ОИНАИ ҲАЁТ ВА АНДЕША

Матбуот як ҷузъи ҷудонопазири ҳаёти маънавии мост.

Матбуот як ҷузъи ҷудонопазири ҳаёти маънавии мост. Бинобар он ки дар ҷумҳурии мо миллат ва халқиятҳои зиёд умр ба сар мебаранд, матбуоти даврӣ бо забонҳои гуногун интишор меёбад. Назар ба маълумоти манбаъҳо, дар мамлакатамон бо забонҳои ӯзбекӣ, қароқалпоқӣ, русӣ, қазоқӣ, корейсӣ, тоҷикӣ, туркманӣ, украинӣ ва англисӣ рӯзномаҳо ва маҷаллаҳо ба табъ мерасанд.
Устод Айнӣ дар «Қавми тоҷик ва рӯзнома» ном мақолаи худ таъкид сохта буд «ҳар қавме, ки рӯзнома надорад, гӯё ки забон надорад».
Тоҷикони ҷумҳурии мо, бад-ин маънӣ, якчанд рӯзнома доранд. Ҷуз «Овози тоҷик» ва «Овози Самарқанд», ки нашрҳои ҷумҳурӣ ва вилоятианд, якчанд рӯзномаҳои ноҳиявӣ саҳифаҳои тоҷикӣ доранд, аз қабили «Сариосиё», «Боботоғ тонги», «Бойсун овози» (дар вилояти Сурхондарё), «Гулобод тонги» (вилояти Самарқанд), «Чуст ҳақиқати» (вилояти Намангон).Дар вилояти Фарғона рӯзномаи ноҳиявии «Садои Сӯх» пурра тоҷикӣ ба чоп мерасад. Рӯзномаи хусусии «Ховар», айни замон, ба соҳибзабонон дар саросари ҷумҳурӣ дастрас мегардад. 
Намоишҳои телевизионӣ ба тоҷикӣ дар саҳифаҳои «Рангинкамон», «Чашмасор», «Паёми рӯз» (Тошканд, Тирмиз, Бухоро) ҷолиби диққат. Барномаҳои таваҷҷӯҳангези «оинаи нилгун», ки аз Самарқанд ва Фарғона низ бо забони модариамон пахш мегарданд, бинандагони зиёд доранд. Студияи телевизионии «Сӯх», ки таҳти тасарруфи Ширкати симо ва садои ҷумҳурист, бо тоҷикӣ намоишҳои дархурди замон омода месозад. Гуфторҳо бо тоҷикӣ тавассути радио низ аз якчанд шабака ба гӯш мерасанд.
Ба муносибати Рӯзи кормандони матбуот ва воситаҳои ахбори оммавӣ, ки фаро расида, дар бораи яке аз деринатарин нашрҳои ҷумҳурӣ «Овози тоҷик», ки тӯли солҳои наздик 96-сола фаъолияти худ роҳи шарафнокро тай намуд, таваққуф карданием. Ҳамеша дар дил будани ёди онҳое, ки дар нашр ва тарғиби ягона рӯзномаи умумиҷумҳурӣ бо тоҷикӣ саҳми муносиб ҳамроҳ кардаанд, айни ҳақиқат. 
Бойгонии «Овози тоҷик»-ро варақ гардонда, хаёлан бо бузургоне рӯбарӯ меоем, ки воқеан ситорагони ҳаёти маънавии мо ба шумор рафта, дар равнақи илм, адабиёт, фарҳанг ва журналистикаи тоҷик хидмати босазо кардаанд.
Муҷиби ифтихори мост, ки замонҳое устод Айнӣ низ чун муҳаррири адабӣ дар «Овози тоҷик» фаъолият мебурд ва бо тавсияи ӯ аз Бухоро Пайрав Сулаймонӣ, аз Ӯротеппа Суҳайлӣ Ҷавҳаризода ва Ноил Шерзода, аз Хуҷанд Қурбон Йӯлдошев, аз Фарғона Ҳамза Ҳакимзода Ниёзӣ ба кор даъват карда шуда буданд. С. Ализода, Ф. Роҷӣ, А. Деҳотӣ, С. Ҷавҳарӣ, Ҳ. Юсуфӣ барин адибони тоҷик собиқ кормандони рӯзнома ба шумор мерафтанд.
Академик Бобоҷон Ғафуров дар «Ҳақиқатнигори таърих» ном мақолааш қайд мекунад, асосгузорони адабиёти муосири тоҷик Айниву Лоҳутӣ, шоирон Пайрав, Деҳотӣ, Турсунзода, М. Раҳимӣ, Суҳайлӣ, М. Аминзода, аз нависандагон Ҷ. Икромӣ, Ф. Ниёзӣ, Р. Ҷалил ва дигарон ходимони фаъоли ин рӯзнома буданд. Ман бинобар алоқаманд будан бо «Овози тоҷик» ифтихормандам, – қайд карда буд адабиётшинос ва мутарҷими номӣ Р. Ҳошим, – ин рӯзнома дар таърихи матбуоти тоҷик мавқеи хоса, мавқеи басо ифтихормандонае дорад. 
Ҷ. Икромӣ навиштааст: «Мо ҳамаи масъалаҳои муҳими онрӯзаро аз саҳифаҳои газетаи «Овози тоҷик» меёфтем. Мақолаҳои пурмазмун дар бораи забон, адабиёт, маориф ва маданият, дар бораи хоҷагии қишлоқ ва ғайра дар саҳифаҳои ин газета мебаромаданд».
«Овози тоҷик» тӯли фаъолияти самараноки хеш дар мустаҳкамшавии  риштаҳои дӯстию бародарии халқҳо, хусусан, ҳамкориҳои  ҳарҷонибаи тоҷикону ӯзбекон низ ҳисса гузошт. Аз «Гувоҳномаи дӯстии мо» ном гузориши адиби ӯзбек Асқад Мухтор пайдост, ин рӯзнома дӯстию бародарии аз имтиҳони садсола гузаштаи моро дар пардаҳои баланд тараннум сохт. «Мо нафақат ҳамсоя, ҳамкор ва дӯст мебошем, балки тамоми таърих, тамоми дунёи маънавии мо ҳамчун решаю шохҳои як дарахт пайваста аст. «Овози тоҷик» бошад, дар маркази ҳаёти пурҷӯшу хурӯши республикаамон, ҷабҳаҳои ҷаззобтарин ва шиддатноктарин ҳамеша ҳозиру нозир мебошад», зикр намуда буд А. Мухтор.
Роқими ин сатрҳо аз солҳои  ҳафтодуми қарни гузашта бо «Овози тоҷик» («Ҳақиқати Ӯзбекистон»-и пештара) робитаи мустаҳкам дорад. Тӯли бештар аз чаҳоряк аср шодравонҳо Ш. Ниёзов, М. Умаров ва Р. Норов се шаҳсутуни рӯзнома ва ба корҳои ташкилии он сару бар буданд. Қ. Шамсиев, А. Исҳоқбоев, Т. Раимҷонов, Ҳ. Қиличев, Ҷ. Қувноқов, Т. Олимбоев, Х. Қулдошев, Ш. Мӯсоев, А. Изомов, С. Солиев, М. Қосимов, М. Бобохонов ва даҳҳо дигар рӯзноманигорони чирадаст тақдир ба «Овози тоҷик» пайвастанд, дар гарди осиёби ин нашр мӯйи сар сафед намуданд. Ходими редаксия соати муайяни корӣ надорад.
Мешавад, ки вай сари хабару мақола ва тарҷумаю таҳрири онҳо шабҳои зиёдро дар идора ба саҳар расонад.
Соҳибони қалам М. Отахонзода, Б. Тӯйназаров, Ҳ. Абдувалиев, М.Хоҷаева,  Ю. Мирзоев, Ш. Салимов, М. Шоалиева, Э. Турдиқулов гӯё дирӯзакак дар рӯзнома кор мекарданд. Хуб аст, ки аксари онҳо бо вуҷуди дар нафақа будан ё дар ҷои дигар адои вазифа намудан вақт ёфта, ба коргоҳи қадрдони худ меоянд, ҳамкориро давом медиҳанд, маслиҳатҳои судманд аз ходимони имрӯза, ки ҷумла шогирдонашон мебошанд, дареғ намедоранд. 
Дар рӯзномае, ки А. Қурбӣ, М. Ҳасанов, Ш. Садруллин, Қ. Мирзоев, М. Фозилов, А. Ҳакимов, Ш. Ниёзов, Э. Турдиқулов сармуҳаррирӣ кардаанд, имрӯзҳо Ш. Вакилов, Т. Икромов, А. Нарзиев, Т. Тӯхтаев, А. Субҳонов, Г. Кабирова, Х. Ҳамидов, С. Бекназарова, Н. Нодирова ба сифати роҳбар, муҳаррири шуъба ва ходими эҷодӣ, баробари ин саҳифабанд Х. Тӯхтаева, ҳуруфчинҳо Л. Бобоқулова ва М. Тӯхтаева сидқидилона меҳнат мекунанд.
«Овози тоҷик» айни замон ба мухбирони вилоятии худ А. Авезов, З. Ҳасанзода, М. Аҳроров, А. Муродов, А. Назаров, О. Панҷизода такя менамояд. Рӯзнома боз даҳҳо мухбирон ва алоқамандони доимӣ дорад, ки онро ҳамеша дастгирӣ менамоянд. Умед аст ҷамоаи «Овози тоҷик», ки бо маънои пурра аз соҳибони қалам ва истеъдод ташаккул ёфтааст, ҳаводорон ва муштариёни фидоӣ дорад ва аз ғамхориҳои давлатӣ бархурдор аст, ба қалам ва рӯзномахонҳо ҳамеша садоқатманд монда, баҳри ҷолиб ва хонданбоб баромадани ин нашр вақт, нерӯ ва нури чашми худро дареғ намедорад. Ба қавли Умарзодаи зиндаёд рӯзнома «оинаи ҳаёт ва андешаҳо» монда, онро аз мактаббача то академик бо таваҷҷӯҳ мутолиа мекунанд.

М. ШОДИЕВ, «Овози тоҷик».
 

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: