ОМИЛИ ТАКМИЛЁБИИ САНЪАТИ САВТУ СУРУД

Қарори Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон, аз 27 июни соли 2018 «Дар бораи чораю тадбирҳои созмон додани фаъолияти Филармонияи давлатии Ӯзбекистон» бобати зиёд намудани савияи маънавии халқамон, такмил додани низоми тарбияи мусиқиву эстетикии авлоди наврас инчунин тарғиби санъати миллию классикӣ ва муосир аҳамияти ҷудогона дорад.

Суҳбати мо бо директори шуъбаи бухорогии Филармонияи давлатии Ӯзбекистон Рауф АВЕЗОВ асосан дар атрофи ҳамин масъала сурат гирифт.
– Муҳтарам Рауф Расулович, доир ба моҳияти қарори номбурда ҳарф мезадед.
– Гуфтан ҷоиз аст, ки Филармонияи давлатии Ӯзбекистон баъди ҳафтод сол бори дуюм ташкил меёбад. Маълум аст, ки дар Ӯзбекистон се равияи савту суруд: Фарғонаю Тошканд, Хоразм ва Бухоро амал мекунад. Мақсади асосии қарор аз рушду тарғиботи ҳамин се услуби сарояндагӣ иборат аст.
Ташкил додани пойгоҳи моддию техникӣ, ба дараҷаи кофӣ оммавӣ гардондани санъат, инкишоф додани ҳунарҳои мусиқию рақси миллӣ, классикию муосир, қонеъ гардондани  эҳтиёҷоти маънавии мардум ба савту суруд, фароҳам овардани шароити мусоид барои эҷодкорони соҳа, тарғиби комёбиҳои рақсу мусиқӣ дар Ӯзбекистон ва хориҷи он, бо намунаҳои беҳтарини асарҳои классикии миллӣ ва хориҷӣ таҳия намудани барномаҳои консертии филармонияи давлатӣ, тавассути корҳои мусиқию маърифатӣ, ташаккул додани инсони комил, тарбияи ахлоқию эстетикии аҳолӣ, дастгирӣ ва ҳавасмандгардонии ҷавонони боистеъдод, ба воситаи ВАО ва Интернет тарғиб намудани тамоми намунаҳои савту суруд, ноилшавӣ ба иштироки аҳолӣ дар чорабиниҳои консертӣ, такмил додани маҳорати касбӣ ва иқтидори бадеии ҷамоаҳои эҷодӣ ва иштироккунандагони он ва ғайра аз ҷумлаи онҳост.
– Идораи шумо, ки Иттиҳодияи эҷодии ҷамоаҳои бадеӣ ном дошту онро ҳоло Филармонияи давлатии вилояти Бухоро меноманд, кадом ҷамоаҳои эҷодиро дар худ муттаҳид намудааст?
– Таркиби Филармонияи давлатии вилояти Бухоро аз ансамблҳои рақсу суруди «Бухоро мавжлари», «Бухороча», «Бухоро гӯзаллари», ансамбли «Мавригӣ» ва гурӯҳи скрипканавозон иборат аст.
– Ин ҷо кадом санъаткорони шинохташуда фаъолият доранд?
– Балетмейстерон Ботур Рустамов, Лиля Муродова, Саломат Раҳмонова, роҳбари бадеӣ Убайдулло Ҳакимов, роҳбари мусиқӣ Содиқ Хӯҷаев, сарояндагон Нуриддин Абераев, Ёрқин Эшонқулов, Ҳамид Ашуров, раққосаҳо Зулола Туробова, Лолитта Асадова, Замира Аминова, Флура Ҳасанова, Мадина Мирзоева, Гулнора Баҳромова аз ин ҷумлаанд.
– Дар бораи вазифаҳои пешистодаатон чанд сухан мегуфтед.
– Тарғиботи рақсу сурудҳои миллии кишварамон, дар навбати аввал дастраси умум гардондани савту суруд ва рақсҳои ба худ хоси мардуми Бухоро, баҳраваргардонии меҳмонон ва сайёҳони хориҷӣ аз онҳо, ба роҳ мондани барномаҳои тамошобоби театрикунонидашуда барои эшон, ташкил намудани баромадҳо ба воситаи расонаҳои ахбори оммавӣ, дар амал татбиқ намудани супоришҳое, ки аз қарори таъкидёфта бармеоянд, аз ҷумлаи вазифаҳои аввалиндараҷаи моянд.
– Доир ба комёбии моҳҳои охир сухане чанд мегуфтед.
– Сафари эҷодии хориҷии ансамблҳоямон «Бухоро гӯзаллари» ва «Бухоро мавжлари» моҳҳои марту апрел дар мамлакатҳои Туркманистону Ветнам бомуваффақият гузашт.
Моҳи июн бошад, мувофиқи Барномаи «Деҳаи обод»-и ҳокимияти вилоят дар ҳамаи ноҳияҳои вилоят барномаҳои консертии ҷамоаҳои мо баргузор гардид.
Ҳангоми ташрифи Президенти Туркия Р. Эрдоғон ба Бухоро бо ҳамроҳии Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Ш. Мирзиёев низ ҷамоаҳои мо меҳмонони олимартабаро бо суруду рақсҳои дилнишини худ шод гардонда буданд. 
Ба қарибӣ нашриёти «Наврӯз»-и Тошканд китоби олими мусиқашиноси бухороӣ Файзулло Тӯраев «Мутрибот қалбидан учган наволар»-ро таҳти ҳомигии мо нашр кард, ки барои ҳаводорони санъат воқеаи муҳим аст.
– «Ғавчӯбҳо»-е, ки мардумро даҳсолаҳо аз савту таронаҳои миллиаш маҳрум кард, оё ба рушди анъанавии дузабонӣ (тоҷикию ӯзбекӣ) дар вилоят зарар нарасонд?
– Бешубҳа. Аҷиб аст, ки тайи солҳо дар ин бора воситаҳои ахбори оммавӣ низ «лаб во накарданд».
– Хушбахтона бо шарофати сиёсати оқилонаи Президент Шавкат Мирзиёев ин монеъгиҳо аз байн меравад.
– Бале. Боз дар барномаҳои консертии ҷамоаҳои ҳунариамон савту сурудҳои асили мардумии бухориён, таронаҳои «ширу шакар» танинандоз гардида дилҳоро ба ҷӯш меорад.
Боиси хушнудист, ки алоқаҳоямон бо ҳамсояҳоямон, аз ҷумла Тоҷикистон, эҳё мегардад. Як моҳ муқаддам мулоқоти мо бо роҳбари ансамбли идораи консертии «Базморо»-и Тоҷикистон Олимҷон Акрамов сурат гирифт, ки оиди нақшаҳои сафарҳои ҳунарӣ машварат намудем. Моҳҳои наздик онҳо амалӣ хоҳанд шуд.
– Чӣ  ниятҳо доред?
– Бо истифодабарӣ аз саҳнаҳои ватанию хориҷӣ тарғиб намудани санъати волои бухориён ва бо ҷозибаи нотакрори он ба даст овардани дили оламиён нияти олии мост. Зеро Саъдии бузург беҳуда нагуфтааст:
Ба даст овардани дунё 
ҳунар нест,
Якеро гар тавонӣ дил ба 
даст ор.

Амрулло АВЕЗОВ, 
хабарнигори «Овози тоҷик» дар вилояти Бухоро.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: