ОЛАМИ СОҲИБКОР ВИЛЛИ ХУБЕР

Ҳар субҳ дар кӯчаҳои манзили истиқоматӣ, чашмам ба марди бузургсоли лоғару урупоисурате меафтод, ки бо суръати на он қадар баланд тохти сабук дошт.

Ҳар субҳ дар кӯчаҳои манзили истиқоматӣ, чашмам ба марди бузургсоли лоғару урупоисурате меафтод, ки бо суръати на он қадар баланд тохти сабук дошт.
Боре дар хамгашти кӯча бо ӯ, ғайричашмдошт, дар ҳолати бархӯрд қарор гирифтам. Ҳар ду баробар бахшиш пурсидем. 
Сухане ҳаст, ки қаробату дӯстӣ аз салом оғоз меёбад. Бо мурури вақт мо бо ҳам унс гирифтем. Боре хоҳиш кардам, ки дар лаби наҳр бо ҳам суҳбат кунем. Мисле ки ӯ низ муштоқи суҳбат бошад, пешниҳодамро қабул кард.
Бояд бигӯям, ки ин наҳр аз шафати Бағи истироҳатии «Дӯстӣ», ки се сол қабл дар ноҳияи Яшнободи пойтахт, баъди ташрифи роҳбари мамлакат ба ин минтақа, бунёд гардида буд, убур мекунад. Ҷойи боғ ва соҳили наҳр пештар харобазоре беш набуд, ҷо-ҷо манзараҳои зишт ба назар мерасиданд. Бино ба нишондоди роҳбари давлат дар муддати кӯтоҳ ба ду соҳили рӯд панҷараҳои оҳанин кашиданд, асфалт хобонданд, харакҳо гузоштанд. Хуллас, ба маъвое табдил ёфт, ки ба роҳату ҳаловати кас меафзояд. Ҳоло ин гӯша серодам аст.
Баъзан дар суҳбат бо наздикон, вақте мегӯям сатҳи маънавияту маданияти мардуми мо баланд нест, чунин ба назар мерасад, ки эродамро на ҳама қабул доранд. Намедонам, панҷараҳои филизии нақшинкоришудаи гирди хараку  соҳили наҳр аз наврасони шабгард чӣ талаб мекарда бошанд, ки ҷо-ҷо бо зӯри даст шикастаанд. Ин ҳолат ва муносибати ҷавонон ба моликияти давлативу ҷамъиятӣ водор месозад, ки кас натиҷа гирад: кӯдакистон, мактаб ва падару модарон дар тарбияи насли ҷавон оҷиз ва дар рондани нерӯи бадӣ аз вуҷуди онҳо дер мемонанд... Наврасон ба гӯшаи хаёл оварда наметавонанд, ки барои обод кардани ин ё он гӯшаи мамлакат пули падару модарони онҳо сарф мешавад...
Меоем ба сари мавзӯъ. Мо рӯйи хараки гулкориҳои филизиаш  шикаста нишастем. Аз ӯ суол кардам:
— Вилли, чаро номи ту Вилли?
— Инҷониб аз немисҳои таҳҷоиям. Ному насабам — Вилли Хубер. 
— Дар Ӯзебекистон таваллуд шудаӣ?
— На, дар вилояти Чимкенти Қазоқистон.
— Дар Қазоқистон немисҳо то ба қарибиҳо ба сар мебурданд. Солҳои бозсозии горбачёвӣ аксарият, бино ба даъвати давлати Олмон, ба ватани бобоӣ рафтанд.
— Оре, инҷониб низ дертар соли 1990 ба ватани бобоӣ рафта, шаҳрвандии он мамлакатро қабул кардам. Маълумотам олӣ. Соли 1984 Институти энергетикаи Алмааторо хатм карда будам.
— Маъзарат мехоҳам, Вилли, дар Қазоқистон бузург шудаӣ, шаҳрвандии Олмонро қабул кардаӣ, чӣ, ҳоло тасмим гирифтаӣ, ки дар Ӯзбекистон ба сар барӣ?
— Беле, ҳоло дар Ӯзбекистон ба сар мебарам, бори роҳбарии корхонаи муштараки «Tashkent Zenner»-ро, ки бо истеҳсоли ҳисобкунакҳои об сарукор дорад, бар дӯш дорам...
— Биист-биист, ту магар роҳбари ширкатӣ?
— Чӣ буд? Чаро ҳайрон шудӣ?
— На, ҳамааш хуб. Дар мо аксарияти роҳбарони корхонаҳо бо карруфар мегарданд, мисли ту одами одӣ ва шикастанафс нестанд, бо ҳар каси пешомада суҳбат намекунанд. Маъзарат мехоҳам, аз ман наранҷ. Ман фикр мекардам, ки посбонии кадом корхонаеро дар ӯҳда дорӣ, ё аз майзадаҳое ҳастӣ, ки рӯ ба тарзи ҳаёти солим овардааст. 
Ӯ баланду беғубор хандид ва гуфт:
— Дуруст тахмин кардаӣ. Ман ба намуди зоҳирӣ қариб ки эътибор намедиҳам. Бароям мазмуну моҳияти инсон ва кору рафтори ӯ арзиш дорад. Мисолан, камина як мошин ва як манзили истиқоматӣ дошта бошам, кофист. Ду-се мошин ва чанд қасри бомаш баланд доштан, фикр мекунам, ки барои худнамоист... Шуғли ту чист?
— Корманди рӯзнома ҳастам. Оё медонӣ, ки дар Ӯзбекистон, расман, беш аз 1,6 миллион тоҷикон ба сар мебаранд ва барои онҳо аз соли 1924 рӯзномаи ҷумҳриявие бо номи «Овози тоҷик» чоп мешавад?
— Маъзарат, хабар надорам. Пас, ту тоҷикӣ?
— Бале. Ту-ку як олмониӣ, ҳоло баъзе тоҷикони бумии Ӯзбекистон хабар надоранд, ки дар ин кишвар барои онҳо нашрияе бо номи «Овози тоҷик» интишор меёбад.
— Аҷиб... Ба фикрам, тоҷикон яке аз халқҳои фарҳангиянд. Шоири ҷаҳоние бо номи Хайём доранд, забонашон ба забони эрониҳо наздик аст.
— Наздик не, як забон. Мо — тоҷикон, эрониҳо ва даризабонони Афғонистон бе тарҷумон табодули афкор менамоем. Мехостам дар идомаи суханам боз чизе гӯям, вале Вилли узр хост:
— Узр, бародар, фардо туро соати 11 дар хона мунтазир мешавам. Рақами телефонамро навишта кун, тамос мегирем. Бояд, баъди нонушта ва табдили либос, ба кор равам.
Рӯзи дигар соати 10:30 дақиқа занг задам. Нишониашро дод. 
Вилли маро бо чеҳраи кушод пешвоз гирифт. Тақрибан 6-7 хол (сотих) замин дорад. Дар боғчааш чанд бех анор ва дарахтони мевадиҳанда ба назар мерасиданд. Ҳама ҷо тозаву озода. 
Бояд ёдрас намоям, ки олмониҳо тозагӣ ва тартибро дӯст доранд. Фикр кардам бонуи хона— зани олмоние  пешвоз хоҳад гирифт. Вале ғайричашмдошт як хонуми ӯзбек маро хайрамақдам гуфт. Ба Вилли суоломез нигаристам. Гуфт:
— Бонуи хона — Хадича. Ихтисосаш омӯзгори забон ва адабиёти рус. Роҳбари корхонаи «Zenner Energo Servic». 11 сол аст, ки ба як болин сар мегузорем. Писараке дорем бо номи Алекс — Александр — Искандар. 10 сол дорад. Ин ҳангом хонуми Хадича моро танҳо гузошту сӯйи ошхона рафт. Суол кардам:
— Ту немис, хонуми Хадича ӯзбек, чӣ хел издивоҷ кардед? Магар падару модараш эътироз накарданд?
— Муҳаббат ба ҳамааш пирӯз омад. Хадича ҳамсари дуюми ман аст. Якумаш рус буд. Тақдир, ҷудо шудем...
— Аз хонаи дарунат садои мусиқии олмонӣ меояд. Аз радио ё телевизор?
— На, Алекс бо омӯзгораш мусиқӣ машқ мекунад.
— Офарин! Вай забони немисиро медонад?
— Бале, забонҳои немисӣ, русӣ ва ӯзбекиро хуб медонад. Инҷониб низ ба забонҳои қазоқӣ, русӣ, ӯзбекӣ ва олмонӣ балад ҳастам.
— Шоири классики мо Ҷалолуддини Балхии Румӣ фармудааст: «Ҳар касе, ки дур монд аз асли хеш, боз ҷӯяд рӯзгори васли хеш». Ту, бино ба маълумотат дар мактаби русӣ хондаӣ, вале дертар ба асли худ баргашта, забони модарият — немисиро омӯхтаӣ. Дар Ӯзбекистони мо ба тоҷиконе дучор меоӣ, ки бино ба бефарқӣ, бемаърифатӣ ва надоштани нангу номуси миллӣ  забони модариашонро гум кардаанд ё дар ҷойҳои ҷамъиятӣ, мисли ин, ки касе онҳоро аз Ӯзбекистон меронда бошад, бо забони модарии  худ озод табодули афкор наменамоянд...
— Аҷиб...
— Оре, «Ман дар аҷабу аҷаб ба ман дар аҷаб аст».
— Чӣ гуфтӣ?
— Аҳамият надеҳ. Хостам, бидонам, ки дави субҳгоҳӣ ба ту чӣ медиҳад. Президенти мо доир ба оммавӣ гардондани варзиш, умуман, рушди тарбияи ҷисмонию варзиш қарору фармонҳои зиёде доир намуд. Вале варзиш ҳанӯз оммавӣ нашудааст...
— Президенти шумо Шавкат Мирзиёев ба варзиш, беҳбудии низоми таълим ва соҳаи тандурустӣ эътибори алоҳида медиҳад. Ин солро, агар хато накунам, Соли ҷавонон ва мустаҳкамсозии саломатии аҳолӣ эълон кард. Инҷониб сию панҷ сол аст, ки ҳар субҳ бо дави сабук даҳ километр масофаро пушти сар мегузорам. Дар пойтахти Олмон маро як мӯйсафеди 85-сола, ки ҳар субҳ бо як маром медавид, мутаваҷҷеҳ сохт. Бино ба фикри ӯ, дави субҳгоҳӣ суди зиёде дар пай доштааст.
Дуруст меандешад ӯ. Баъди 45-50 солагӣ хуни одам рӯ ба ғафсшавӣ мениҳад. Шаб, вақте дар хоби роҳат аст, хуни ӯ гӯё аз гардиш мемонад. Дави субҳгоҳӣ гардиши хунро ба меъёр меоварад. Вақте гардиши хун муътадил гардид, организм дар гирудор бо бемориҳо пирӯз меояд. Ба қавли файласуфе зиндагӣ ҳаракат аст. Дар ҳолати гуруснанишинӣ истеъмоли оби бенамак низ ба тандурустии инсон мусоидат менамояд...
Ин ҳангом ҳамроҳи хонуми Хадича писараки ситорагарме ба ҳузури мо омад. Вилли муррифӣ кард:
— Алекс (Искандар)-и мо.
— Алекси зебо муйи қатронӣ ва ранги гандумии модарашро дошт, чашму абрӯ ва суроби рӯйи падарро ба худ гирифта буд. Бино ба хоҳиши падар бо немисӣ бо ман салом кард. Пурсидам:
— Алекс, ту мусиқӣ менавохтӣ? — Вақте сар ҷунбонд, ба таърифаш чанд сухан гуфтам. Баъди ба ҷояш рафтани ӯ мо суҳбатамонро давом додем:
— Вилли, инак, мо — ӯзбекистониён сӣ сол аст, ки давлати ҳуқуқбунёд ва демократӣ месозем. Ту як муддат дар Аврупо ба сар бурдӣ. Сохту сохтори барои мо ҷадидро чӣ хел арзёбӣ мекунӣ? Ба фикри ту, мо то куҷо комёб шудем?
— Дар давлати ҳуқуқбунёд шаҳрвандон набояд ба қонун чап диҳанд, волоияти қонун, озодии сухан, озодии эътиқод, умуман, ба маънои густурдааш озодии инсон дар доираи қонун ба рушду ривоҷи давлат ва ҷамъият мусоидат менамояд. Инҷониб натиҷа гирифтам, ки қонун дар кишварҳои рушдкардаи Аврупо ва дигар қитъаҳо волоият дорад, озодии сухан ва эътиқод дахлнопазир аст. Мисолан, инсон — як давлат ё олами мустақил аст, ки дигарон набояд ба корҳои шахсии ӯ дахолат кунанд, таҳқираш кунанд, ба иззати нафсаш расанд...
Роҳандозии конвертатсия дар Ӯзбекистон қадаме ба пеш буд. Инак, дар ин кишвари офтобрӯя фазои рӯшодгӯйӣ ва озодии сухан бозтар мешавад, ба соҳибкорони ватанию хориҷӣ дар доираи қонун озодии бештар медиҳанд. Қабул ва амалкарди қонун «Дар бораи мубориза алайҳи коррупсия» низ ба пешрафти мамлакат хидмат мекунад.  Ба оҳистагӣ мардум ба зиндагии бароҳат мерасанд. Фикр мекунам, Ӯзбекистон, бо мурури вақт аз сафи  давлатҳои рушдкардаи ҷаҳон ҷой мегирад...
— Вилли, шуғлҳои дӯстдоштаи ту, ба ҷуз соҳибкорӣ ва варзиш, боз кадомҳоянд?
— Футболбозиро дӯст дорам, кам-кам шеър менависам, китоб мехонам.
— Бо шеър сарукор дорӣ? Олӣ! Хабарат ҳаст, ки шоири олмонӣ Ҳуте дӯстдори шеъри Ҳофизи Шерозӣ буд ва дар пайравӣ ба ӯ девоне бо номи «Девони Шарқу Ғарб» навиштааст?
— Таассуф, ки хабар надорам. Ёдрас кардани ту хуб шуд. Пайдо хоҳам кард.  
— Вилли, барои суҳбати пурмуҳтаво ташаккур, комёб бош.
— Ба ту низ омад ёр шавад.

А. СУБҲОНОВ,
хабарнигори 
«Овози тоҷик».

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: