ОМИЛҲОИ ҶИНОЯТКОРӢ ЗИЁД АСТ

(Ному насаб иваз карда шудааст. Ҳар гуна монандӣ тасодуфист)

... Асадулло кордро, ки доимо дар зери болишташ меистод, гирифта ба узви дучоромадаи Алӣ сахт-сахт зад. Дар ин ҳолат ба чашми ӯ ҳеҷ чиз наменамуд. Алӣ ҳангоми ба ҳуш омадан оғӯштаи хун дар байни маргу ҳаёт қарор дошт, ки аз дард азоб мекашид.
Суди ноҳияи Ургути вилояти Самарқанд бино бар корҳои ҷиноӣ Асадулло Ҳамидовро аз рӯйи қисми 1-уми моддаи 25 ва 97-уми Кодекси ҷиноии Ҷумҳурии Ӯзбекистон айбдор дониста, 7 сол аз озодӣ маҳрум кард.
Ин муддат дунёро ба пуррагӣ дарк карда, ҳарфҳоро шинохта, ба навиштани «додо, оча» шурӯъ кардани як кӯдак баробар аст. А. Ҳамидов агар бачаи ҳафтсола дошта бошад, ӯ ҳангоми наврасӣ ба меҳри падараш мерасад. То он чӣ? Аз меҳру панди падар, баъзан қаҳри беозори ӯ низ дур мемонад. Ин муддати кам нест.
Дар асл воқеа чӣ гуна шуда буд? Сабаби аслии ҷиноят, омилҳои бавуҷудоии он чӣ гуна аст?

Ба воя расондани духтар осон нест, ҳифзи шаъни ӯ – аз он ҳам душвортар.

Дар ҳар кадом оилае, ки духтар таваллуд шавад, падару модар ӯро бо нияти нек тарбия мекунанд. Кӯшиш мекунанд, ки дар оянда ӯро ба ҷойи муносиб гусел кунанд.
Аз се фарзанди А. Ҳамидов низ дутояш духтар аст. Орзую ҳавасҳои онҳо низ беғубор аст. Бо ҳамсари худ дидани роҳати онҳо, бо рӯйи гарм оила барпо карданашонро мехоҳад. Шаъну номуси ӯро ҳифз кардан вазифаи падару модар аст. 
А. Файзиев як муддат бо А. Ҳамидов дӯстӣ карда, худро ба ӯ ҳамроз нишон дода, баъди чанд вақт байнашон «сардӣ» меафтад. Машрубот нӯшида, нопурсида, дарро накӯфта ба ин хонадон меомад, суханҳояш таҳқиромез буд, ба шаъни духтарони А. Ҳамидов суханҳои ношоиста мегуфт. Кор то ба дараҷае расид, ки ба сухани соҳибони хонавода гӯш надода, ба хобгоҳи духтарон даромада, онҳоро ҳақорат мекард. Чанд маротиба огоҳ карда бошанд ҳам, ба он эътибор намедод. 
Оё ба боварии аҳли як хонадон даромада, пас онро сӯиистеъмол карда, ҳаракатҳои ношоистаи худро хуб талқин намудан мумкин аст?
Ба тинҷӣ ва шаъни оила рахна андохтан кори инсон нест. Дар феълу атвори ӯ намоён шудани камбудиҳо оқибати носолимии муҳити иҷтимоӣ, тарбияи оилавӣ, беэътибории атрофиён мебошад.  Ҳангоми нороҳат кардани А. Файзиевро ба аъзои оилааш гуфтан, аз чунин ҳаракат огоҳ шудани ҳамсояҳо низ ҳеҷ кас ӯро танбеҳ надод. Ӯро ба миён гирифта, хато будани чунин корҳояшро нафаҳмонданд. Чунонки мегӯянд: «Як одати бад ҳам зиёд аст». Одатҳои бади ӯ рӯз ба рӯз зиёд шуданд.


Байни марг ва ҳаёт – як лаҳза

Ранги арақ сафед бошад ҳам, кораш сиёҳ аст, мегӯянд. Алӣ ҳам аз ҷумлаи «дилбастагони арақ» аст. Дар натиҷа худро ҳам, суханашро ҳам идора карда наметавонад. Рӯзи содиршавии ҷиноят ҳам ӯ дар ҳолати мастӣ буда ва ба иззати нафси соҳибони ин хона расида, худро назорат карда натавонистааст.
... 9 апрели соли 2018 соат тахминан 21:30. Ҳама бо кори худ банд аст. А. Ҳамидов мондашавии худро гуфта, ба хоб меравад.
Дере нагузашта, «шиноси дерина»-и ӯ боз аз дар ворид шуд. Соҳиби хона, ки аз чунин кор безор шуда буд, бо мақсади тарсондани ӯ корди зери болишташро гирифта ба А. Файзиев наздик шуд. Дар ин вақт ӯ садо баланд кард: «Баъди ним соат хонаи ту метаркад, Асадулло!» Баъд бо зӯрӣ хост, ки ба хона дарояд. Асадулло, ки аз ин одати бади ӯ монда шуда буд, аз бозуяш бо зӯрӣ кашида, бо ҷаҳл ба ҳар ҷойи мувофиқомадаи бадани Алӣ корд мезанад. Шаҳрванде, ки ҷаҳл чашмонашро кӯр карда буд, ба андозаи ба ҳаёти як инсон хавфовар ҷароҳат расонид.
Ваҷоҳати ӯро дида, зану фазандонаш ба байн медароянд. Ёрии таъҷилӣ ҷеғ заданд. Дар натиҷаи чорабиниҳои зудамал А. Файзиев зинда монд.

Ҷинояткор як нафар, аммо омилҳои ба ин кор маҷбуркунанда — зиёд

Баъд аз он пурсуҷӯ сар шуд. Кӣ айбдор аст? Сабаби ин кор пурсида шуд. А. Ҳамидов иқрор шуд, ки аз ин кори худ пушаймон аст. Ӯ «Ман барои шаъни духтаронам ин корро кардам» гуфта, худро сафед кард. 
Дуруст аст, ки ӯ ба куштани инсон саъй кард. Аммо халқ мегӯяд: «Қарс аз ду даст мебарояд» Ин кор ба сари худ содир нашудааст. Сабабгори он магар ду нафар нест? Фарзандони падаре, ки ҳафт соли умрашро дар маҳбас мегузаронад, оилаи ҳимоякардаи ӯ акнун ба кӣ вогузор карда шуд? Сабаби ҷинояткорӣ ҳифзи шаъни оила буд-ку.  
Дурии Асадулло, фарзандонро ҳимоя карда натавонистани ӯ ба ҳисоб гирифта шавад, ба афроде мисли Алӣ, ки ба хонадони каси дигар бо зӯрӣ даромаданӣ шуда, онҳоро ҳақорат карда, аз рӯйи донисти худ кор бурданӣ мешаванд, оё роҳ кушода намешавад?
Қадри инсон азиз аст. Бехатарӣ, ҳуқуқ ва манфиатҳои ӯ, арз накунад ҳам, дар ҳимояи давлат аст. Модоме ки чунин аст, ҳангоми омӯхтани сабабҳои сарзании ҳар як ҷиноят пеш аз айбдор кардани нафаре ҳуқуқи ин шаҳрвандро низ ҳимоя кардан муҳим аст.
Ҳеҷ кас аз модар ҷинояткор таваллуд намешавад. Сабабҳои ба чунин корҳо даст задани ӯ муайян карда шавад, кофист. Танҳо дар чунин ҳолат барои коҳиш ёфтани ҷиноят ва ҷинояткорон ҳаракати пурсамар кардан мумкин.

Барно МЕЛИҚУЛОВА,
мухбири ӮзА. 

 

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: