Яке аз шаҳрҳои қадимаи Шарқ, гаҳвораи тамаддун – Самарқанди бостонӣ мисли модар ҳазорон нафар мардони хирад, нексиришту некгуфтор ва некиродаро ба воя расонидааст.
Яке аз чунин шахсони барӯманд олими зукко, забоншиноси соҳибистеъдод, номзади илмҳои филология, дотсенти Донишкадаи педагогии Самарқанд ба номи С.Айнии собиқ Самариддин Аслиддинов мебошад.
Имрӯзҳо, ҳарчанд аз вафоти ӯ қариб 28 сол сипарӣ шудааст, дар Ӯзбекистону Тоҷикистон дар ҳаққи вай чун олими барҷастаи забон, омӯзгори варзидаю инсони дилписанд суханҳои нек мегӯянд.
Олими шинохта ва мураббии боистеъдод, агар дар ҳаёт мебуд, ба синни 100 медаромад. Самариддин Аслиддинов 21 декабри соли 1918 дар Самарқанд, гузари Кӯкмасҷид таваллуд ёфтааст. Баъди хатми мактаби миёна солҳои 1933-1936 дар омӯзишгоҳи педагогии Самарқанд таҳсил намуд (ҳоло коллеҷи педагогика ва варзиши Самарқанд).
Вақте ки Олмони фашистӣ ба хоки собиқ Иттиҳоди Шӯравӣ аҳдшиканона ҳуҷум овард, С.Аслиддинов қаламро ба силоҳ табдил дода, ихтиёрӣ ба ҷанг меравад ва солҳои 1941-1945 барои озод намудани Украина ба сифати командири рота хидмат мекунад. Хидматҳои командири самарқандӣ бо ордену медалҳо қадр карда шудаанд.
Хушбахтона, Самариддин Аслиддинов ҷони худро аз тири душмани манҳус эмин нигоҳ дошта, ба зодгоҳаш Самарқанд бо ғалаба баргашт ва касби дӯстдоштаи худ – муаллимиро давом дод.
Соли 1967 ба муносибати ташкил ёфтани Институти давлатии омӯзгории Самарқанд ба номи устод Айнӣ Самариддин Аслиддиновро ба вазифаи декани факултети забон ва адабиёти тоҷик ба кор даъват мекунанд.
Ӯ то охири умр (1990) дар ин вазифа кор кард.
Забоншинос соли 1964 дар мавзӯи «Ҳозирги ӯзбек адабий тилида эгалик категорияси» таҳти роҳбарии профессор А.Сулаймонов рисолаи номзадиро ҳимоя мекунад.
Ба қалами ӯ зиёда аз 70 номгӯ мақолаву тақриз ва рисолаҳои гуногунҳаҷми илмӣ мансубанд. Тадқиқоти нахустини ҷиддии С.Аслиддинов дар риштаи забоншиносӣ рисолаи номзадии ӯ «Категорияи соҳибият дар забони ҳозираи ӯзбекӣ» ба шумор меравад.
Омӯхтани забон ва тарзи баёни ҳар як нависанда аҳамияти бузург дорад. Зеро омӯзиши забони асари бадеӣ моҳиятан омӯзиши ҷараёни забони адабист. Вазифаи забоншиносе, ки бо таҳлилу таҳқиқи забону тарзи баёни асарҳои бадеӣ сарукор дорад, душвор аст. Зеро ӯ бо таҷзия ва тасвири забону услуби асари бадеӣ маҳдуд нашуда, балки ҳар як воҳиди луғавии грамматикӣ ва воситаҳои бадеии онро пайваста бо ҷараёни умумии забони адабӣ, ки ба нутқ ва шакл вобаста аст, тадқиқ бояд кунад.
С.Аслиддинов методисти хуб буд. Мақолаҳои ӯ яке аз дигаре хубтару беҳтар буданд. Навиштаҳои ӯ доир ба методикаи таълими забони тоҷикӣ «Баъзе масъалаҳои тарзи таълими ҷумлаҳои пайрав дар синфи 8», «Таълими ҷумлаҳои пайрави муайянкунанда», «Алоқаи калимаҳо дар ҷумла ва ибора», «Мувофиқати хабар бо мубтадо», «Аффиксҳои соҳибият дар шахси сеюми танҳо», «Кор фармуда шудани аффиксҳои категорияи соҳибият» дар маҷаллаҳои даврӣ чоп шудаанд. Ба ин маънӣ баъзе мақолаҳои олим дар он шароит, ки муаллимон ба маводи марбута ниёз доштанд, вазифаи дастуриро иҷро менамуданд.
Умуман, фанни «Методикаи таълими забони тоҷикӣ» дар фаъолияти эҷодии С.Аслиддинов ҷойгоҳи хосе дошт. Китоби арзишманди ӯ – «Таҳлили грамматикӣ барои синфҳои 5-8» барои муаллимон ва донишомӯзони мактабҳои олӣ таълиф шуда буд.
С.Аслиддинов инсони ҷиддӣ, сахтгир, боинтизом, фурӯтан ва дар айни замон мураббии меҳрубони ҷавонон буд.
Солҳое, ки декани факултети филологияи тоҷики Донишкадаи давлатии омӯзгории Самарқанд ба номи Айнӣ буд, бо дастгирии ӯ устодони факултет Л.Назарова, С.Умарова, М.Истамова, Б.Насриддинзода ва дигарон рисолаи номзадӣ дифоъ намуда буданд.
Аълочии маорифи халқи Ӯзбекистон Самариддин Аслиддинов бо ифтихорнома ва дигар мукофотҳои давлатӣ тақдиронида шудааст.
Касби падари бузургворро имрӯз фарзандаш Мартаба Аслиддинова ва наберааш Музаффара Масеева сарбаландона идома медиҳанд.
Ҷумъа ҲАМРОҲ,
Амон ВОҲИДОВ,
устодони Донишгоҳи
давлатии Самарқанд.
Музаффара МАСЕЕВА,
муаллимаи кафедраи забонҳои Донишкадаи давлатии
тиббии Самарқанд.