Дар ноҳияи Қаршии вилояти Қашқадарё барои сайёҳони дохиливу хориҷӣ, ки ба дидани ин қаламрав омадаанд, маркази тафреҳии «Okean» дари худро боз намуд.
Ин маркази туризму дилхушиҳо дар маҳаллаи «Қуйи Бешкент»-и ноҳия ҷойгир шуда, аз ҷониби ҶММ «Oktam Fish» барпо гардидааст. Маркази тафреҳӣ ҳудуди як гектар майдонро фаро гирифта, як гӯшаи онро шаршараи сунъӣ зеб медиҳад, ки дар айёми гармо ҷойи дӯстдоштаниест. Инчунин ҳавзҳои шиноварӣ, майдончаҳои волейболу минифутбол, нуқтаҳои замонавии фурӯшу омода сохтани ғизоҳои милливу хориҷӣ бахшҳои асосии марказ ба шумор рафта, ба ҷалби ҳарчи бештари сайёҳон ва хуш гузаштани вақти онҳо мусоидат хоҳанд кард. Барои таъмин намудани об чаҳор чоҳи артезианӣ канда шудааст, ки ҳар кадом 100 метр чуқурӣ доранд. Ин гӯшаи обод ба ивази зиёда аз 2 миллиард сӯми ширкати масъулияташ маҳдуди «Oktam Fish» барпо гашта, 15 ҷойи кори доимиро соҳиб аст. Ба ҷуз ин дар 12 ҳавзаи сунъӣ бо усули интенсивӣ парвариш намудани моҳиҳоро ба роҳ монда, бозори дохилии қаламравро бо ин намуди маҳсулот таъмин месозад. Ширкат фаъолияти худро аз соли 2018 оғоз намуда, барои ободии ватани маҳбубамон ҳиссаи худро мегузорад.
Шариф ХАЛИЛ,
хабарнигори
«Овози тоҷик».
Вилояти ҚАШҚАДАРЁ.