ОЛМОН БАРОИ ХУД САНОАТИ БОФАНДАГИИ ӮЗБЕКИСТОНРО КАШФ МЕНАМОЯД

Дар Франкфурти соҳили Майн (ҶФО) ҳайати намояндагии чанд ширкати бофандагии Ӯзбекистон бо сафари корӣ ҳузур дорад.

Дар доираи сафар вохӯриҳои корӣ бо брендҳои бузурги олмонию аврупоӣ пешбинӣ шудааст.
Соҳибкорони ӯзбекистонӣ бо менеҷерони яке аз ширкатҳои бузурги мӯди олмонӣ – «S.Oliver Brend Freier GmbH&Co.KG», ки соли 1969 таъсис ёфтаасту ба истеҳсоли либос, пойафзор, лавозимот ва атриёт ихтисосонида шудааст, оиди роҳандозии ҳамкорӣ ва хариди маҳсулот мулоқот оростанд. Дар ин ширкат гардиши солона беш аз 1,5 миллиард евроро ташкил медиҳад. Аз ҷониби Олмон иқтидори соҳаи саноати бофандагии Ӯзбекистон, аз он ҷумла, дастовардҳои саноати дӯзандагию трикотажи ватанӣ ва чорабиниҳое, ки оиди рушди низоми кластер андешида мешаванд, муаррифӣ карда шуд.
Дар доираи вохӯрӣ намояндагони корхонаҳои «Бахт текстил» ва «Хаҷтекс кластер» низ бо кормандони «S.Oliver Brend Freier GmbH&Co.KG» оиди роҳандозии ҳамкорӣ ва ҷобаҷокунии фармоишҳои ширкати олмонӣ ба маҳсулоти дӯзандагӣ таҳти бренди «S.Oliver» дар Ӯзбекистон гуфтушуниди тиҷоратӣ бургузор намуданд. 
Ҷониби намояндагии Олмон ислоҳотеро, ки дар Ӯзбекистон дар соҳаи саноати бофандагӣ татбиқ мегарданд ва чорабиниҳоеро, ки оиди либерализатсияи иқтсодиёт андешида мешаванд, баланд арзёбӣ кард. Қайд гардид, ки бекор кардани бойкоти байналхалқии пахтаи Ӯзбекистон ва ба вуҷуд оварда шудани шароити мусоиди тиҷоратӣ дар мамлакат ба рӯйи ширкатҳои олмонию аврупоӣ дари имкониятҳои васеъро боз карданд. Аз ҳама муҳимаш барои ҳамкорӣ заминаи мусоид фароҳам оварда шуд. Кадрҳои соҳибихтисоси ҷавон, ашёи хоми баландсифат, харҷи иқтисодии кам, маблағгузорони хориҷиро дастгирӣ кардани давлат дар нумуди  андозҳои гуногун ва дигар имкониятҳо ба ин мусоидат менамоянд. 
Дар поёни вохӯриву мулоқот ҷонибҳо самтҳои асосии ҳамкориро муайян намуданд.
Дар доираи сафар ҳайати Ӯзбекистон, ҳамчунин, вохӯрӣ бо менеҷерони ширкатҳои дигари олмонӣ, аз корхонаҳое, ки дар Олмон дастгоҳҳои бофандагӣ истеҳслол менамоянд, боздид ба амал оварданро ба нақша гирифтааст.

АИ «Дунё»,
БЕРЛИН.    

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: