Омодагӣ ба бозиҳои варзишии олимпии Осиё

Ба наздикӣ дар Сарассамблеяи шӯрои олимпии Осиё, ки дар шаҳри Маскати Салтанати Уммон бургузор шуд, расман эълон гардид, ки соли 2025 дар Тошканд байни ҷавонон бозиҳои варзишии олимпии Осиё сурат хоҳад гирифт.

Дар ин сабқати бонуфуз ҷавонон аз 45 давлати қитъаи Осиё бино ба 20 намуди варзиш зӯрозмоӣ мекунанд. Дар мусобиқа иштироки беш аз 5000 нафар меҳмон пешбинӣ шудааст.
Корҳои омодагӣ ба мусобиқа оғоз ёфтаанд. Ҳоло дар ҳудуди хушманзараи ноҳияи Бӯстонлиқи вилояти Тошканд рӯйи бунёди маҷмаъи бузург — Маркази омодагирии олимпӣ, ки дар як вақт бояд чанд ҷамоаи мунтахабро қабул карда тавонад, кор бурда мешавад. 
Маркази мазкур, ки дар бараш беш аз 400 нафарро гунҷонда метавонад, бо таҷҳизоти замонавии варзишӣ ҷиҳозонида хоҳад шуд.
Ин масъалаҳо дар нишасти матбуотие, ки бахшида ба ҷамъбасти солонаи соли 2020-и Кумитаи миллии олимпӣ баргузор шуд, ҳамаҷониба мавриди муҳокима қарор гирифтанд.

Ҳасан АБДУНАЗАРОВ.      

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: