Оила барои ҳар яки мо такягоҳи боварнок ва манбаи мадад шуда омадааст ва ҳамеша ҳамин тавр хоҳад монд, он бахти модарӣ ва падарӣ ҳадя менамояд, хулқу атвор ва арзишҳои ҳаётии насли ҷавонро тарбия сохта ва ташаккул мебахшад, дар тараққиёти ҷамъият, тарбияи ҷавонон ва дастгирии авлоди куҳансол аҳамияти дараҷаи аввал касб менамояд.
Дар арафаи Рӯзи байналхалқии оила Маркази омӯзиши фикри ҷамоатии ҷумҳуриявии «Ижтимоий фикр» таҳти мавзӯи «Ӯзбекистониён дар бораи оила: тасаввур ва устувориҳо» пурсуҷӯи телефонӣ гузаронд. Дар он аҳолии ҳамаи ҳудудҳои ҷумҳурӣ, мардон ва занон, пиру ҷавон, сокинони шаҳру деҳот иштирок карданд.
Дар мамлакатамон масъалаҳои мустаҳкамсозӣ ва рушди институти оила, арзишҳои оилавии анъанавӣ, ҳифзи солимии модар ва тифл, пуштбонии иҷтимоии оилаҳо, рағбатноксозии рушди демографӣ ва баланд бардоштани фаровонии оила, таҳкими салоҳияти тарбияи оилавӣ, беҳсозии муҳити маънавию ахлоқии оилаҳо яке аз самтҳои устувори сиёсати давлатӣ ҳисоб меёбад.
Пурсуҷӯи фикри ҷамоатӣ ба ҳар як инсон арзиши асосӣ будани оиларо тасдиқ менамояд. Ба шаҳрвандон оиди фаъолнокии ҳаётӣ, иҷрои кори бомуваффақият, бартарафсозии душвориҳо ва забти марраҳои баланд кумак мерасонад.
Дар тафаккури иҷтимоии ӯзбекистониён асоси ҷамъият ва давлат будани оила ифода ёфтааст. Назар ба фикри аксарияти аҳолӣ таъмини яклухтии ҷамъият ва давлат, мустаҳкамсозии он, гузоштани пойдевори мустаҳкам дар таъмини осудагию фаровонии мамлакат мақсади асосӣ ва вазифаи иҷтимоии аҳолӣ мебошад. Дар рафти пурсуҷӯ шаҳрвандон таъкид сохтанд, тавассути оила ивазшавии авлод рӯй медиҳад, инсон ба дунё омада ва наслашро идома мебахшад, тарбияи бачаҳо дар зинаи аввал, ғамхорӣ ба пиронсолону ниёзмандон барин вазифаҳои олиҷаноб ба амал мебарояд.
Таҳлили натиҷаҳои тадқиқоти гузарондашуда дастгирӣ ёфтани оила аз ҷониби давлат, самаранокии таъмини фаровонии ои-лавӣ, аз ҷумла, офаридани шароитҳои молиявӣ, иқтисодӣ ва иҷтимоию психологиро тасдиқ намуд. Ба саволи «Ба фикри шумо, солҳои охир институти иҷтимоии оила дигаргун гашт?» ҳар респонденти дувум «оила мустаҳкам гашт ва боз ҳам барқарор гардид», гӯён ҷавоб дод. Ба ақидаи шаҳрвандон, ба ҳамаи ин аз ҷониби давлат баланд бардоштани дараҷаи зиндагии оилаҳо, фаровонии шаҳрвандон, дастгирии арзишҳои оилавӣ дар ҷамъият, тарғиби фаровонии оила, пурзӯрсозии чораҳои дастгирии оилаҳои ҷавон, рушди инфрасохтори иҷтимоии хидматрасонӣ ба оилаҳо, кумаки психологӣ ва тиббӣ ба хонадон, ба амал баровардани лоиҳаҳое, ки ба ҷорӣ сохтани сиёсати иҷтимоии нав нигаронида шудаанд, кумак мерасонад.
Барпои оила ҷараёни масъулиятнок ва мураккаб буда, дар аксарият ҳолот дар симои он муносибатҳои ҳамоҳангу мустаҳкамро офаридан мумкин, дар баъзе ҳолатҳо ин тавр намешавад. Мутахассисони маркази «Ижтимоий фикр» барои офаридани оилаи бахтнок ва фаровон зарурияти ин гуна шароитҳоро тавассути пурсуҷӯ аниқ сохтанд. Мувофиқи маълумотҳои расида, иштирокдорони пурсуҷӯ бовар доранд муҳаббат ва ҳурмати байниякдигарии зану шавҳар, «якҷо ҳаёт гузарондан, паҳлӯ ба паҳлӯ бартарафсозии мушкилот ва ҳисси хурсандии онҳо аз ғалабаи умумӣ» асоси оила ҳисоб меёбад. Респондентҳо, айни замон, барои барпои оилаи мустаҳкам зарурияти мустақилияти молиявии зану шавҳарро таъкид сохтанд. Ҳамчунин гуфта гузаштанд ҳамоҳангии маънавии ҷавонон, нуқтаи назари ҳаётӣ ва арзишҳои он, дараҷаи иҷтимоию маълумот, монандии аҳволи моддии зану шавҳар ба таҳкими робитаҳои оилавӣ таъсири эҳсосшаванда мерасонад. Назар ба нишондоди натиҷаи пурсуҷӯҳо, барои нигоҳ доштани оила ба манзили доимии алоҳида соҳиб будан, солимии ҷисмонии зану шавҳар, қобилияти фарзанди солим дидан муҳим мебошад. Дар тадқиқот таҳти назари ӯзбекистониён аниқ шуд, ки чи гуна оиларо бахтнок ва фаровон гуфтан мумкин. Ҷавобҳои аз респондентҳои гирифташуда ҳаминро нишон дод, дар оилаи бахтнок ва фаровон ҳамдигарфаҳмии аъзо, омодагӣ ба кумак, муҳаббати тарафайн, кушодадилӣ ва бахшояндагӣ, фаровонии моддӣ, мавҷудияти муҳити осудагӣ ва хайрхоҳӣ чизи асосӣ мебошад.
Назар ба натиҷаҳои пурсиш, 47,1 фоизи иштирокдорон оилаҳои анъанавӣ буда, дар онҳо мард саробони оила ҳисоб меёбад, ҳуқуқи қабул кардани қарори охирин оиди масъалаҳои асосии оилавии ба ҳар як узв мутааллиқ ба вай вобаста мебошад. Мард ба буҷаи аҳолӣ ҳиссаи асосиро ҳамроҳ месозад, захираҳои моддии онро тасарруф менамояд, низоъҳои байни аъзои оиларо ҳал мекунад. Дар оилаи Ӯзбекистон тақсимшавии вазифа ва ӯҳдадориҳо низ ба навъи анъанавии оила мувофиқ меафтад, дар он мард ҷиҳати моддии оиларо таъмин менамояд, зан ба тарбияи фарзанд машғул мешавад, барои аъзои оила шароити мусоиди зиндагӣ меофарад.
Алоҳида таъкид кардан зарур аст, ки дар мамлакат ҷараёни демократикунонии муносибатҳои оилавӣ рӯй медиҳад, аз се як қисми оилаҳо муносибатҳоро дар асоси баробарҳуқуқии зану шавҳар барпо менамоянд, масъулият барои оиларо баробар ба зимма мегиранд, қарорҳои муҳим оиди оила ва аъзои онро якҷо қабул менамоянд, ба буҷаи оила ҳамроҳ ҳисса мегузоранд, дар тақсими он якҷоя машғул мешаванд.
Аксарияти мутлақи ӯзбекистониён, яъне 94,2 фоиз дар фикри он ки мазмуни асосӣ ва қадрияти оилавӣ иборат аз ба дунё овардани фарзандон ва тарбияи онҳо мебошад. Тавре респондентҳо бовар доранд, ҷиҳати офаридани шароитҳо дар рушду тарбияи фарзандон падару модар ба дараҷаи баробар бояд масъулият ҳис намоянд, таълим ва тарбияи хуб додан, офаридани шароити мусоиди зист бошад, бояд самти асосии масъулияти волидон дар назди фарзандҳо қарор гирад. Падару модарон дар фарзандони худ, аввало, эҳсоси меҳру муҳаббат, оқибат ва шафқат, садоқат ба Ватан, якдигарфаҳмию ҳурмат, масъулият, қадр сохтани шаъни худро бояд тарбия намоянд, бовар доранд пурсидашудагон. Респондентҳо ба бачаҳо омӯзондани соҳибкорӣ, ривоҷи саъй ба меҳнат, таълим ва дониш барин фазилатҳоро муҳим меҳисобанд.
Умуман гирем, назар ба нишондоди пурсиши телефонӣ, оила барои ӯзбекистониён арзиши ноёб ва бемонанд ҳисоб ёфта, шаҳрвандон ҳаёти худро бе оила, меҳру муҳаббат, бачаҳо, муносибатҳои занушавҳарӣ ва муносибатҳои хешутаборӣ тасаввур карда наметавонанд. Назар ба фикри ҷамоатчигӣ, оила арзиши асосии ҳаётӣ, пойдевори ахлоқии ҷамъият, чашмаи маънавиёт, нигоҳдорандаи анъана ва урфу одатҳои миллӣ, институти муҳими иҷтимоии таъмингари тарбияи авлоди муносиб ва таҷрибаи иҷтимоиро ба авлодҳо дастраскунанда шуда мемонад.
Маркази омӯзиши фикри ҷамоатии ҷумҳуриявии
«Ижтимоий фикр».
ӮзА.