Навъе ба мо маълум, соли равон дар мамлакатамон Соли ҷавонон ва дастгирии тиҷорат эълон шудааст. Қисми муайяни аҳолии диёри моро ҷавонон ташкил медиҳанд. Ғайр аз ин тиҷорат, ки маънои васеъ ва соҳаҳои гуногун дорад, дар мустаҳкамсозии пояҳои иқтисодӣ нақши босазо дорад. Дар таҳкиму равнақи иқтисодӣ бошад, ҷавонон ҳамчун қувваи пурзӯр фаъолнокӣ нишон медиҳанд, ба ҳарҷониба тавоноӣ касб намудани кишвари рӯ ба тараққиашон саҳми муносиб мегузоранд.
Барномаи давлатии «Соли ҷавонон ва дастгирии тиҷорат» ба боз ҳам баланд бардоштани нақши ҷавонон дар равнақи иқтисодию иҷтимоии кишвар ва ривоҷ додани соҳибкорӣ нигаронида шудааст.
Дар ибтидои соли равон роҳбари давлати мо ҷамъомади видеоселекторӣ гузаронд. Дар он вазифаҳои устувор оиди таъмини барқарории макроиқтисодӣ ва равнақи иқтисодӣ дар соли 2024 муайян ва дар ин самт масъалаҳои дахлнок мавриди муҳокима қарор дода шуданд. Маълум, ки дучороии тамоми ҷаҳон ба пандемия, минҷумла, ба мамлакати мо паҳншавии вируси тоҷдор дар солҳои 2020-2021 ба бисёр соҳаҳо таъсири номатлуби худро гузошта бошад, зарари он қабл аз ҳама ба иқтисодиёт расид. Ногуворӣ дар соҳа то андозае дар соли 2022 низ ҳис гашт. Бинобар андешидани чораҳои таъҷилӣ танҳо дар соли 2023 як дараҷа пешравиҳо ба чашм расид – сабзиши иқтисодӣ дар мамлакат 6 фоизро ташкил намуд. Аз ҷумла, саноат – 6, хидматрасонӣ 6,8, сохтмон – 6,4, кишоварзӣ бошад 4,1 фоиз афзуд.
Дар соли 2024 мамлакат марра ва нақшаҳои боз ҳам баландтарро назди худ гузошт. Мақсади ниҳоӣ – камаш 6 фоиз афзун гардондани ҳаҷми маҳсулоти дохилӣ, ки бояд тақрибан 100 миллиард доллар арзиш дошта бошад.
Роҳбари давлат вазифа гузошт барои даст ёфтан ба самаранокии иқтисодӣ бояд қувваҳои корӣ муттаҳид карда шаванд. Ба ин кор, дар навбати аввал, ходимони маҷмӯъҳои иқтисодӣ масъуланд. Президент гуфт соли 2024 бояд соли кам кардани арзиши аслӣ ва самаранокӣ бошад. Ба харҷҳои барзиёд, мутеъӣ ба импорт роҳ гузошта нашавад. Ҳамоҳангсозии харидҳо ва логистика – яке аз вазифаҳои ҳаллашон таъхирнопазир. Дигар, муваффақият ва нокомии бисёр корҳои иқтисодиёт ба энергия вобаста мебошанд. Аз ин рӯ, тавассути рақамисозӣ захираҳои энергетикӣ бояд сарфа карда шаванд. Агар арзиши аслӣ 15 фоиз коҳиш ёбад, ба комёбиҳо дар ришта бештар умед бастан мумкин.
Маълум, ки иқтисодиёт – ин моддиёт, бо ифодаи дигар маблағ ё молия аст, мустаҳкам будани интизоми молиявӣ низ омили муҳими пешравиҳост.
Дар соли 2023 баробари муваффақиятҳо норасоиҳо низ ба назар расиданд. Аз ҷумла, аз ҷониби корхонаҳои давлатӣ аз рӯи пардохтҳои дивидендӣ ва андоз ба буҷа маблағе, ки чашмдор будем, наафтод. Маълум гашт дар вилоятҳои Хоразм, Бухоро ва Қашқадарё вориди андоз ҳатто ба 7 фоиз нарасидааст. Масъалаи дардноки дигар – рӯнамоии иқтисодиёти пӯшида (хуфиёна). Таҳлилҳо нишон медиҳанд қисми муайяни гардишҳо хусусан дар соҳаҳои хидматрасонӣ, сохтмон ва саноат аз назар пинҳон монда, ба рақобати солиму пешравии иқтисодӣ, рӯй додани ҳар гуна ҳолатҳои номатлуб ва ҳатто ҷиноятҳои молиявӣ сабаб мешаванд. Дар ин самт чораҳо андешида мешаванд. 14 идора алайҳи иқтисодиёти хуфиёна ва ҷиноятҳои иқтисодӣ мубориза мебарад. Бо мақсади ҳамоҳангсозӣ ва боз ҳам пурзӯрнамоии корҳои мақсаднок ваколатҳои Департаменти мубориза алайҳи ҷиноятҳои иқтисодии назди Сарпрокуратураи ҷумҳурӣ боз васеътар карда шудааст. Департамент ба воситаҳои техникӣ ва мутахассисони соҳибмалака таъмин аст. Дар ҳузури он Маркази илмӣ-таҳлилӣ ва таълимӣ низ кушода шудааст.
Пештар дар ҷамъомадҳо асосан дар бораи комёбиҳо ҳарф мезаданд. Чунин воменамуд дар кадом соҳае набошад, хусусан дар соҳаи иқтисодиёт кулли корҳо табъи дил, бо маром пеш меравем, дараҷаи зиндагии мардуми мо беҳтар мегардад. Вале аз хусуси ночорҳо сухан ба миён намеомад. Мисле дуздиву коррупсия дар иқтисодиёт ба назар намерасад ва ҳоказо. Имрӯз чизе, ки воқеист, ба забон оварда мешавад.
Хабардор шудем, ки дар соли 2023 дар буҷа 1,2 триллион сӯмина харҷҳои зиёдатӣ, айни замон, 200 миллиард сӯмина камомаду дуздӣ ба мушоҳида расидааст. Алалхусус дар соҳаҳои тандурустӣ ва кишоварзӣ маблағҳое, ки ба барнома дароварда шудаанд, азхуд нагаштаанд.
Яке аз доғҳои ҷамъияти мо – беасос маош ё мукофот гирифтани ашхосе, ки дар асл кор намекунанд. Ин гуна ҳолати ногувор соли гузашта дар соҳаи иқтисодиёт ҳам ба чашм бархӯрд.
Аз ин гуна ҳолатҳо хулоса бароварда, дар соли 2024 дар назди масъулони назорати молиявӣ, хоссатан департаменти зикршуда вазифа гузошта шудааст алайҳи каҷдастон муборизаро боз ҳам пурзӯр намоянд.
Соли равон бояд аз буҷа ҷамъ 313 триллион сӯм харҷ гардад. Дуруст сарф карда шудани маблағи буҷа, ки айни замон пули халқ аст, бояд қатъӣ ба назорат гирифта шавад.
Даҳ моҳи аввали соли равон низ ба охир расид. Вазъи иқтисодии мамлакат чӣ тавр аст? Пешравиҳо назар ба порсола эҳсосшавандаанд?
Мутахассис ва экспертҳои маҳалливу хориҷӣ мегӯянд соли 2024 барои иқтисодиёти Ӯзбекистон соли қулай ва бобарор омад. Фаъолнокии соҳибкориву сармоявӣ ба динамикаи суръатнок такон мебахшад. Аз маълумотҳои Агентии статистикӣ бармеояд агар дар шашмоҳаи аввали соли гузашта афзоиши ҳаҷми маҳсулоти умумии дохилӣ 6,2 фоизро ташкил карда бошад, нимсолаи аввали соли равон нишондиҳанда ба 6,4 фоиз расид. Дар моҳҳои январ-июн ҳаҷми сармояҳо ба капитали асосӣ 37 фоиз боло рафтааст (ҳаҷми сармояҳои марказонидашуда бошад – 39 фоиз афзуд).
Имрӯз, назар ба мушоҳидоти мутахассисони соҳа, воридшавии бевоситаи сармояи хориҷӣ то андозае суръат гирифтааст, ки ин аломати пешравиҳост.
Баъди чанде соли равон низ ба поён мерасад ва суръати сабзиши иқтисодӣ дар давоми соли 2024 дақиқ мегардад. Вале аз ҳоло маълум, ки дар ҳамаи соҳаҳои иқтисодӣ пешравиҳо ба назар мерасанд. Дар кишоварзӣ баробари дигар соҳаҳо ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти чорво боло меравад, хоҷагии ҷангал ва моҳипарварӣ ба комёбиҳои назаррас даст меёбад. Хусусан истеҳсоли маҳсулоти сохтмон назар ба ҳамин давраи соли гузашта наздик якуним баробар боло рафтааст. Сохтмон ва бунёдкориҳо ҳамон дар авҷ ва симои Ӯзбекистони Нав дар соли 2024 куллан тағйир ёфт. Фаъолияти хидматрасонӣ, айни замон, қонеъкунанда. Навъе аз идораи Маркази тадқиқоту ислоҳоти иқтисодӣ маълум менамоянд, соҳаҳои ахбору робита, таълим ва тандурустӣ бештар ба пешравӣ ноил мешаванд. Экспорти маводҳои сӯзишвориву энергетикӣ, маҳсулоти саноат, кимё ва озуқаворӣ ба пештар воридшавии капитал мусоидат месозад.
Воқеан, дар Стратегияи «Ӯзбекистон – 2030» ба зарурияти иштироки фаъолонаи насли ҷавон дар ҷараёни модернизатсияи ҷамъият ишораҳо мавҷуд. Алъон шоҳиди он мегардем ҳаракот ба рушди салоҳияти илмии онҳо самара мебахшад. Барномаҳои таълимии наве ҷорӣ карда мешаванд, ки дар навбати аввал ба ташаккул додани малакаи иқтисодии онҳо нигаронида шудаанд, то онҳо дар идоракунии иқтисодиёти замонавӣ ва соҳибкорӣ ба душворӣ дучор наоянд. Дар соли 2024 чанде минтақаҳои хурди саноатӣ кушода шуданд, ки имкон медиҳанд ҷавонон лоиҳаҳои соҳибкориашонро ба амал татбиқ намоянд. Ин гуна ташаббусҳо натанҳо ҷавононро ба соҳибкорӣ ҷалб менамоянд, ҳамчунин имконият фароҳам меоваранд, ки ҷойҳои нави корӣ офарида шаванд. Амалигардии лоиҳаҳои иҷтимоию маданиашон бошад имкон медиҳад ҷавонон баробари истеҳсолот дар арсаи эҷод ва маърифату маданият худро нишон диҳанд.
Умуман ташаббусҳое, ки дар соҳаҳои гуногун мавриди дастгирианд, дар кори ноил шудан ба иқтисодиёти қудратнок ва беҳсозии ҳаёти аҳолӣ омили муҳим мебошанд.
М. ШОДИЕВ.