ шудаанд, боварии қатъӣ доранд ва бинобар минбаъд мустаҳкамсозӣ ва рушди оила барои амалӣ кардани вазифаҳое, ки аз ҷониби роҳбари давлат гузошта шудаанд, омода мебошанд.
Дар асоси маводи Маркази омӯзиши афкори умум «Ижтимоий фикр»
О. ХАРЧЕНКО
тайёр кард.
ӮзА.