ОИЛАҲОИ ЭҲТИЁҶМАНД СОҲИБИ ХОНАҲОИ ЗАМОНАВӢ ШУДАНД

Дар шаҳри Марғелон ҳафт бинои панҷошёнаи замонавӣ сохта ва мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифт.

Аъзои сесаду ҳаштод хонаводаи шаҳр бо шодиву сурур маросими бурёкӯбонро барпо намуданд. Ин хонаҳои баландошёна дар ҷамоати шаҳрвандони  «Зӯҳро» қомат афрохт ва ба ҳусни  шаҳр ҳусни тоза зам намуд.
Дар маросими супурдани калиди хонаҳо ҳокими вилоят, узви Сенати Олий Маҷлиси Ҷумҳурии Ӯзбекистон Шӯҳрат Ғаниев ширкат намуд. 
– Ҳамаи ин корҳо дар шаҳраки Бофандагон мувофиқи барномаи «Маҳаллаи обод» сурат гирифт. Ҳадафи асосии ҳукуматамон беҳтар намудани шароит, маишат ва зиндагии мардуми мо мебошад. Дарвоқеъ, хонаҳои баландошёна дар асоси талаботи меъмории замонавӣ бунёд гардидаанд ва аз ҳар нигоҳ хеле зебо ва мақбул мебошанд, – гуфт Шӯҳрат Ғаниев.
Сонӣ вай меҳмони бархе аз хонаводаҳое шуд, ки дар ин мавзеъ соҳиби манзили нави замонавӣ шудаанд. Ҳокими вилоят ба шодиву нишоти аъзои ин хонаводаҳо шарик шуд ва онҳоро ба муносибати бурёкӯбон аз номи ҳокимияти вилоят самимона муборакбод намуд.
Қайд кардан ҷоиз аст, ки биноҳои истиқоматӣ дар ҷойи биноҳои кӯҳнаву фартути якманзилае қомат афрохтаанд, ки дар нимаҳои аввали асри гузашта сохта шудаанд ва дар байни мардум ба унвони «барак» ёд мешаванд. Ин биноҳо аз хонаҳои ду ва се утоқа иборат аст. Нархи хонаи дуутоқа 108 миллион сӯм ва нархи хонаи сеутоқа 136 миллион сӯм буда, пардохти ибтидоии он бисту ҳафт миллион сӯмро ташкил мекунад. Соҳибони хона пардохти маблағи боқимондаро аз ҳисоби вом дар муддати понздаҳ соли баъд месупоранд. 
Дар бунёд ёфтани хонаҳои истиқоматии ҷамоати шаҳрвандони «Зӯҳро»и мавзеи Бофандагон саҳми корхонаи сохтмони «Водийпарсервис» ва Ҷамъияти масъулияташ маҳдуди «Жорий қурилиш сервис» хеле калон мебошад. 
– Хурсандии моро ҳадду канор нест. Солҳои дароз орзу мекардем, ки дар хонаҳои замонавӣ ва дорои шароити беҳтар зиндагӣ кунем ва фарзандону наберагонамон низ аз чунин шароити фарогир бархурдор бошанд, – мегӯяд бо хурсандиву хушҳолии том соҳиби яке аз ин хонаҳо Шарифахон Зокирова. – Дар моҳи мубораки Рамазон соҳиби хонаи нав шудани ҳамаи мо низ маънои рамзӣ дорад, албатта. Шукр мегузорем, ки шаҳрванди чунин кишвари озоду обод ҳастем, – бо шавқ илова намуд ҳамсуҳбати мо.
Ногуфта намонад, ки маросимҳои бурёкӯбон дар як қатор деҳаҳои атрофи шаҳри Марғелон низ баргузор гардиданд. 

Мирасрор АҲРОРОВ,
хабарнигори 
«Овози тоҷик».

Вилояти ФАРҒОНА.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: