Олимони Донишгоҳи якуми давлатии тиббии Маскав ба номи И.М.Сеченов роҳи нави мубориза бо саратонро кашф карданд.
Дар ин бора хидмати матбуоти вазорати нигаҳдории тандурустӣ хабар додааст.
Ин усул дар тафовут аз усули химиотерапия ба ҳуҷайраҳои солим зарар намерасонад. Барои ин дар деворҳои рагҳо озуқадиҳандаи варами ашаддӣ нанозаррачаҳо офарида мешаванд.
Дар ин усул заррачаҳо тадриҷан пароканда мешаванд, доруи дар онҳо мавҷудбуда ҷудо шуда, танҳо ба бофтаи варам ворид шуда, онро нест мекунад. Ин хатари таъсири ногуворро коҳиш медиҳад.
"Нест кардани ҳуҷайраҳои саратон он қадар мушкил нест, зидди он пайвастагиҳои зиёде мавҷуданд. Мушкилот дар он аст, ки ба ҳуҷайраҳои солим зарар расонда нашаванд. Мо мушкилиҳои химиотерапияро дар ин замина медонем. Аз ин рӯ, мо системаеро таҳия кардем, ки мустақиман ба он ҷои варам мисли сӯзан равона карда мешавад», - мегӯяд яке аз муаллифони тадқиқот Алексей Ермаков.
Қайд карда мешавад, ки пас аз озмоишҳои дахлдори клиникӣ, натиҷаҳои ин тадқиқотро метавон дар таҷрибаи тиббӣ татбиқ кард.