20-27 сентябр гурӯҳи корбастии доираҳои илмиву тадқиқотии Испания якҷоя бо олимони ӯзбекистонӣ, кормандони Донишкадаи илмиву тадқиқотии хоҷагии ҷангал, Донишкадаи хокшиносӣ ва агрокимиёи Академияи илмҳои Ӯзбекистон ва Намояндагии БР СММ дар мамлакатамон дар қаъри хушконидашудаи баҳри Арал тадқиқот мегузаронанд.
Лоиҳаи ҳамкории байналхалқӣ дар самти мазкур дар доираи татбиқи Қарори Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон «Дар бораи Барномаи давлатии рушди минтақаи Наздиарал дар солҳои 2017-2021» аз 18 январи соли 2017 амалӣ мегардад.
Дар доираи ташрифи ҳайати Испания чорабиниҳо оид ба таҳқиқи қаъри хушконидашудаи баҳри Арал, бинобар таркиби кимиёвӣ интихоб намудани майдонҳо барои гузарондани озмоиш, тавсифи онҳо, амалӣ намудани таҳлилҳои кимиёвӣ ва гранулометрӣ, муайян намудани координатҳои ҷуғрофӣ ба нақша гирифта шудааст. Инчунин тухмӣ кошта, растаниҳои ба биёбон мутобиқ шинонда, поруҳои микробиологӣ бароварда мешаванд. Дар оянда олимон самарабахшии препаратҳо, мутобиқгардии тухмиҳо ва растаниҳои дар шароити мазкури ғайриоддӣ шинондашударо мунтазам таҳти мушоҳида қарор медиҳанд.
Дар таркиби ҳайати Испания ба Ӯзбекистон директори консорсиуми кишоварзии «WES» Хосе Антонио Эстебан, профессорони донишкадаи илмиву тадқиқотии ИМИДА Хосе Антонио Сотомайёр Санчез, донишгоҳи шаҳри Мурс Хулио Отал Салаверри ва муҳандис-мутахассиси департаменти коркард ва экспериментҳои поруҳои биокимёвии ширкати «PROBELTE» Алберто Ботейя Кайюэлас меоянд.
АА «Дунё»,
МАДРИД.