Бо талошу ҷоннисории равшанфикрон соли 1990 дар асоси қарори ҳукумат дар Самарқанд рӯзнома ба забони тоҷикӣ ташкил шуд, ки тӯли солҳо роҳи пур аз фарозу шебро тай намуд.
Бо талошу ҷоннисории равшанфикрон соли 1990 дар асоси қарори ҳукумат дар Самарқанд рӯзнома ба забони тоҷикӣ ташкил шуд, ки тӯли солҳо роҳи пур аз фарозу шебро тай намуд.
Шумораи сеҳазорумини он рӯйи чопро дид ва ба ин муносибат дар Хонаи матбуоти вилоят ҷамъомади мутантан ба вуқӯъ пайваст.
Сардори Садорати ахбор ва коммуникатсияи оммавии вилоят Манноб Ибодуллоев иброз дошт, ки рӯзномаи ҳокимияти вилоят ва Шӯрои намояндагони халқи вилоят – «Овози Самарқанд» дар олами матбуоти Ӯзбекистон соҳиби мавқеи хосса буда, минбари озоди тоҷикон, оинаи маънавияти онҳост.
Сипас, ҷонишини ҳокими вилоят Хуршед Очилов гуфт, ки нашри мазкур ба таҳкими ғояи «Ӯзбекистони нав – ҷаҳонбинии нав» хизмати шоиста мекунад.
Иштирокчиёни тадбир бо шароити кории ҷамоаи рӯзнома ва осорхонаи матбуоти вилоят, ки аз таърихи матбуоти Самарқанд ҳикоя мекунад, шинос шуданд.
– Танҳо дар ду соли охир қариб 100 миллион сӯм барои мустаҳкамсозии пойгоҳи техникии таҳририят ва мебелу нақлиёт аз ҳокимияти вилоят пешкаш гардид. Маҳз бо ташаббус ва дастгирии ҳокимият қариб ҳазор нафар собиқадорони гузару маҳаллаҳои шаҳру ноҳияҳои вилоят ба рӯзномаи мо бепул обуна шудаанд. Имсол ҳам ин анъанаи нек идома ёфта, аллакай барои соли оянда 590 нафар бепул ба рӯзнома обуна шуданд, ки бешубҳа онҳо аз навидҳои вилоят ба забони худ хабардор мешаванд, – гуфт сардабири рӯзнома Баҳодур Раҳмонов.
Зоҳир ҲАСАНЗОДА,
хабарнигори
«Овози тоҷик».
Вилояти САМАРҚАНД.