Оксана Чусовитина - беҳтарин дар Ҷоми ҷаҳон!

Дар Қоҳира (Миср) даври 4-уми Ҷоми ҷаҳон оид ба гимнастикаи бадеӣ ба анҷом расид.

Аз рӯи натиҷаҳои ҳамаи давраҳои ҳар як намуди барнома беҳтаринҳо эълон карда шуданд.

Боиси хушнудист, ки ҳамватани мо Оксана Чусовитина беҳтарин варзишгар дар қаиқронӣ дониста шуд.

Қаблан Чусовитина дар Ҷоми ҷаҳонӣ дар Котбус ва Доҳа медалҳои биринҷӣ ва дар Боку нуқра ба даст оварда буд. Ҳарчанд вай дар Қоҳира ба қатори ҷоизадорон ворид шуда натавониста бошад ҳам, ба финал роҳхат гирифт.

Натиҷаи ҳамин аст, ки Чусовитина аз ҷиҳати ҷамъбасти натиҷаҳои ҳамаи давраҳо бори дигар исбот кард, ки дар ҷаҳидан бо такягоҳ касе ба вай баробар шуда наметавонад.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: