ОИЛАИ СОЛИМ – ҶОМЕАИ СОЛИМ

Имрӯзҳо занон дар ҳама соҳаҳо фаъол буда, дар рушди ҳамҷиҳатӣ ва хотирҷамъии ҳаёти оилаву ҷамъият нақши муҳим доранд.

Оре, ҳаётамонро бе занон тасаввур карда наметавонем. Онҳо баробари дар соҳаҳои иҷтимоиву маънавӣ, ҳаёти сиёсиву иқтисодии мамлакат фаъол иштирок кардан, дар оила баҳри саломатӣ ва тарбияи фарзандон саҳмгузорӣ мекунанд.
Барои таъсис додани механизмҳои самарабахши дастгирии ҳамаҷонибаи бонувон, мустаҳкам ва солим кардани муҳити маънавиву ахлоқӣ дар оилаҳо Фармони Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон «Дар бораи чораҳои куллан такмил додани кор дар соҳаи дастгирии занон ва мустаҳкам кардани идораи оила» аз 2 феврали соли 2018 қабул гардид. Мувофиқи Фармон дар ҳама вилоят, шаҳр ва ноҳияҳои ҷумҳуриамон марказҳои илмиву амалии тадқиқотии «Оила» ба фаъолият шурӯъ кард.
Аз моҳи майи соли ҷорӣ дар ноҳияамон низ фаъолияти Маркази илмиву амалии тадқиқотии «Оила» ба роҳ монда шуд. Мустаҳкам намудани идораи оила сиёсати давлатӣ буда, пеш аз ҳама, барои ба ҳаёт татбиқ кардани ғояи асосии  «Оилаи солим – ҷомеаи солим»-ро дар назар дорад, вазифаи асосии марказ ба шумор меравад.
Инчунин, омода кардани наврасон ба ҳаёти мустақил, мустаҳкам кардани оила, таърих, маданият ва суннатҳои деринаи оилавӣ, оммавӣ гардонидани таҷрибаи бойи оилаҳои намунавӣ, сари вақт пешгирӣ намудани вазъиятҳои зиддиятнок ва беҳтар кардани муҳити иҷтимоӣ ва маънавии оилаҳо, аз байн бардоштани ҳар гуна таъсироти зараровар, пешгирии ҷудошавии оилаҳо мадди назар гирифта шудааст.
Дар ин ҷода бо ҳамкории кумитаи занону духтарони ноҳия тадбири «Ҳафтаи оилаи мустаҳкам» баргузор гардид. Инчунин дар маҷлисгоҳи коллеҷи касбу ҳунари хидматрасонии маишии Поп байни 77 ҷамоати шаҳрвандони маҳаллаҳо «Нақши варзиш баҳри мустаҳкамии оила»  мусобиқаи волейбол баргузор гардида, ғолибон бо туҳфаҳои хотиравӣ сарфароз гардиданд.
Дар Маркази маданият ва истироҳати ноҳия озмун-азназаргузаронии «Оилаҳои намунавӣ» баргузор гардида, дар он шаш оилаи намунавӣ иштирок намуд. Озмуни мазкур дар дили тамошобинон нисбат ба оилаҳои намунавӣ эҳтироми дучанд пайдо кард.
Мо минбаъд низ барои фаровонӣ ва аҳлу  тифоқии ҳар як оила корҳои тарғиботӣ ва ташвиқотиро ба роҳ мемонем ва чорабиниҳои муфид меандешем.

Ойхон ОРТИҚОВА,  
роҳбари Маркази илмиву амалии тадқиқотии
«Оила»-и ноҳияи Попи вилояти Намангон. 

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: