«ОИНААТ АЗ ЗАНГ БИПАРДОЗ»

Мехостам атрофи ифодаҳои «оинаат аз занг бипардоз» ва «бишӯй авроқ», ки дар истилоҳоти аҳли тасаввуф ва ашъори орифона мавқеи муҳим доранд, баъзе андешаҳоямро рӯйи коғаз оварам.

Мехостам атрофи ифодаҳои «оинаат аз занг бипардоз» ва «бишӯй авроқ», ки дар истилоҳоти аҳли тасаввуф ва ашъори орифона мавқеи муҳим доранд, баъзе андешаҳоямро рӯйи коғаз оварам.
Ҳофизи Шерозӣ фармудааст:
Бишӯй авроқ агар ҳамдарси моӣ, 
Ки илми ишқ дар дафтар набошад.
Шоир гуфтанист, ки мо аҳли тасаввуфем ва агар ту аҳли мактаби мо ҳастию ҳамдарси моӣ ва ҳамфикру ҳамақидаи мостӣ аз хондану навиштан даргузар, варақҳои навиштаатро бишӯй, покиза намо, чунки илми тасаввуф на дар дафтар, балки дар қалб ҷой дорад.
Дертар Бедили бузургвор бо ҳамин мазмун ва нигориши нав фармуда:
Гар огаҳӣ, оинаат аз занг бипардоз,
Эй илми ту масруф ба сияҳ кардани 
коғаз.
Пардохтан – тоза кардан, сайқал додан, ҷило додан. 
Дар истилоҳоти сӯфиён «оина» – қалбро, қалби инсони комилро, дили поки орифро ифода мекунад, яъне истиора аз дили оинасон поки ориф аст.
Дар ашъори аҳли тасаввуф ифодаи «оинаат аз занг бипардоз», ё дигаре ба мазмуни «қалбатро мусаффо намо (аз занг пок кун)» бисёр ба чашм мерасад. Дил ё қалб дар таъбири орифон таҷаллигоҳи анвори илоҳӣ ва воситаи миёни олами ҷисму маънӣ аст. Ба андешаи онҳо, роҳи тасаввуфии пок намудани қалб бевосита ба ишқи Парвардигор пайвандӣ дорад. Олами мутлақ олами рӯҳонӣ,  олами покизагист. Аз ин хотир, инсон баъди пурра пок шудан, ба ин даргоҳ ё олам мерасад. Барои пок шудан бояд дар қалбаш нақши покӣ — муҳаббати беканор ба Худои бузургвор ҷой дошта бошад.
Пас, маънии байти болоии Бедил чунин аст: Агар аз ишқи Парвардигор огаҳӣ «оинаат аз занг бипардоз», қалбатро пок соз, то ба Ҳақ наздиктар шавӣ. Афсӯс, ки илми ту ба «сияҳ кардани коғаз» – навиштанҳои бесамар масруф аст. Ба забони дигар, агар ту дар тулӯъгоҳи рӯҳӣ ё ишқи илоҳӣ ҳастӣ, ба хотири ба меъроҷи он расидан, бояд қалбатро мусаффо намоӣ. Қалбат, ки покиза шуд, ба меъроҷ мерасӣ.
Дар байти боло калимаи «огаҳ» (ё «огоҳ») маънои «бохабар», «воқиф будан», «маълумоти аввалае доштан», «хабардор шудан»-ро дорад. 
Агар «огаҳ»-ро ба мазмуни «донистан» ё «пурра хабар доштан» ё «соҳиби маълумоти пуррае будан» қабул намоем, он гоҳ ҳоҷати «оинаро аз занг пардохтан» нест, чунки дар ин ҳолат каси огаҳ соҳиби қалби мусаффосту ба мақоме расидааст ва зарурате барои «аз занг покиза намудани қалбаш» надорад. Пас, маънои мисраи аввали байти Бедил чунин аст: Агар ту аз ишқи Парвардгор хабаре дорӣ, ё дар ҷодаи ишқ қадаме ниҳодаӣ, бояд қалбатро пок созӣ, на ин ки он огаҳият, илми ночизеро, ки ба даст овардаӣ масруфи беҳуда навиштану хондан («хондан» бо «навиштан» якҷоя вуҷуд доранд) намоӣ.
Каме таваққуф менамоем ба ифодаи «бишӯй авроқ»(варақҳоятро бишӯй, аз «сияҳ кардани коғаз» даст каш), ки дар як давраи муайяни тараққиёти тасаввуф дар ашъори сӯфиён ҷой дошт. Дар мавриди пайдоиши ин ифода олими тоҷик М. Ҳазратқулов дар китобаш «Тасаввуф» (Душанбе, «Маориф»,1988, саҳ.35) чунин овардааст: «Дар аҳди аввали ислом, тақрибан то асри IX сӯфиён ба қаламу коғаз коре надоштанд ва тамоми нақлро муридон аз муршидони худ мешуниданд. Мегуфтанд, ки чун тасаввуф илми иктисобӣ (касб кардан) намебошад, онро бо хондану навиштан аз худ кардан нашояд. Ҳамин масъаларо дар назар дошта, яке аз саромадони афкори ирфонӣ Абӯсайиди Абулхайр (солҳои 967-1049 дар деҳаи Майхона воқеъ дар наздикии шаҳри Марв зиндагӣ намудааст ва тарафдори тариқати «Ҷунайдия» будааст) таъкид намудааст, ки «қадами аввали сӯфӣ шикастани қаламу пора кардани дафтар аст ва ҳар касе бихоҳад аз ишқи сӯфӣ пай барад, бояд худаш ба он бигарояд».
Ин ақидаи сӯфиён чандин сол амал кард, аммо бо мурури замон тағйир ёфт. Дертар аҳли тасаввуф барои ҳимояи нигоҳи худ аз фишори зоҳидони зоҳирпараст ва дигар душманонашон ба навиштани адабиёти тасаввуфӣ («сияҳ кардани коғаз») аз нав оғоз карданд. Масалан, ҳуҷҷатулислом, Имом Зайниддин Абӯҳомид Муҳаммад ибни Муҳаммади Ғаззолӣ (соли 1058 дар шаҳри Тӯс ба дунё омадааст) яке аз бузургони ислом аст, ки пайванд будани пояҳои тасаввуфро бо асосҳои ислом исбот намуд. «Ғаззолӣ бештар ҳамрангии мавқеи исломи суннатиро бо тасаввуф таъкид мекунад ва дар байни ахлоқи аҳли тасаввуф ва таълимоти ахлоқи ислом фарқияти ҷиддӣ намебинад». (Абӯҳомид Муҳаммади Ғаззолӣ, «Кимиёи саодат», ҷилди I, Душанбе – 2008, саҳ.31). Ӯ аз аввалинҳо шуда кӯшише харҷ намуд, то зоҳидонро бо сӯфиён оштӣ диҳад.
Саволе ба миён меояд, ки чаро Бедил «шиор»-и чандсад сол қабл пайдошудаи сӯфиёнро дастгирӣ ва такрор намуда, дар шеъраш аз «сияҳ кардани коғаз» ёд кард. Шояд сабаб он бошад, ки нишондоди дар боло таъкидшудаи Абӯсайиди Абулхайр қудрати худро то давраи ӯ нигоҳ дошта буд. Бале, дар даврони Бедил ҳам барои сӯфӣ мусаффо намудани қалб ҳамчун роҳи асосии расидан ба кибриё монд ва ҳамаи дигар амалҳо, аз он ҷумла «сияҳ кардани коғаз», қимате дар ин ҷода надоштанд. Аз ин рӯ, Бедил ҳақ буд.
Умуман, бояд таъкид намоем, ки дар ҳама даврон асоси тасаввуф пок, мусаффо намудани қалб мебошад. Фақат қалби пок оинаи инъикоскунандаи ишқи Илоҳӣ шуда метавонад. Аҳли тасаввуф пайваста исбот менамуданд, ки солик набояд бо доштани тараққиёти ақлӣ ва донишҳои замонавӣ қаноат кунад. Ба вай зарур аст, ки рӯҳашро қавӣ гардонида, бо роҳи мусаффо намудани қалб ба тарафи камолот ҳаракат намояд, худро торафт мукаммал созаду дар ин ҷода мақому мартабаҳои нав ба навро соҳиб гардад. Ба ин хотир, бояд роҳи муайяни рӯҳию маънавӣ, яъне тариқатро тай намояд ва маҳдудиятҳои сахту қатъӣ ва маҳрумиятҳоро аз сар гузаронад. Агар ин амалҳоро иҷро нанамояд, рӯҳаш бар тан, нафс ва табиат ғолиб намеояд. Ин аст роҳи ба асли хеш — Руҳи мутлақ наздик шудан.
Андешаҳои болоро то давраи Бедил Мавлонои Балхии Румӣ низ дар китобаш «Девони кабир» дастгирӣ намуда буд:
Гар қасди шумо дидани он каъбаи 
ҷонҳост,
Аз дил рухи оина ба сайқал 
бизудоед.
Каъба — ба маънои ҷойи азиз ва мавриди эҳтирому муҳаббат; ҷон — рӯҳ, равон, киноя аз маҳбуб, маъшуқа; каъбаи ҷонҳо — Худованд, даргоҳи Худо, Олами руҳонӣ; зудудан — пок кардан, чизеро аз занг ё чирк тоза кардан.
Дар байти боло сухани Мавлоно қатъист: агар мақсади шумо васли Ёр бошаду орзуи биҳишт – даргоҳи Худовандро дар дил парваред (чунки дар он ҷо ба васл мушарраф хоҳед шуд), аз рухи чун оинаи дилатон занг, чиркиниҳоро дур созед ва онро сайқал дода мусаффо намоед. Асосаш ҳамин аст. На ҳоҷати «сияҳ кардани коғаз» асту на чизи дигаре. Фақат мусаффо намудани қалб асту бас.
