Олимон бори аввал муваффақ гардиданд робитаи байни ду нафарро дар хоб муқаррар кунанд

Олимон бори аввал муяссар шуданд, ки дар вақти хоб робитаи дуҷонибаи одамонро барқарор кунанд. Дар ин бора рӯзномаи Daily Mail бо такя ба ширкати REMspace менависад.

Ба навиштаи нашрия, олимон бо истифода аз таҷҳизоти махсус тавонистаанд шуури ду нафареро, ки дар хонаҳои гуногун хобидаанд, пайваст кунанд ва онҳо мубодилаи паёмҳоро анҷом доданд.

Директори генералӣ ва муассиси REMspace Майкл Радуга гуфт, дар ҳоле ки муошират дар хобҳо ба мисли фантастикаи илмӣ ба назар мерасид, фардо он метавонад як чизи маъмулӣ шавад.

Мавҷҳои мағзии иштирокчиёни озмоиш тавассути дастгоҳе назорат карда шуданд, ки маълумотро ба сервер аз фосилаи дур интиқол медод. Ҳамин ки яке аз субъектҳо ба хоби равшан ворид шуд, сервер калимаи тасодуфӣ тавлид кард ва онро ба иштирокчии омӯзиш тавассути гӯшмонакҳо интиқол дод. Вақте ки иштирокчии дуюми таҷриба аз хоб бедор шуд, ӯ тавонист калимаро такрор кунад.

 

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: