ОИЛАИ ХИДМАТЧИЁНИ ҲАРБӢ БО МАНЗИЛ, КӮДАКОН БО БОҒЧА, ЗАНОН БО КОР ТАЪМИН КАРДА МЕШАВАНД

Дар арафаи 29-умин солгарди таъсиси Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Ӯзбекистон дар ҳаёти хизматчиёни ҳарбӣ ва оилаҳои онҳо рӯйдодҳои воқеан муҳим ба амал меоянд.

Дар арафаи 29-умин солгарди таъсиси Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Ӯзбекистон дар ҳаёти хизматчиёни ҳарбӣ ва оилаҳои онҳо рӯйдодҳои воқеан муҳим ба амал меоянд. 
Дар шаҳракҳои ҳарбиён биноҳои истиқоматӣ ва иншооти иҷтимоӣ ба истифода дода мешаванд. 
Ҳамин тавр, дар шаҳраки гарнизони ҳарбии Ҷиззах бинои дуошёнаи муассисаи таълимии томактабӣ барои 200 ҷой ба истифода дода шуд. 
Дар чорабинии тантанавии фармондеҳии қӯшунҳои Округи марказии ҳарбӣ, хизматчиёни ҳарбӣ Ойбек Саидов ва дигарон қайд карданд, ки давлати мо ба фароҳам овардани шароит барои оилаҳои хизматчиёни ҳарбӣ, алалхусус, сохтани мактабҳо ва муассисаҳои таълимии томактабӣ барои фарзандони муҳофизони Ватан диққати калон медиҳад. 
Хобгоҳ, ошхона, утоқҳои мусиқӣ ва таълимии муассисаи нави замонавӣ, ки барои фарзандони хизматчиёни ҳарбӣ сохта шудааст, бо мебели нарм муҷаҳҳаз буда, бо бозичаҳо ва лавозимоти таълимӣ пурра таъминанд, барои таълим ва тарбияи кӯдакон тамоми шароити зарурӣ фароҳам оварда шудааст. 
Иштирокчиёни чорабинӣ бо фаъолияти муассисаи таълимии томактабӣ, шароити муҳайёшуда, ҷараёни баргузории дарс аз фанҳои расмкашӣ, мусиқӣ, русӣ ва англисӣ шинос шуданд. 
— Ба кӯдакистони мо 120 нафар фарзандони хизматчиёни ҳарбӣ қабул карда шуданд,  — мегӯяд роҳбари муассисаи таълими томактабӣ Ҳулкар Донишева. — Ба ҷойҳои холии боқимонда фарзандони оилаҳои маҳаллаҳои наздик қабул карда мешаванд. Инчунин, дар боғча 22 нафар занони хизматчиёни ҳарбии дорои маълумоти педагогӣ ба кор қабул карда шуданд. 
Ҳамин гуна ҳодисаи хурсандибахш дар қисми ҳарбии сарҳад дар ҳудуди ноҳияи Янгиободи вилоят низ ба амал омад. Дар ин ҷо 12 хона барои оилаҳои марзбонон сохта ба истифода дода шуд. 
Дар чорабинӣ ба муносибати супурдани калиди хонаҳои нав ба соҳибонашон фармондеҳии нерӯҳои марзбонӣ, намояндагони ҳокимияти ноҳия ва ҷомеаи васеъ ширкат варзиданд. 
— Имсол Рӯзи муҳофизони Ватан барои оилаи мо ид болои ид хоҳад буд, — мегӯяд капитан Валиҷон Юлдошев, ки соҳиби яке аз хонаҳои нав шудааст. — Хона се ҳуҷра дорад, ҳама шароит мавҷуд. Ман ва оилаам аз ин ғамхорӣ миннатдорем. 
Дар вилояти Ҷиззах чорабиниҳои ҳарбӣ-ватандӯстӣ ва ба истифода додани иншооти нав дар арафаи Рӯзи муҳофизони Ватан идома доранд.

 Т.БЕКНАЗАРОВ, 
мухбири ӮзА.
Суратгир: 
Ҷ. ЁРБЕКОВ (ӮзА).

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: