Дар рафти пурсиши телефонӣ дар ин мавзӯъ, ки аз ҷониби Маркази ҷумҳуриявии омӯзиши афкори умум “Ижтимоий фикр” гузаронида шуд, таъсири тартиби худмаҳдудкунӣ ба муносибатҳои байниоилавӣ ва байнишахсӣ зоҳир гардида, муносибати зану шавҳар, фарзандон ва падару модарон мавриди омӯзиш қарор гирифта, омилҳоеро, ки ба пайдоиш ва шиддат ёфтани муноқишаҳои оилавӣ мусоидат мекунанд, муайян карда шуданд.
Дар рафти пурсиши телефонӣ дар ин мавзӯъ, ки аз ҷониби Маркази ҷумҳуриявии омӯзиши афкори умум “Ижтимоий фикр” гузаронида шуд, таъсири тартиби худмаҳдудкунӣ ба муносибатҳои байниоилавӣ ва байнишахсӣ зоҳир гардида, муносибати зану шавҳар, фарзандон ва падару модарон мавриди омӯзиш қарор гирифта, омилҳоеро, ки ба пайдоиш ва шиддат ёфтани муноқишаҳои оилавӣ мусоидат мекунанд, муайян карда шуданд.
Дар пурсиш сокинони тамоми минтақаҳои кишвар, мардону занон, ҷавонон ва калонсолон, сокинони шаҳру деҳот ширкат варзиданд.
50,2 дарсади шаҳрвандон оилаҳои нуклеарӣ, ки аз ду волидайн ва фарзандони онҳо иборатанд, доранд. 36,9 фоизи иштирокчиёни пурсиш оилаҳои се наслро доранд, ки дар онҳо ҳамсарон /падару модарон, фарзандон ва намояндагони насли калон, бибию бобоҳо дар як оилаи муштарак зиндагӣ мекунанд. Тибқи пурсиши телефонӣ 6,4 фоизи пурсидашудагон дар оилаҳои танҳо зиндагӣ мекунанд. 3,6 фоизи пурсидашудагон хабар доданд, ки оилаашон аз ду нафар (шавҳар ва зан) иборат аст: инҳо асосан посухгӯяндагони калонсоланд, ки фарзандон оилаи худро бунёд намуда, аз падару модар алоҳида зиндагӣ мекунанд.
37,8 фоизи оилаҳои дар худмаҳдудкунӣ қарордошта вазифаҳои хонагиро аз нав тақсим карданд. Муддати тӯлонӣ дар фазои канораҷӯӣ шудан ҷалби мардонро ба корҳои хона ва муошират бо кӯдакон афзоиш додааст. Ба гуфтаи пурсидашудагон, тартиби худмаҳдудкунӣ ба онҳо имкон додааст, ки вақт ва эътибори худро на танҳо ба тарбия, балки ба таълими кӯдакон, фароғати муштарак сарф кунанд.
Ҳамзамон, дар қисми зиёди шаҳрвандон (60,6 фоиз) – маҷбуран дар хона ҳузур доштани тамоми аъзои оила ба тақсимоти вазифаҳои хонагӣ таъсир нарасондааст. Қисми асосии онҳо дар давраи худмаҳдудкунӣ низ ба зиммаи занон вогузор шуданд. Барои мардон мавқеи аз ҳама муҳим дар сохтори вазифаҳои хона хариди хӯрокворӣ ва молҳои зарурати аввал ва нигоҳубини қитъаи наздиҳавлӣ мебошад.
Ба ақидаи аксари шаҳрвандон, оилаҳои онҳо фазои мусоиди психологӣ доранд, ки бо ҳамбастагӣ, муносибатҳои дӯстона, хушмуомила ва ҳисси амният тавсиф мегарданд. Таҳлили ҷавобҳои пурсидашудагон нишон медиҳад, ки оила дар ҳаёти ӯзбекистониён такягоҳи мӯътамад буда, ба вазъи мавҷудаи марбут ба паҳншавии сирояти коронавирус дар кишвар ва ҷаҳон, ҷорӣ намудани чораҳои карантин ва режими худмаҳдудкунӣ эътимод мебахшад.
Дар ҷараёни омӯзиш паҳлӯҳои гуногуни муноқишаҳои оилавӣ, ихтилофҳо дар муносибатҳо омӯхта шуданд.
Тавре ки натиҷаҳои пурсиши телефонӣ нишон доданд, зану шавҳар аксар вақт ба низоъ дучор мешаванд: пурсидашудагон қайд карданд, ки дар оилаи онҳо байни зану шавҳар ихтилоф ба вуҷуд меоянд. Низоъҳои «падарон ва фарзандон» баъд аз моҷарои зану шавҳар дар ҷойи дуюм меистад. Баъзе пурсидашудагон посух доданд, ки дар оилаҳои онҳо байни бачаҳо нофаҳмиҳо ва муноқишаҳо ҷой доранд. Яке аз мушкилоти дардноки оилаи ӯзбек муноқишаи хушдоман ва келин мебошад.
Ба ақидаи пурсидашудагон, сабаби ҷанҷолҳо аз як тараф, зулми зани калонсол, саъйи ӯ ба назорати пурра аз болои арӯсаш бошад, аз ҷониби дигар, омода набудани зани ҷавон ба ҳаёти оилавӣ ва бо сабаби синну сол ва набудани таҷриба аз ӯҳдаи корҳои хона баромада натавонистани ӯ мебошад.
Пурсиши телефонӣ нишон дод, ки сабабҳои асосии муноқишаҳои оилавӣ набудани ҳамдигарфаҳмӣ дар байни аъзои оила; ҷанҷолҳо дар заминаҳои маишӣ, мушкилоти моддӣ; муносибати бемасъулиятона ба ӯҳдадориҳои оилавӣ; саъйи ҳукми худро гузарондан ва бечуну чаро тобеи худ гардондани яке аз ҳамсарон мебошанд. Баъзе шаҳрвандон яке аз сабабҳои муноқишаҳоро дуру дароз дар хона мондани ҳамаи аъзои оила меноманд.
Чораҳои ҷаҳонии карантин ва тартиби худмаҳдудкунӣ, ки ҷавобан ба пандемияи коронавирус ҷорӣ карда шудааст, ба зиёд шудани муноқишаҳои оилавӣ ва афзоиши ҳодисаҳои зӯроварии хонагӣ дар тамоми ҷаҳон оварда расонд. Мувофиқи маълумоти СММ, ҳар зани сеюм дар ҷаҳон бо зӯроварии хонаводагӣ рӯбарӯ мешавад.
Дар давраи мубориза бо сирояти коронавирус Комиссияи оид ба баробарии гендерии Ҷумҳурии Ӯзбекистон бо мақсади ҳифзи ҳуқуқҳои занон, пешгирии зулм ва зӯроварӣ нисбати онҳо хидмати кӯмак ташкил намуд. Бо шарофати ин, аъзои оилае, ки аз ҷониби хешовандонашон зулм мебинанд, метавонанд ёрии воқеии тахассусӣ ва дастгирии равонӣ гиранд.
Иштирокчиёни пурсиши телефонӣ қайд карданд, ки аъзои дигари оила низ мавриди муносибати бешафқатона қарор мегиранд. Ба гуфтаи пурсидашудагон, одамони калонсол хеле кам, аммо ба ҳар ҳол қурбони зӯроварии хонаводагӣ мешаванд, чунки бар асари синну сол хислат ва рафтори онҳо тағйир меёбад, ки метавонад ба аъзоёни оила мушкилот ба бор орад.
Бинобар ақидаи 63,1 фоизи иштирокчиёни пурсиш, оила мустаҳкамтар ва устувортар гардида, муносибатҳои байни аъзои он беҳтар шуданд, бисёр пурсидашудагон қайд карданд, ки онҳо ҳақиқати ҳикмати машҳури «Хонаи ман – қалъаи ман»-ро дарк ва ҳис намуда, якдигарро аз нав кашф карда, қадр намудани нуқтаи назар, манфиат ва озодии шахсии шахсони наздик, аз муошират бо ҳамдигар қаноатмандӣ ҳосил намуданро омӯхтанд. Мувофиқи 13,6 фоизи пурсидашудагон тартиби худҷудосозӣ дар хона озмоиши воқеии устувории оилаҳо буд, зеро онҳо таъсири манфии зарурати муддати дароз якҷоя будан ва қобилияти тағйир додани вазъро аз сар гузарониданд.
Пурсиш нишон дод, ки 71,9 фоизи шаҳрвандон эҳсоси мусбат, рӯҳияи мӯътадил ва ҳатто ором доранд.
21,9 фоизи аҳолӣ сатҳи мӯътадили изтиробро эҳсос мекунанд, ки ин бо сабабҳои объективӣ – хатари паҳншавии сирояти коронавирус, бозистодани баъзе корхона ва ташкилотҳо, ҳис кардани он ки вазъи эпидемиологӣ ва иқтисодии кишвар ба қобилияти дастгирии оила, тарбияи фарзандон, кӯмак расондан ба волидони пиронсол на танҳо ҳоло, балки дар оянда низ таъсир хоҳад кард, ба миён меояд.
Умуман, натиҷаҳои пурсиши телефонӣ нишон доданд, ки аксарияти ӯзбекистониҳо тартиби худҷудосозиро на дар алоҳидагӣ, балки дар назди наздикону хешовандон мегузаронанд. Ин бешубҳа як бартарие дорад, ки аъзои оиларо барои муттаҳидшавӣ аз таҳдиди хатари сирояти коронавирус, баланд бардоштани ҳисси масъулият барои саломатии худ ва наздикони онҳо ва бартараф кардани мушкилот дар ҳамоҳангӣ ва саъю кӯшиши муштарак мусоидат мекунад.
Шаҳрвандон ба шароити худҷудосозӣ, тақсимоти ӯҳдадориҳои хонавода мутобиқи хусусиятҳои инфиродии аъзои оила ва ҳолатҳои нави объективӣ бомуваффақият мутобиқ мешаванд, ки ин муносибатҳои онҳоро боз ҳам созгортар месозад. Маҳз оила, ки маркази ҳамкории наслҳост, дар паси сар намудани озмоишҳое, ки дар ин рӯзҳои вазнин дучор омадаем, ба мо кӯмак мекунад ва қувва мебахшад.
Тибқи маводи Маркази ҷумҳуриявии омӯзиши афкори умум «Ижтимоий фикр»
О.ХАРЧЕНКО тайёр кард. ӮзА.