ОИНАИ ТАЪРИХИ РӮЗНОМА

Инак, сӣ сол аст, ки нашрияи Шӯрои намояндагони халқ ва ҳокимияти вилояти Самарқанд – “Овози Самарқанд” чоп мешавад.

Инак, сӣ сол аст, ки нашрияи Шӯрои намояндагони халқ ва ҳокимияти вилояти Самарқанд – “Овози Самарқанд” чоп мешавад. Дар ин сӣ соли пур аз шебу фароз ва бурду бохт ҷамоаи рӯзнома пайваста мекӯшад, то овозаи “Овози Самарқанд” доман паҳн кунад, ҳамқадаму ҳамнафаси замон бошад, соҳиби муштариён ва ихлосмандони бештар гардад.
Китоби тозанашри таҳририяти рӯзнома – «Овози Самарқанд: дирӯз ва имрӯз» бо чунин суханҳо сар мешавад. Бояд гуфт, ки китоб таҳти рукни «Аз китобхонаи «Овози Самарқанд» ба муносибати 30-солагии таъсисёбии рӯзнома нашр гардидааст.
Дар сарсухан оид ба фаъолияти сисолаи рӯзнома, комёбӣ ва дастовардҳо, мушкилӣ ва заҳматҳои корбарӣ сухан рафта, аз ҷумла зикр мегардад: «Сӣ сол аст, ки рӯзномаи «Овози Самарқанд» чун минбари дӯстии халқҳо, инъикоскунандаи дигаргуниҳои сиёсии мамлакат, дастовардҳои иҷтимоӣ, иқтисодӣ ва мадании вилоят камарбаста аст».
Дар ҳақиқат, имрӯз рӯзномаи вилоятии “Овози Самарқанд” аз эътибору ғамхории ҳукумат, бахусус, муассиси рӯзнома – ҳокимияти вилоят бархурдор аст ва чопи китоби тозанашр низ бо дастгирии онҳо сурат гирифт. 
Дар боби аввали китоб мақолаҳои аҳли қалам ва рӯзноманигорон, аз ҷумла Аслиддин Қамарзода, Ғафурҷон Маҳмудов, Тошқул Азимзода, Ҳазрат Сабоҳӣ, Адҳам Ҳайитов ва дигарон дар бораи таърихи таъсиси рӯзнома, талошҳо барои чопи рӯзнома, муваффақиятҳои беназир, меҳнати сидқидилонаи кормандон бобати рангорангу ҷолиб, пурмазмуну хонданӣ кардани саҳифаҳои рӯзнома, мушкилоти раванди кор ва монанди ин ҷой гирифтаанд. 
Дар боби дувум фикру ақида, табрику таҳният, муносибат, таклиф ва тавсияҳои намояндагони пешқадами ҷомеа, олиму донишмандон, шоиру нависандагон, рӯзноманигорон ва дӯстдорони рӯзнома, инчунин, шеърҳои шоирон дар васфи «Овози Самарқанд» ҷойгузин шудаанд.
Дар он табрику муборакбодӣ ва муносибати вакилони пешқадами ҷомеаи Тоҷикистонро низ мутолиа намудан мумкин аст.
Баробари фикру мулоҳизаҳои шоиру нависанда ва олиму ҳунарпешаҳои машҳур, ҳамчун Ҷалол Икромӣ, Сотим Улуғзода, Ботурхон Валихоҷаев, Лоиқ Шералӣ, Гулрухсор Сафиева, Ҷӯрабек Муродов, Фарзона нияту дархостҳои эҷодкорони ҷавон низ ҳастанд.
Дар боби сеюм дар бораи эҷодкорон ва кормандоне, ки тӯли 30 сол дар пешбурди фаъолияти рӯзнома заҳмат кашидаанд, маълумот дода шудааст. Дар он дар бораи сармуҳаррирон Нор Остонзода, Шавкат Баҳромов, Ғафурҷон Маҳмудов, Озодҷон Ҳамидзода, Бахтиёр Ҷумъаев ва Баҳодур Раҳмонов, ҷонишинҳои сармуҳаррир ва кормандони эҷодиву техникии рӯзнома ва ҷамоаи имрӯзаи таҳририят маълумот дода, суратҳо аз лаҳзаҳои фаромӯшнопазири фаъолияти таҳририят ҷойгир карда шудааст. 
Бояд гуфт, ки китоби тозанашр аз гузашта ва вазъи кунунии  «Овози Самарқанд» ҳикоя мекунад ва як навъ оинаи таърихи рӯзнома аст, ки фаъолияти сисолаи таҳририятро инъикос кардааст.

Зоҳир ҲАСАНЗОДА,
хабарнигори «Овози тоҷик» дар вилояти Самарқанд.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: