Фазои пуртаровату фарҳангзои Косони бостонӣ ба олам уламои зиёди номдорро ато намудааст, ки ин аз таърихи бой ва маънавияту фарҳанги дорои решаҳои амиқи маънавии шаҳрамонро бори дигар ба аҳли олам собит месозад.
Солҳои истиқлол гурӯҳи калони ҷавонони болаёқти диёрамон дар соҳаҳои гуногуни илм қуллаҳои баландро фатҳ менамоянд, ки ин нишондиҳандаи салоҳияту салиқаи баланди илмии ноҳияамон аст.
12 октябри соли 2024 дар ёди оилаи раиси ҷомеаи шарҳвандони Узунқишлоқи ноҳияи Косонсой Одилҷон Амонов санаи фаромӯшнопазир хоҳад гашт. Зеро, ҳамон рӯз дар шӯрои илмии оиди додани дараҷаҳои илмии назди Донишгоҳи давлатии Намангон фарзанди Одилҷонота мудири шуъбаи ташкили фаъолияти илмию тадқиқотии талабагони соҳибиқтидори донишгоҳ Маъруфҷон Ҳабибуллоев кори илмӣ-тадқиқотии худро дар мавзӯи «Таҳлили иҷтимоиву фалсафии мубориза бар зидди коррупсия дар Ӯзбекистони Нав» бомуваффақият ҳимоя намуда, соҳиби дараҷаи илмии доктори фалсафа оиди илмҳои фалсафа гардид.
– Мо бисёр хурсанд шудем, ки фарзанди маҳаллаамон дар соҳаи илм чунин дараҷаро ба даст овард, – мегӯяд омӯзгори фахрӣ Абдусаттор Маматқулов. – Оилаи Амоновҳо яке аз оилаҳои пешқадаму маърифатдӯст ба шумор меравад. Бобои Маъруфҷон Ҳабибуллоота деҳқони асил ва инсони меҳнаткаш буд.
Маъруфҷон мактаби миёнаро дар зодгоҳаш бо баҳои аъло хатм намуда, донишҷӯйи Донишгоҳи давлатии Намангон гардид. Бинобар иқтидору ташаббускорӣ, баъди хатми донишгоҳ устодон ӯро барои идомаи таҳсил дар магистратура даъват карданд. Баъди хатми магистратура дар кафедраи «Ғояи миллӣ, асосҳои маънавият ва таълими ҳуқуқ»-и донишгоҳ баробари фаъолияти педагогӣ, бо кори илмию тадқиқотӣ машғул гардид. Бинобар ғайрату шуҷоат ва ҷустуҷӯйҳои фаъол кори илмиашро бомуваффақият дифоъ намуда, сазовори дараҷаи илмӣ гардид. Тавре, ки шоир гуфтааст:
Ба шогирдӣ ҳар он к-ӯ шод гардад,
Расад рӯзе, ки худ устод гардад.
Абдулвоҳид НУРИДДИНОВ.
Вилояти Намангон.