ОИЛА ВА ТАРБИЯ

Маорифпарвар Абдурауф Фитрат дар китоби «Роҳи наҷот» таъкид мекунад, ки ҳар як кӯдак аз хурдӣ тарбияи аввалинро аз модар мегирад.

Аз ин сабаб модаронамон бояд донишманд бошанд.
Бале, ҳаёт гувоҳӣ медиҳад, ки дар оилаҳое, ки зан соҳиби дониш, босавод аст, фарзандҳои хуб ба воя мерасанд. Тарбияи аввал, ки аз оила сар мешавад, пас дар пеши калонсолон, падару модар масъулияти ниҳоят муҳим меистад. Аз ин рӯ, муносибатҳои аъзоёни оила, зану шавҳар бояд барои кӯдаки наврас намунаи ибрат шавад.
Сад афсӯс, ки на ҳамеша ин тавр мешаванд, дар пеши муаммоҳои  рӯзгор бисёр вақт зану шавҳар аз қолаби ҳурмату эҳтироми якдигар мебароянд.
Инчунин, ҳаракати калонсол дар роҳи дарёфти молу пули бисёр, боигарӣ, автомошини қиматбаҳо, хонаи дабдабанок таъсири манфӣ мерасонад...
Бисёр падарон насиҳати фарзандро дар сари дастурхон мегузаронанд, ки ин ҳам натиҷаи хуб намедиҳад. Аксарияти падарон бо якҷоягӣ ба боғи ҳайвонот, кино, театр намераванд, аз ин ҷо фарзандони камолёфтаистода нақши падарро фақат дар таъминоти оила мебинанд.
Бояд падару модар бо фарзанд сӯҳбат ороста, фикрронӣ, ҷаҳонбинӣ, орзую ҳавас, мақсади ояндаи ӯро дониста гиранд.
Инсон дар давраи аъзои оилааш ба меҳру муҳаббат сазовор мешавад, аз аъзои оила такягоҳ, паноҳ меҷӯяд. Аз ин ҷо фарзанд рафтору тарзи ҳаётгузаронии падару модарро мушоҳида мекунад, хулоса мебарорад ва ибрат мегирад.
Агар дар оила ҳалолкорӣ, поквиҷдонӣ, ростқавлӣ, инсофу адолатпешагӣ ҳукмрон бошад, фарзанди тарбияёфтаистода ин хислатҳоро ба худ мегирад.
Барои дуруст шакл ёфтани маънавияти шахсии кӯдаку наврас муносибати байни зану шавҳар таъсири калон мерасонад.
Ҳар як фарзанд дар оянда дар оиладорӣ анъанаҳои падару модари худро давом медиҳад. 
Вақтҳои охир вайроншавии оилаҳои ҷавон ва бепарастор мондани кӯдакон ҳамаро ба ташвиш овардааст. Яке аз сабабҳои  вайроншавии оилаҳои ҷавон ин надонистани масъулияти зану шавҳар, бехабар будан аз анъанаҳои оиладорӣ, беандешагӣ бошад, аз тарафи дигар айби падару модарон ва калонсолон аст, ки ду ҷавони оиладоршударо ба роҳи рост, якдигарфаҳмӣ равона карда наметавонанд. Аз тарафи сеюм, кибру ғурури байни қудоҳо, худро аз якдигар баланд гирифтан, манмании қудозанҳо бисёр вақт сабаб мешавад. 
Сабру матонат, дурандешӣ, ботамкин шудан ва фарзандҳоро ҳам ба ин даъват кардан ба мустаҳкамшавии оила кӯмак мерасонад.

Назирҷон ЭРГАШЕВ,
ноҳияи Чусти деҳаи Варзики
вилояти Намангон.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: