ОИЛАИ ФАРҲАНГПАРВАР

Ба қарибӣ падарамон аз Самарқанд барои мо чанд китоби нав туҳфа оварданд.

Ба қарибӣ падарамон аз Самарқанд  барои мо чанд китоби нав  туҳфа оварданд. Байни онҳо як китоби тозанашр дар бораи Мирзо Улуғбек ҳам буд. 
Дар Самарқанд чанд оилаи муътабар ҳаст, ки яке аз онҳо оилаи Сироҷиддиновҳо аз ноҳияи Тайлоқ аст. Намояндагони маъруфи ин оила – шоири шаҳир Ҷамол Сироҷиддини Хумӣ ва овозхони  нозукадо Баҳодури Танбӯр ҳамеша вирди забонҳост. Пайваста бо номи падар – Камолиддини Ҳофиз номи бародарон Шарофиддин,  Икромиддин, Илҳом, Илёс, Бахтиёр  низ бо эҳтироми  хоса ба забон гирифта мешавад. 
Дар бораи фаъолияти серсоҳаи аҳли ин оила ва хидматҳои неки онҳо дар назди халқу Ватан китобу мақолаҳои зиёде навишта, филмҳои мустанад ба навор бардошта шудаанд. Ба қарибӣ нашриёти  «Qaqnus Media» дар Тошканд китоби нави яке аз фарзандони ин оила, донишманди таърихи диёр  Икромиддин Сироҷиддиновро таҳти номи «Меъроҷи Мирзо Улуғбек» ба забони ӯзбекӣ аз нашр баровардааст. 
Ногуфта намонад, ки Икромиддин чандин сол боз дар осорхонаи Мирзо Улуғбек, воқеъ дар назди расадхонаи ин ситорашинос – дар баландии Кӯҳаки Самарқанд, ҳамчун донандаи хуби  таърихи диёр ба зиёраткунандагон  вазифаи роҳбаладӣ (гид)-ро иҷро мекунад.
Китоби мазкур  аз се қисм иборат буда,  дар қисми  аввали он мақолаҳои илмӣ доир ба Мирзо Улуғбек ҷой дода шудаанд. Олим, инчунин, дар хусуси  пайдоиши чанд вожа маълумоти тозаи илмӣ  пешниҳод менамояд.
Қисми муайяни ин китоби пурмуҳтаворо  маълумот дар бораи шаҷараи Сироҷиддиновҳо ташкил менамояд, ки ҷолиби таваҷҷуҳ аст. 
Муаллифи китоб аз ҷумла дар бораи Ҷамолиддин Сироҷиддин менависад: «Мавлоно Ҷамолиддин Сироҷиддини Хумӣ  21 июли соли 1955 дар  деҳаи  Қозихона, воқеъ дар соҳили наҳри Сиёб, ки алъон тобеи ноҳияи Тайлоқи вилояти Самарқанд аст, ба дунё омадааст. Ҷамолиддин аз ҳар ҷиҳат мукаммал ба воя расид. Гарчи риштаи умри ӯ барвақт канда шуд, лекин дар ёди мардум  бо номи неку корҳои нек, махсусан бо ҷилди китобҳои шеърию достонҳои  нотакрори худ абадӣ нақш баст».
Бахши дигари китоб аз шеърҳо иборат буда, қариб аксари онҳо дар пайравии ашъори бародараш Ҷамолиддини Хумӣ ба қалам дода шудаанд. Махсусан, мувашшаҳоти зиёде, ки  вай бахшида ба ин ё он шахси таърихӣ, наздикони оила гуфтааст,  сазовори таваҷҷӯҳанд ва услуби шеъргӯйии бародараш шоир Ҷамолиддини Хумиро хотиррасон мекунанд. Аз ин рӯ, метавон гуфт, ки  китоби  Икромиддин «Меъроҷи Мирзо Улуғбек» туҳфаи арзандаест ба ёдбуди бародараш.
Ногуфта намонад, номи Ҷамолиддин Хумии шоир дар байни муҳоҷирони ӯзбекистоние, ки дар солҳои пеш ба Амрико омада мондаанд, низ шинос аст. Дар ин хусус ҳунарпеша Худойбердӣ Зиёдов як вохӯрии муҳоҷиронро бо аҳли фарҳанг ба хотир оварда мегӯяд: «Вақте ки ман дар ин маърака «Ватан» ном шеъри Ҷамолиддин Хумиро ба оҳанг дароварда мехондам, ашк аз дидагони онҳое, ки Ватанро ёд карда буданд, шашқатор шуд...».
Дарвоқеъ, ин аст қимати шеъру суруде, ки номи офарандаашро абадӣ мегардонад.

Акмал АҲМАДҶОНОВ,
Умеда ҚАМАРОВА.       

НЮ-ЙОРК.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: