Олимон аз вазъи пирях дар Ӯзбекистон бонги изтироб мезананд

Мутахассисони Институти тадқиқоти илмии гидрометеорологияи Ӯзбекистон обшавии босуръати пиряхи "Пахтакор"-ро, ки калонтарин дар вилояти Тошкент мебошад, кайд карданд.

Ин хулоса дар асоси натиҷаҳои экспедитсияи дуюми пирях, ки тобистони соли гузашта барпо гардид, бароварда шудааст.

Аввалин экспедитсия тобистони соли 2023 сурат гирифт. Баъд тадқиқотчиён барои ченкунӣ ба забони пиряхи "Пахтакор" пояи семетра парма карданд. Дар вақти экспедитсияи ҳозира маълум шуд, ки пояи насбшуда аз пирях ҷудо шудааст.

Дар давоми як сол пирях 20 метр ақиб рафта, яхбандии он 3 метр кам шудааст. Маълумоти бадастомада аз суръати ташвишовари обшавии пиряхи "Пахтакор" шаҳодат медиҳад.

Пирях дар шарқи Ӯзбекистон, дар як минтақаи дурдаст дар наздикии марз бо Қирғизистону Қазоқистон ҷойгир аст. Наздиктарин маҳалли аҳолинишин стансияи обу ҳавои тармавии Айгаинг мебошад, ки дар масофаи 35 километр дуртар аз пирях воқеъ аст.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: