Олами садранг

Мамлакатҳои «боақлтарин»-и дунё

Тадқиқотчиёни портали Voucherloud рӯйхати 25 давлати «боақлтарин»-и  дунёро эълон кардаанд. Ҳангоми тартиб додани рӯйхат теъдоди лауреатҳои мукофоти Нобел, дараҷаи миёнаи IQ-и аҳолӣ ва сатҳи дарсазхудкунии толибилмон ба назари эътибор гирифта шудааст.
Дар рӯйихат ҷойи якум насиби Ҷопон гардид. Кишвари Тулӯи офтоб аз рӯйи се нишондиҳанда ҳам баҳои сазовор гирифт. Ҷойҳои баъдиро Швейтсария, Хитой, ИМА ва Нидерландия ишғол намуданд. Аз он ки сатҳи ақлу заковати аҳолии Хитой баланд аст, дар ҷойи дуюм қарор гирифтааст, ба сабаби зиёд будани лауреатҳои мукофоти Нобел ИМА ба ҷойи чорум сазовор дониста шуд.
Voucherloud ба нишондиҳандаҳои кишварҳои Осиёи Ҷанубию Шарқӣ эътибори алоҳида додааст. Мисолан, аз он ки дар Кореяи Ҷанубӣ, Тайван ва Сингапур теъдоди ҷавонони донишманд зиёд аст, ин кишварҳо ҷойҳои ба назар намоёнро ишғол намудаанд, аммо кам будани теъдоди лауреатҳои Нобел имкон надод, ки пешсаф бошанд.

Аломатҳои бемории саратон

Олимони маркази Макмиллан аломатҳои асосии бемории саратонро ошкор намуданд. Дар ин хусус нашрияи Daily Express маълумот медиҳад.
Тадқиқотчиён аломатҳои зерин: дигаргуниҳо дар кору фаъолияти рӯдаву қабуқ, сурфаи вазнин, хирраси гулӯ, халалдоршавии кори меъда, дер ба ҳам омадани захмҳо, хунравии зиёд, сахтиҳои қафаси синаро муайян намудаанд. Тавре ки таъкид шудааст, аломатҳои мазкур ҳарчанд нишонаҳои дақиқи бемории онкологӣ нестанд, сабаби ба табиб муроҷиат кардани бемор мегарданд.

Ҷарроҳро хоб бурд

Ҷарроҳи хитоӣ Луо Шанпенг дар тӯли 20 соат, бетанаффус, 5-то амалиёти ҷарроҳӣ гузаронда, вақте нафари шашумро ҷарроҳӣ мекард, хобаш бурд. Баъди ин ҳолатро ба сурат гирифта, ба  шабакаи иҷтимоӣ ҷойгир кардани яке аз ҳамшираҳо, ин ҳодиса ба назари ҷамъият афтод.
Тавре ки нашрияи  Daily Mail  хабар медиҳад, ҷарроҳи вилояти Гуйчжоу, баъди 5 амалиёти мураккаби ҷарроҳӣ, вақте мехост дам гирад, ба беморхона мардеро оварданд, ки дасташ аз асбоби гӯштгузаронӣ осеби зиёд дидааст. Ҷарроҳ дарк менамояд, ки амалиёти ҷарроҳиро наметавон ба фардо гузошт. Бинобар ин, ба кӯфтагӣ нигоҳ накарда, ба бемор кӯмак мерасонад. Ҷарроҳ дар ниҳояти кор аз ҳол рафта, дасти дӯхташудаи мард дар дасташ, хобаш мебарад.
Дертар ҷарроҳ ин ҳолатро чунин шарҳ додааст: «Ман мехостам чашмамро пӯшида як андак дам гирам, вале хобам бурдааст».
Акси тавассути шабакаи иҷтимоӣ интишорёфта ба ҳайрати бинандагон афзудааст. Онҳо изҳор доштаанд, ки дасти дӯхташудаи беморро дар ҳолати хоб ҳам дуруст дошта истодани ҷарроҳ аз садоқати ӯ ба касбу кораш дарак медиҳад.

Ҷарима барои исрофкорӣ

Дар Аморати Муттаҳидаи Араб дари тарабхонаи нав боз гардид. Дар он аз мизоҷоне, ки хӯрокро то ба охир намехӯранд, ҷарима ситонида мешавад. Дар ин хусус портали Time Out Dubai хабар медиҳад.
Агар мизоҷон хогогаеро (навъи таом), ки 49 дирҳам арзиш дорад, фармоиш диҳанд, онҳо бояд ҳама чизро истеъмол намоянд.
Дар шӯрбои дег лағмон, гӯшт, тофу, сабзавот ва дигар маҳсулотро метавон бебаркаш андохт. Мизоҷон, баъди фармоиш додан, ҳар қадар хоҳанд, нӯшокиҳоро ройгон гирифта метавонанд. Вале агар таом то ба охир хӯрда нашавад, онҳо барилова, бояд 50 дирҳам пардозанд.
Маъмурияти тарабхона изҳор доштааст, ин корро барои он мекунанд, ки мизоҷон ба интихоби таом бо масъулият рафтор кунанд ва миқдори партов камтар шавад.

Аз Интернет таҳияи
А. ВАРОРУДӢ.
 

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: