Бино ба маълумоти баъзе манбаъҳои қадимӣ Самарқанд беш аз 3000 сол дошта, дар давоми мавҷудияти худ абармардони илму адабро ба арсаи илм пешниҳод намудааст.
Бино ба маълумоти баъзе манбаъҳои қадимӣ Самарқанд беш аз 3000 сол дошта, дар давоми мавҷудияти худ абармардони илму адабро ба арсаи илм пешниҳод намудааст.
Яке аз шахсиятҳои нотакрори Самарқанд, доктори илмҳои филологӣ, устоди кафедраи филологияи тоҷик ва забонҳои Шарқи хориҷии факултаи филологияи Донишгоҳи давлатии Самарқанд, профессор Садрӣ Саъдиев мебошад, ки имрӯз дар баробари сабақомӯзӣ ба шогирдон дар саҳрои илм бо сӯзан чоҳ мекобад.
Садрӣ Саъдиев дар деҳаи Масҷиди Сафеди ноҳияи Самарқанд дар хонадони марди деҳқон чашм ба олами ҳастӣ кушодааст. Таълими ибтидоиро дар мактаби деҳааш фаро гирифта, пас аз он солҳои 1957-62 дар бахши тоҷикии факултаи филологияи Донишгоҳи давлатии Самарқанд таҳсил намуд. Ҳангоми таҳсил дар донишгоҳ ва сабақ гирифтан аз устодони донишманди ин даргоҳи бонуфуз ӯ имкони бештари ошноӣ бо дурри дариро пайдо карда, шефтаи адабиёт гардид. Қарор дод, ки минбаъд ба таҳқиқу омӯзиши адабиёти ҳазорсолаи форсии тоҷикӣ камар маҳкамтар хоҳад баст. Пас аз хатми донишгоҳ ин шавқ ӯро то ба маркази нави илму фарҳанги тоҷикон – шаҳри Душанбе овард. Муҳаққиқи ҷавону ояндадор аввал ба Пажӯҳишгоҳи ховаршиносӣ, баъд ба Институти забон ва адабиёти ба номи Рӯдакӣ ба ҳайси корманди илмӣ ба кор оғоз кард ва ба такмили илму дониш пардохт. Дар канори олимони маъруфи ин соҳа ба мисли академик Адбулғанӣ Мирзоев, Носирҷон Маъсумӣ, Тӯрақул Зеҳнӣ, Расулхон Ҳодизода, Муҳаммадҷон Шакурӣ ва дигарон кор карда, тадриҷан ба таҳқиқу таҳлили адабиёти ҷаҳоншумули форсии тоҷикӣ ҷиддан машғул шуд. Ва як силсила таҳқиқоти бунёдӣ доир ба давраҳои мухталифи адабиёт анҷом дод, ки бисёр нуктаҳои сарбастаи онро боз карданд ва то кунун дар илми адабиётшиносии тоҷикӣ назири худро надоранд.
Садрӣ Саъдиев дар пажӯҳишоти худ мавзӯъҳоеро ба доираи таҳқиқу баррасӣ мегирад, ки пеш аз ӯ касе ба таҳқиқи он ҷуръат накардааст. Ӯ соли 1974 нахустин таҳқиқоти худро зери унвони “Сӯзанӣ ва муҳити адабии Мовароуннаҳри асри XII” ба анҷом расонда, исбот намуд, ки ба саҳнаи адабиёт муҳаққиқи навҷӯву тозакоре ворид шудааст. Минбаъд бо таълифи рисолаҳои илмӣ, аз қабили “Мазмун ва шакли асари бадеӣ” (Душанбе, 1974), “Поэтикаи шоирони Мовароуннаҳри асри XII”, “Системаи образҳои шоири ҳунарманд” (Душанбе, 1980), “Анъанаҳои реализм дар адабиёти классикии тоҷик” (Тошканд, 1976, бо ҳамкории Расул Ҳодизода), ки дар онҳо масъалаҳои муҳими назарӣ ва таърихии адабиёт таҳлилу таҳқиқ шудаанд. С.Саъдиев дар рисолаи хеш «Адабиёти тоҷик дар асри XVII» (Душанбе, 1985) боби алоҳидае дар бораи Сайидо навишта, назариёти наву тоза дар бораи шеъри ин шоири хушсалиқа пешниҳод намуд. Хонандагон пас аз чопи рисолаи «Адабиёти тоҷик дар асри XVII»-и Саъдиев аввалин бор бо хусусиятҳои умда ва чеҳраҳои барҷастаи шеъру адаби ин аср монанди Малеҳо, Киром, Мулҳам, Фитрат ба таври муфассал ошноӣ пайдо карданд. Ба воситаи ин рисолааш муҳаққиқ дар асоси таҳлили осори шоирону адибони давр бисёр нуктаҳо ва вижагиҳои адабиёти асри XVII-ро аввалин бор ба мушоҳида гирифта, ба хулосаҳои амиқи илмӣ расидааст. Маҷмӯаи мақолаҳояш зери унвони «Гулчини мақолот» соли 2007 дар ҳаҷми 162 саҳифа ба табъ расида, аз ду қисм иборат мебошад. Қисми аввал масъалаҳои адабиёти классикӣ ва қисми дуввуми он доир ба адабиёти муосири тоҷик унвон гирифтааст.
Устод як силсила китобҳои дарсӣ, васоити таълим ва дастурҳои методӣ барои мактабҳои тоҷикии Ӯзбекистон офаридааст, ки метавон дар ин радиф китобҳои дарсии «Адабиёти тоҷик»-ро барои синфҳои 6 ва 10 (бо ҳаммуаллифии шодравон Абдусалом Самадов, соли 2005), ки тавассути нашриёти «Шарқ» ва «Ӯзбекистон»-и шаҳри Тошканд чоп шудааст, зикр намуд. Барои мактабҳои олӣ, низ китобҳои дарсии зиёде иншо кардааст, ки «Тасвири ҳаёти халқ дар адабиёти асри XVII тоҷик», «Малеҳои Самарқандӣ ва тазкираи ӯ» (Самарқанд, 1999), «Нақшбандия ва таъсири он ба адабиёт», (Самарқанд, 2001) ва ғайраро метавон зикр кард.
Солҳои охир диққати ин муҳаққиқи пухтакорро мақоми Самарқанд дар рушди адабиёти тоҷик ба худ ҷалб карда, бо таҳқиқоти нисбатан калонҳаҷми хеш, ки «Маркази адабии Самарқанд дар шоҳроҳи таърих» (Тошканд, Энсиклопедияи миллии Ӯзбекистон, 2012) ном дорад, мақоми адабию таърихии ин шаҳри бостониро ба доираи таҳлилу таҳқиқ гирифта, ин ниёзмандии адабиро пур кард. Устод ба Самарқанд на танҳо чун шаҳре, ки дар он парвариш ёфтааст, балки шаҳре, ки яке аз марказҳои бузурги адабиёти тоҷик буда, барои рушду пешрафти он саҳми бузург гузоштааст, меҳри хосса дорад. Ҳамин меҳр ва алоқамандӣ сабаб гардид, то доир ба маркази адабии Самарқанд ва нақши он дар саҳнаи таърих асарҳо нависад. Асари устод бо номи “Маркази адабии Самарқанд дар шоҳроҳи таърих” соли 2012 дар шаҳри Тошканд ба чоп расид ва дар роҳи нишон додани нақш ва аҳамияти адабии Самарқанд дар таърихи адабиёти форс-тоҷик хидмати бузурге ба анҷом расонд. Устод бисёр орзу дошт, ки ин китоб дар Эрон низ мунташир гардад ва ҳамаи адабиётшиносону алоқамандони адабиёти мумтозамон комилан аз фаъолияти ҳавзаи адабии Самарқанд дар қарнҳои мухталиф огоҳ шаванд. Ин китоби пурарзиш соли 2019 бо ҳуруфи форсӣ низ дар Теҳрон интишор ёфт, ки аз 522 саҳифа иборат аст. Дар он устод кӯшидааст мақому арзиш ва нақши ҳар суханвари боистеъдодеро, ки дар давраҳои мухталиф ба маркази адабии Самарқанд вобаста аст, таҳқиқу таҳлил намояд. Аз ҷумла, дар боби дуввуми он бо баррасии манбаъҳо ва таҳқиқот дар бораи маркази адабии Самарқанд дар қарнҳои XVI-XVII ошкор ва собит карда шудааст, ки ҳаёти адабӣ дар ин шаҳр чун маркази калони адабӣ вуҷуд доштаву пайваста инкишоф ёфтааст.
Садрӣ Саъдиев омӯзгори пуртаҷриба ва соҳирсухан аст. Шогирдонро бо сухани дилнишин ва донишу маълумоти навини хеш дарснишину мафтун месозад. Ҳар як дарси ӯ як маҳфили илмиро мемонад, ки шунаванда аз он як ҷаҳон маънӣ мегирад.
– Худро як тан шогирди кӯчаку навроҳи мактаби адабии ин устоди беназир медонам. Маълумотеро, ки аз дарсҳои эшон гирифтаам аз ҳеч як китобу тадқиқоти дигар пайдо карда натавонистаам, – дуруст қайд намудааст Анзурати Маликзод, номзади илмҳои филологӣ, ходими пешбари илмии Институти забон ва адабиёти ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакии Тоҷикистон.
21-уми октябри соли равон дар маҷлисгоҳи Донишгоҳи давлатии Самарқанд ба муносибати 85-солагии узви Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон Садрӣ Саъдиев тадбири фарҳангӣ баргузор гардид.
Тадбир бо ҳамдастиву ҳамкории Донишгоҳи давлатии Самарқанд, Маркази миллӣ-мадании тоҷик ва тоҷикзабонони вилоят ва таҳририяти рӯзномаи “Овози Самарқанд” сурат гирифт.
Нишасти адабиро проректори донишгоҳ оид ба корҳои таълим, профессор Аҳмадҷон Солеев оғоз бахшида, дар бораи осор ва рӯзгори Садрӣ Саъдиев ҳарф зад. Таъкид гардид, ки устод аз олимони сермаҳсули донишгоҳ ба шумор меравад, ки корҳои зиёди илмиро ба анҷом расонда, дар омодасозии китобҳои дарсӣ ва дастурҳои таълимӣ баҳри донишҷӯёни муассисаҳои таълими олӣ саҳми арзанда гузоштаанд.
– Таҳқиқоти илмию адабии Садрӣ Саъдиев дар заминаҳои адабиётшиносӣ, таърихи адабиёти форсии тоҷикӣ, илми тасаввуф ва нақди адабӣ хеле густурда ва назаррас аст, – гуфт профессор аз Тоҷикистон Абдунабӣ Сатторзода. – Вақте мо корҳои илмии устодро аз назар мегузаронем, бевосита пай мебарем, ки корҳои олим ҷиддӣ мебошанд. Онҳо саросемавор, норасида ва нопухта нестанд. Ҳамаи он чизҳое, ки ба қалами устод тааллуқ доранд, дар байни аҳли илму адаб шӯҳрати сазовор ёфтаанд. Бузургтарин хидмати профессор Садрӣ Саъдиев дар илми адабиётшиносӣ он аст, ки дар ин соҳа намуди нави тадқиқоти илмиро ба роҳ монданд. Аз ин рӯ, метавонем гуфт, ки устод Садрӣ Саъдиев ифтихори аҳли адаби Самарқанд ҳастанд.
Дар рафти чорабинӣ видеонавор доир ба пайроҳаи ҳаёт ва эҷодиёти олим пешкаши ҳозирин гардид.
Зоҳир ҲАСАНЗОДА,
Баҳодур РАҲМОНОВ,
Фозилҷон ШУКУРӢ.
Вилояти Самарқанд.
Суратгир: Т.ХОВАРӢ.