Мавлонои Балхии Румӣ фикри дар боло овардаашро тасдиқ намуда, дар «Маснавӣ» (дафтари 1, саҳ.5) мегӯяд, ки сабаби ба ишқи Худо ҳассос набудани қалби инсон ҳам он аст, ки аз рӯяш зангор, чиркиниҳо пок нашудаанд, он сайқал дода нашудааст:
Оинат донӣ чаро ғаммоз нест,
З-он, ки зангор аз рухаш 
мумтоз нест.
Ғаммоз — суханчин, суханчини гузаро; мумтоз — боимтиёз, сарбаланд.
Дил назаргоҳи Ҳақ аст, агар он пок бошад. Ин покизагиро бо лутфи Парвардигор ва иршоди пир сӯфӣ бо кӯшишу азму иродаи худ ба даст меорад. Пас, роҳ аён асту ғайри пок намудани қалб дигар ҳоҷате нест.
Маълум аст, ки худшиносӣ худошиносӣ аст. Ба худшиносӣ низ бо тавбаю тақво, пок сохтани қалб ва рӯҳ, обутоб додани ақлу шуур мерасем. Фақат бо ҳамин роҳ рӯҳ ба асли худ бармегардад, яъне мусаффо мешаваду уруҷ менамояд. Ба ақидаи сӯфиён зотан рӯҳи инсон аз олами Илоҳӣ нузул карда, дар инсон қарор мегирад. Аз ҳамин нуқта барои боло рафтан боз мубориза оғоз меёбад. Рӯҳ бо ҷисм мубориза бурда, онро тарк менамояд ва ба мақоми худаш пас мегардад. Аз ин ҷо, ба хулосае меоем, ки инсон барои ба камолот расидан имкониятҳои зиёдеро соҳиб аст, аммо мусаффо намудани қалб барояш аз ҳама муҳим мебошад. Ин тасдиқотро аҳли тасаввуф дар ашъор бо ҳар забон гаштаю баргашта такрор менамуданд, ки намунаҳои онро дар боло овардем.
Бо кадом роҳ қалбро мусаффо намоем? Ин мавзӯъ бисёр муҳим асту оиди он ақидаҳои зиёди ҷолиб то ба мо расидаанд. Мо онро ба тарзи бисёр кӯтоҳ шарҳ медиҳем. Ҷолиби диққат аст, ки ҳанӯз дар қарни ёздаҳ М. Ғаззолӣ оиди ин масъала чунин гуфта буд: «Ва дил ҳамчун оина равшан аст. Ва ин ахлоқи зишт чун дуде асту зулмате, ки ба вай мерасад ва вайро торик ҳамегардонад, то фардо Ҳазрати Улуҳийят набинаду маҳҷуб (нопадид, пинҳон) шавад. Ва ин ахлоқи некӯ чун нуре аст, ки ба дил мерасад ва вайро аз зулмату маъсият мезудояд. Ва барои ин гуфт Расул (с): «Аз пайи ҳар зиштӣ накӯие бикун, то онро маҳв кунад... Ва дили одамӣ дар ибтидои офариниш чун оҳан аст, ки аз вай оинаи равшан биояд, ки ҳамаи олам дар вай бинамояд, агар вайро чунонки бояд нигоҳ доранд; ва агар на, ҷумла зангор хӯрад ва чунон шавад, ки низ аз вай оина наояд». (М. Ғаззолӣ, «Кимиёи саодат», ҷилди I, саҳ.104-105).
Ду байтро аз Бедил меорем, ки андешаҳои болоро тасдиқ мекунад.
Зи ҳастӣ ҳар чӣ андешӣ, 
ғубори дил муҳайё кун,
Кусуфи офтоб оинаи арзи нафас 
бошад.
Кусуфи офтоб – гирифтани офтоб. «Фикру андешаи олами имкон ғуборест, ки дили туро тираву муқаддар месозад, яъне ихтилот ба дунёи моддӣ дили софи туро ғуборолуд мекунад. Дил, ки ғубор гирифт, хосияти маъшуқнамоии худро гум мекунад. Ғубори дили ту, ки дар асари андешаи ҳастӣ пайдо шудааст, ба кусуфи Офтоб мемонад, ки дар натиҷаи арзи нафас, яъне изҳори ҳастӣ кардан, ба миён омадааст» (Б.А.Раҳимӣ, «Шарҳи шаст ғазали Бедил», Душанбе – 2004, саҳ.172).
Дил агар дар ҷаҳд кӯшад, муфти 
эҳроми сафост,
Ҳам ба қадри сайқал аст оби 
вузӯъ оинаро.
Эҳром ба маънои қасду ният; сафо – покӣ, тозагӣ. Эҳроми сафо – қасди покӣ намудан;
Сайқал – ҷилобахш намудани ойина; оби вузӯъ – оби таҳорат, воситаи покизагӣ, василаи ҷилобахшӣ. 
«Аз ҷидду ҷаҳд ва кӯшиши дил покизагӣ ва равшании он афзунтар мегардад. Дил оина аст, оинаро ҳар чӣ бештар сайқал диҳанд, ҳар чӣ бештар дар ҳаракат дароранд, ҷило ва софии он зиёдтар мешавад» (Ҳамон ҷо, саҳ.178).

Наҷмиддин РАШИДОВ, 
шаҳри ТИРМИЗ.
 

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: