ОМИЛҲОИ ТАҒЙИРЁБИИ ИҚЛИМ АЗ ЧИҲО ИБОРАТАНД?

Ҷавоби ин савол ва саволҳои марбут ба муҳити зист дар конфронси байналмилалӣ баррасӣ гардид, ки таҳти унвони “Масъалаҳои актуалии гидрометеорология, тағйирёбии иқлим ва мониторинги муҳити зист” дар шаҳри Тошканд баргузор гардид.

Ҷавоби ин савол ва саволҳои марбут ба муҳити зист дар конфронси байналмилалӣ баррасӣ гардид, ки таҳти унвони “Масъалаҳои актуалии гидрометеорология, тағйирёбии иқлим ва мониторинги муҳити зист” дар шаҳри Тошканд баргузор гардид. Анҷумани мазкур ба 100-солагии таъсиси Маркази хадамоти гидрометеорологияи Ҷумҳурии Ӯзбекистон бахшида шуд.
Дар он намояндагони созмонҳои бонуфузи ҷаҳонӣ, олимону мутахассисони соҳаи обуҳавосанҷӣ, экология, захираҳои об ва амсоли он аз соири кишварҳои Осиёи Марказӣ ва як қатор давлатҳои узви Иттиҳоди Давлатҳои Муштаракулманофеъ, ҳамчунин Исроил, Япония ва Туркия ширкат намуданд. Конфронс ба далели пахши пандемия дар шакли онлайнӣ баргузор гардид. 
Мушовири Сарвазири Ҷумҳурии Ӯзбекистон Олимҷон Умаров таъкид намуд, ки масъалаҳои таҳти назари ин конфронс натанҳо барои кишвари мо, балки барои кишварҳои Осиёи Марказӣ низ басо муҳим ва актуалӣ мебошад. 
 Директори генералии Ӯзгидромет Шерзод Ҳабибуллоев дар бораи таърихи 100-солаи он, ислоҳот дар ин самт ва дурнамои вазифаҳо маълумоти мухтасар дода, зикр намуд, ин ниҳод дар кишварамон ягона мақоми давлатӣ муаррифӣ шудааст, ки куллан ваколатдор аст масъалаҳои соҳаи обуҳавосанҷиро баррасӣ ва ҳаллу фасл менамояд.
 – Фаъолияти Маркази обуҳавосанҷӣ татбиқи барномаҳоеро мадди назар дорад, ки ба баланд бардоштани некӯаҳволии шаҳрвандони кишвар нигаронида шудаанд. Ҳифзи ҳаёт ва моликияти инсон, назорат ва ҳифзи муҳити зист, рушди устувори иқтисодиву иҷтимоӣ, бехатарии аҳолии мамлакат ва иқтисодиёти он аз зумраи корҳое маҳсуб меёбанд, ки ба дӯши ин марказ вогузорӣ шудаанд, – гуфт Шерзод Ҳабибуллоев.
 Маълум шуд, ки самтҳои асосии фаъолияти Маркази обуҳавосанҷии Ӯзбекистон аз метеорология, агрометеорология, гидрометеорология, пешниҳоди маълумоти иқ-лимӣ, мониторинг кардани ҳодисаҳои хатарнок, ба таври мисол дастгирии гидрометеорологии махсус барои кишоварзӣ, авиатсия, мудофиа ва дигар соҳаҳои иқтисодиёт иборат мебошанд.
– Маркази мо тавассути воситаҳои ахбори умум мунтазам ба аҳолии мамлакат дар бораи шароити обу ҳавои пешбинишуда ва ҷорӣ, ҳодисаҳои метеорологии табиӣ ва ифлосшавии муҳити зист маълумотҳои муҳим ва фасеҳ ироа мекунад ва онҳоро дар ҷараён мегузорад, – гуфт Шерзод Ҳабибуллоев.
– Танҳо дар соли 2020 мо  ба насби 50 истгоҳи автоматикии обу ҳаво ноил шудем ва ин истгоҳҳо кори моро боз ҳам осон хоҳанд кард, – иброз дошт директори маркази обуҳавосанҷии ҷумҳурӣ.
Яке аз ҷанбаҳои асосии кори маркази обуҳавосанҷиро мониторинг ташкил медиҳад. Дар ин росто мутасаддиёни соҳаи мазкур иброз доштанд, ки марказ ғайр аз он ки ифлосшавии ҳавои атмосфера, обҳои рӯизаминӣ (ин ҷо ҷӯйҳои табиӣ мадди назар мебошад)-ро назорат мекунад, ҳамчунин ба мониторинг намудани хок ва замин низ машғул мебошад. 
Он маълумотҳои ҷамъоваришуда, ки бар асари гузаронидани мониторинг ба даст омадаанд, аз ҷониби Кумитаи давлатии экология, Вазорати тандурустӣ, ҳокимиятҳои маҳаллӣ, васоити ахбори умум ва ташкилоту муассисаҳои дахлдор мавриди корбасту истифода қарор мегиранд.
Дар конфронс ба он нукта низ таъкид шуд, ки идораи обуҳавосанҷӣ барои анҷоми корҳои муттасил дар самти навсозии мониторинги ифлосшавии ҳаво аз технологияҳои наву замонавӣ ва воситаҳои IT ба таври фаровон истифода мебарад. Дар натиҷаи насби ду пойгоҳи замонавии автоматикии статсионарӣ оид ба ифлосшавии ҳаво ҳокимияти шаҳри Тошканд якҷо бо Хазинаи байналмилалии иҷтимоии “Замин”  мониторинг намудани миқдори моддаҳои хатарноки ифлоскунандаи атмосфераи пойтахтро шурӯъ намудааст.
Ногуфта намонад, ки бо Фармони Президенти мамлакат ва қарори Девони Вазирони ҷумҳурӣ дар соли 2019 корҳои сохтмонӣ, бозсозӣ ва тармими биноҳо ва иншооти идораи обуҳавосанҷӣ шурӯъ шудааст ва соли оянда он ба анҷом хоҳад расид. 
 Эркин Абдулаҳадов, докторанти маркази обуҳавосанҷии ҷумҳурӣ изҳор кард, ки анҷоми корҳои зиёд марбут ба он аст, ки истгоҳҳои обуҳавосанҷӣ то чӣ андоза ҷавобгӯи давру замон сохтаву муҷаҳҳаз шудаанд.
– Шурӯъ аз соли равон то охири соли 2022 шумораи истгоҳҳои обуҳавосанҷӣ аз 70 то 89, истгоҳҳо ва посгоҳҳои гидрологӣ аз 134 то 145, истгоҳҳои тармафароии барфӣ аз 3 то 8, истгоҳҳои ҳавошиносии авиатсионӣ аз 12 то 14, посҳои агрометеорологӣ аз 33 то 455 ва радарҳои обуҳавошиносӣ аз 3 то 7 афзоиш дода мешавад. Ин нукта чунин маъноро касб менамояд, ки идораи обуҳавосанҷӣ сад фоиз такмил меёбад ва оҳиста-оҳиста аз имконияту шароити хеле хуб бархурдор мегардад, – мегӯяд Эркин Абдулаҳадов.
Иштирокчиёни конфаронс доир ба ҳамаи маърӯзаҳое, ки бархе аз он аз тариқи онлайн сурат гирифт, ибрози фикру ақида намуданд. Гуфта шуд, ки тағйирёбии иқлим бо чандин омилҳо вобаста аст ва дар ин росто коре наметавон кард, ки дар парокандагӣ аз дигаргуншавии иқлим ҷилавгирӣ намуд.

Мирасрор АҲРОРОВ,
мухбири “Овози тоҷик”.  

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: