Ҷамъомади навбатии кормандони дастгоҳи ҳокимияти вилояти Навоӣ таҳти раисии ҳокими вилоят Нормат Турсунов баргузор гардид.
Дар ҷамъомад 5 масъала муҳокима гардид, ки байни онҳо таҳлили омодагии муассиса ва ташкилотҳои таълимӣ ба соли нави хониш низ буд. Зикр гардид, ки дар ҳудуди вилоят 1435 муассисаи таълимии томактабӣ, 375 мактаби таълими ҳамагонӣ, 3 мактаби хусусӣ ва 25 муассисаи касбу ҳунар фаъолият доранд.
Дар ҷамъомад масоили омодагии муассисаҳои таълимӣ ба соли нави хониш ва вазифаҳои минбаъдаи соҳа муҳокима ва таҳлил гардид. Ҳокимони ноҳия ва шаҳрҳо доири корҳои иҷрогардида ва вазифаҳои минбаъда маълумот доданд.
Ба ҷонишинони ҳокимон ва шахсони масъул супориш дода шуд, ки камбудиҳои соҳаи таълимро ба зудӣ бартараф созанд. Муассисаҳои таълимии вилоят бо сӯзишворӣ таъмин гардида, барои гузаронидани фасли сармо омодаанд.
Барои таъмир ва таҷҳизонидани 72 мактаби вилоят 3 миллиард сӯм маблағ ҷудо карда шудааст.
Ӯзбакбойи РАҲМОН,
хабарнигори
«Овози тоҷик».
Вилояти НАВОӢ.