Олимони ӯзбекистонӣ барои безараргардонии оби нӯшокӣ дастгоҳи сайёр таҳия карданд

Донишкадаи физикаи ядроии Академияи фанҳои Ҷумҳурии Ӯзбекистон барои безарар гардондани оби нушокӣ асбоби сайёр ихтироъ кард.

Олимон мегӯянд, ки об пас аз коркард шудан бо ин дастгоҳ дар тӯли 12 моҳ барои истеъмол бехатар аст.

Дастгоҳ барои безараргардонии оби нӯшокӣ дар шароите пешбинӣ шудааст, ки хатари олудашавии манбаи он: дар шароити саҳро, кемпингҳо, лагерҳо, сафарҳои корӣ ба хориҷа вуҷуд дорад, хабар медиҳад хидмати матбуоти Академияи илмҳои Ҷумҳурии Ӯзбекистон.

Таъсири асбоб ба самараи электролизи ионҳои металл ба об асос ёфтааст, ки онҳо доираи васеи микроорганизмҳои касалиовар, аз ҷумла ангезандаи дизентерия, вабо, домана ва ғайраро нест мекунанд.

Хусусияти беназири дастгоҳ истифодаи хӯлаи махсуси се маъдан мебошад, ки он баландтарин фаъолияти биоцидиро бар зидди доираи васеи бактерияҳо дар консентратсияи пасти металлҳои ҷавобгӯи стандартҳои оби ошомиданӣ таъмин менамояд.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: