ОИНАИ ИМРӮЗУ ФАРДО

“Мо дар назди худ як ҳадафи бузург – ташаккули Эҳёи нав дар кишварамонро гузоштаем ва бо ин мақсад бояд барои тарбияи Хоразмӣ, Берунӣ, Ибни Сино, Улуғбек, Навоӣ ва Бобурҳои нав муҳит ва шароит фароҳам орем...” гуфт Президент дар Муроҷиатномаи худ ба Олий Маҷлис.

“Мо дар назди худ як ҳадафи бузург – ташаккули Эҳёи нав дар кишварамонро гузоштаем ва бо ин мақсад бояд барои тарбияи Хоразмӣ, Берунӣ, Ибни Сино, Улуғбек, Навоӣ ва Бобурҳои нав муҳит ва шароит фароҳам орем...” гуфт Президент дар Муроҷиатномаи худ ба Олий Маҷлис. Ва ҳақ бар ҷониби роҳбари кишвар аст. Зеро бидуни фароҳам овардани муҳит ва шароити мусоид ҷомаи амал пӯшидани мақсад муҳол аст.
Донишгоҳи давлатии Гулистон, инак зиёда аз панҷоҳ сол аст, ки ба рушду камоли илму фан, иқтисодиёт, хоҷагии халқ ва маънавияти ҷамъият хидмат мекунад. Ин даргоҳи маърифат даҳҳо нафар докторҳои илм, номзадҳои фанро ба воя расонд, ки онҳо, бешубҳа, ба пешравии соҳаҳои гуногуни ҷамъият ҳиссагузорӣ кардаанд ва мекунанд. Алҳол барои боз ҳам беҳтар намудани шароити кори олимон, бо китобҳои дарсии замонавӣ, адабиётҳои методӣ таъмин кардани базаи моддию техникӣ, таҷҳизонидани лабораторияҳо ва омӯхтану ба роҳ мондани таҷрибаи пешқадами донишкадаҳои хориҷӣ кӯшиш карда мешавад.
Ба наздикӣ ҷамоаи педагогии донишгоҳ таҳти роҳбарии ректор Муҳсин Хӯҷаев боз як амали хайрро ба анҷом расонданд, ки онро метавон оинаи роҳи беш аз нимасраи ташаккулёбии донишгоҳ номид.
Дар охири соли гузашта аз тариқи нашриёти “Мумтоз сӯз”-и Тошканд “Қомуси Донишгоҳи давлатии Гулистон” ба табъ расид.
– Ба нашр тайёр кардани чунин асари калонҳаҷм меҳнати сангин буд, – мегӯяд яке аз муаллифони китоб, профессори донишгоҳ Равшан Маҳмудов. – Зеро ба ҳар як “қаҳрамон”-и китоб баҳои холисона додан, ҷустуҷӯйи бойгониҳо, ба даст овардани ҳуҷҷатҳои расмӣ ва шахсии солҳои гуногун... вақти зиёд ва сабру тоқат тақозо мекард. Ғайр аз ин, тавре ки маълум аст, қадами аввалин ҳамеша душвориҳои ба худ хос дорад. Таълифи “Қомус”-и донишгоҳ агар саҳв накунам, дар байни мактабҳои олии кишварамон таҷрибаи аввалин аст ва табиист, ки аз камбудӣ, норасоиҳо орӣ нест. Мо умед дорем, ки дар нашрҳои оянда шогирдонамон онро мукаммал мегардонанд.  
Дар навиштани маводи кӯчаки “Қомус” анқариб сад нафар муаллифон – профессорон, дотсентҳо, номзадҳои фан ва муаллимони калон иштирок кардаанд.
Чунонки дар боло ишора рафт, китоби мазкур як навъ оина аст. Дар он баробари имрӯз рӯзгори гузашта низ акс меёбад, ки ба хотираи ширин табдил ёфтааст. Тавассути ин оина аҳли ҷомеаи имрӯзу фардо аз хидмати онҳое, ки ба пойдевори донишгоҳ хишти аввал ниҳода, ба рушду камоли он ҳисса гузоштаанд, воқиф хоҳад шуд, ибрат хоҳад гирифт.

Тӯхтамиши БОҚӢ.
Вилояти СИРДАРЁ.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: