ё худ Ӯзбекистон мусобиқаро тарк кард
Дастаи мунтахаби миллии мо дар доираи бозиҳои ҳаштякфинали Ҷоми Осиё бо чемпиони дарамалбудаи мусобиқа Австралия рӯ ба рӯ шуд ва бинобар натиҷаи пеналтӣ (2:4) бозиро бохт.
Бояд гуфт, ки дар ин муборизаи пуршиддат футболбозони мо хеле хуб ҳаракат карданд. Дар ҳар ду қисми бозӣ ҳарчанд бозингарони даста чанд ҳуҷумро ба сомон расонданд, вале имконият даст надод. Дар давоми бозӣ дарвозабони ҷамоа Игнатий Нестеров боз қаҳрамонӣ нишон дода, чанд зарбаи футболбозони ҳарифро бартараф кард. Вақти асосӣ бо ҳисоби якранг (0:0) ба анҷом расид. Гарчанд дар қисмҳои иловагии бозӣ, аз ҷиҳати ҷисмонӣ монда шудани бозингарони ҳар ду даста баръало намоён буд, ҳисоби бозӣ ранги дигар нагирифт. Пирӯзӣ, ки барои дастаҳо хеле муҳим буд ва бояд як ҷамоа ба давраи чорякфинал роҳхат мегирифт, қисми пеналтӣ ба он даст дод. Бинобар таъкиди мутахассисон, пеналтӣ – мисли лотерея аст, ки дар он як хато барои на ин, ки футболбозон, балки ба даста таъсири нохуб дорад. Ва тавре ки маълум гардид, ин лотерея барои дастаи мо бебохт набуд. Албатта, ин футбол аст ва ҳама вақт баробари пирӯзӣ дар назди он мағлубият низ дида мешавад. Футболбозони мо ҳарчанд кӯшиш карданд, ки ғалабаро ба даст оваранд, вале омад даст надод. Дар натиҷа «соккеруз»-ҳо бо ҳисоби 4:2 пирӯзиро ба даст оварда, ба чорякфинал роҳхат гирифтанд.
Ҷоизи қайд аст, ки дар рӯзи аввали давраи ҳаштякфинали мусобиқа дастаи Урдун бо Ветнам вохӯрд. Дар ин сабқат, ки дар вақти асосӣ ва қисми иловагӣ бо ҳисоби 1:1 ба анҷом расид, ғолиб дар давраи пиналтӣ муайян шуд. Дар ин давра ветнамиҳо болодастӣ нишон дода, бо ҳисоби 4:2 пирӯз шуданд. Таиланд бозиро бо Чин ба ҳисоби 1:2 бохта, мусобиқаро тарк кард. Дар бозии сеюм Эрон бо Уммон рӯ ба рӯ шуд. Дар ин сабқати пуршиддат эрониҳо бо ҳисоби 2:0 ғолибиятро ба даст оварда, ба давраи чорякфинал роҳхат гирифтанд. Ҷопон бо Арабистони Саудӣ барои ба даст овардани роҳхати чорякфинал талош варзиданд. Дар ин бозии тезу тунд футболбозони Арабистони Саудӣ бо ҳисоби 0:1 шикаст хӯрданд. Пас аз ин бозӣ, гарчанд рақиби Чин дар давраи чорякфинал дастаи Эрон муайян гардида буд, Ҷопон бо ба даст овардани ғалаба дар чорякфинал бо Ветнам рӯ ба рӯ мешавад. Футболбозони дастаи Қирғизистон дар давраи ҳаштякфинал бо мизбонон – Аморати Муттаҳидаи Араб хеле хуб бозӣ карданд. Дар ин сабқати пуршиддат ҳарчанд қирғизистониҳо бозии хуб нишон доданд, голи сеюми мизбонон, ки дар дақиқаи 103-юми қисми иловагии бозӣ зада шуд, тақдири бозиро ҳал кард. Мизбонон бо ҳисоби 3:2 ғалабаро ба даст оварданд. Онҳо дар чорякфинал бо Австралия талош меварзанд.
Бояд гуфт, ки ғолибони бозии байни дастаҳои Куриёи Ҷанубӣ бо Баҳрайн ва Қатар бо Ироқ байни ҳамдигар дар чорякфинал бозӣ мекунанд.
М. ҚОДИРЗОДА.